Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2023, № 544 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, № 647"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

Ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, № 647 "Оид ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) ба банди 3 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Хизматчиёни давлатии тибқи хулосаи комиссияи аттестатсионӣ аз мансаб озодгардида метавонанд дар озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии категорияи пасттар (ишғолкунандагони мансабҳои категорияҳои ҳафтум барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии категорияи ҳафтум) баъди гузаштани шаш моҳи тақвимӣ иштирок намоянд.";

2) дар сархати чоруми банди 4 пас аз калимаҳои "дар асоси" калимаҳои "натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ ё" илова карда шаванд;

3) дар банди 11:

- дар сархати шашум калимаи "суҳбат" ба калимаҳои "санҷиши пешакӣ - навиштани иншо, эссе, кори хаттӣ, диктант ё санҷиши тестӣ (минбаъд - санҷиши пешакӣ)" иваз карда шаванд;

- сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- гузарондани санҷиши пешакӣ;";

4) ба банди 14 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Комиссияи озмун дар сохторҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки шумораи воҳидҳои кории хизматчиёни давлатии онҳо то 15 нафарро ташкил дода, роҳбарони онҳо ҳуқуқи таъини хизматчиёни давлатиро доранд, ташкил карда намешавад ва озмунҳо мувофиқан дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор гузаронда мешаванд.";

5) дар банди 21:

- дар сархати якум калимаҳои "ва гузаронидани" ба калимаҳои ", гузаронидани санҷиши пешакӣ ва" иваз карда шаванд;

- дар сархати дуюм калимаи "суҳбат" ба калимаҳои "санҷиши пешакӣ" иваз карда шавад;

...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в указ Президента Республики Таджикистан от 10 марта 2016 года, №647

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:

Внести в Положение о порядке проведения конкурса на замещение вакантных административных должностей государственной службы, утвержденное указом Президента Республики Таджикистан от 10 марта 2016 года, №647 "О Положении о порядке проведения конкурса на замещение вакантных административных должностей государственной службы", следующие изменения и дополнения:

1) пункт 3 дополнить вторым предложением следующего содержания: "Государственные служащие, освобождённые от занимаемой должности согласно заключению аттестационной комиссии, могут принять участие в конкурсах на замещение вакантных административных должностей низшей категории (лица, занимаемые должности седьмой категории для замещения вакантных административных должностей седьмой категории) после шести календарных месяцев.";

2) четвертый абзац пункта 4 после слов "на основании" дополнить словами "результата оценки деятельности государственного служащего или";

3) в пункте 11:

- в шестом абзаце слово "собеседование" заменить словами "предварительную проверку - написание сочинения, эссе, письменной работы, диктанта или тестирования (далее - предварительная проверка)";

- седьмой абзац изложить в следующей редакции:

"- проведение предварительной проверки;";

4) пункт 14 дополнить третьим предложением следующего содержания: "В структурах государственных органов и органов самоуправления поселков и сел со штатной численностью менее 15 государственных служащих, руководители которых имеют право на назначение государственных служащих, конкурсная комиссия не создается и конкурсы проводятся соответственно в соответствующих центральных органах государственной власти или местных исполнительных органах государственной власти.";

5) в пункте 21:

- в первый абзац после слов "рассмотрения документов" дополнить словами ", проведения предварительной проверки";

- во втором абзаце слово "собеседованию" заменить словами "к предварительной проверки";

- третий абзац исключить;

...