ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, № 647
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
Ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, № 647 "Оид ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд;
- дар банди 7 пайвандаки "ва" ба аломати "," иваз карда шуда, пас аз калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
- дар банди 15 пайвандаки "ё" ба аломати "," иваз карда шуда, пас аз калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ё Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд:
- дар банди 16 калимаҳои "бо овози машваратӣ" хориҷ ва ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори комиссияи озмуни мақомоти давлатӣ метавонад бо ҳуқуқи овоздиҳӣ иштирок намояд.";
- дар ҷумлаи сеюми банди 19 пас аз калимаи "довталабон" калимаҳои "Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон," илова карда шаванд;
- дар банди 31 калимаҳои "ба озмун" ба калимаҳои "ба суҳбат" иваз карда шаванд;
- дар банди 37 ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Аз натиҷаи суҳбат бо довталабон барои занон ва ҳамчунин мутахассисони ҷавоне, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо намуда, барои нахуст ба хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул мегарданд, се хол илова карда мешавад.";
- дар банди 38 калимаи "намояндаи" ба калимаҳои "намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" иваз карда шаванд"
- дар ҷумлаи панҷуми банди 39 калимаи "пасттари" ба калимаҳои "баробар ё пасттари" иваз карда шавад;
- дар банди 57 калимаи "намояндаи" ба калимаҳои "намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" иваз карда шаванд;
- банди 59 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"59. Барои риоя накардани талаботи Низомномаи мазкур шахсони масъули мақомоти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
19 апрели соли 2017 № 869
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений и дополнений в указ Президента Республики Таджикистан от 10 марта 2016 года, №647
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:
Внести в Положение о порядке и проведения конкурса на замещение вакантных административных должностей государственной службы, утвержденное указом Президента Республики Таджикистан от 10 марта 2016 года, №647 "О Положении о порядке проведения конкурса на замещение вакантных административных должностей государственной службы" следующие изменения и дополнения:
- в пункте 7 союз "и" заменить знаком "," и после слов "Правительства Республики Таджикистан" дополнить словами "и Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан";
- в пункте 15 союз "или" заменить знаком "," и после слов "Правительства Республики Таджикистан" знак "," исключить и дополнить словами "или Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан,";
- в пункте 16 слова "с правом совещательного голоса" исключить и дополнить новым предложением следующего содержания:
"Представитель Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан может участвовать в работе конкурсной комиссии государственного органа с правом голоса.";
- третье предложение пункта 19 после слова "кандидатами" дополнить словами "Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан"
- пункт 37 дополнить новым предложением следующего содержания:
"В государственных органах и органах самоуправления поселков и сел по результатам собеседования с кандидатами, для женщин, а также молодых специалистов, проходивших по призыву воинскую службу, при первом назначении в государственную службу прибавляется три балла.";
- в пункте 38 слово "представителем" заменить словами "представителями Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан,";
- в пятом предложении пункта 39 слово "ниже" заменить словами "равной или ниже";
- в пункте 57 слово "представителя" заменить словами "представителей Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан и";
- дополнить пунктом 59 следующего содержания:
"59. За неисполнение требований настоящего Положения ответственные лица государственных органов привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.".
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 19 апреля 2017 года, № 869