Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ аз 10 марти соли 2016 № 647

Санаи амалкуни: 01.04.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "10" марти соли 2016, № 647

тасдиқ шудааст

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "10" марти соли 2016, № 647

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

(Фармони Президенти ҶТ аз 19.04.2017 № 869, аз 18.02.2020 № 1458, аз 01.04.2023 № 544)

(Фармони Президенти ҶТ аз 19.04.2017 № 869, аз 18.02.2020 № 1458, аз 01.04.2023 № 544)

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (минбаъд - Низомнома) бо мақсади татбиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" таҳия гардида, қоидаҳои гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатиро танзим менамояд.

2. Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (минбаъд - озмун) ҷиҳати таъмиии баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - шаҳрвандон) ҳангоми дохил шудан ба хизмати давлатӣ, интихоби кадрҳои баландихтисосу қобилиятнок ба хизмати давлатӣ ва таъминн болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ гузаронида мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 18.02.2020 № 1458).

3. Дар озмун довталабоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки ба талаботи тахассусии мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ ва Низомномаи мазкур мувофиқат мекунанд. Хизматчиёни давлатии тибқи хулосаи комиссияи аттестатсионӣ аз мансаб озодгардида метавонанд дар озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии категорияи пасттар (ишғолкунандагони мансабҳои категорияҳои ҳафтум барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии категорияи ҳафтум) баъди гузаштани шаш моҳи тақвимӣ иштирок намоянд (Фармони Президенти ҶТ аз 01.04.2023 № 544).

4. Таъини хизматчиёни давлатии маъмурӣ ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ дар ҳолатҳои зерин бе озмун бо риояи талаботи тахассусӣ сурат мегирад:

- ҳангоми бо амру фармонҳо ва розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ таъин гардидан;

- барои мансабҳое, ки таъин ба онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти дуҷониба дорад (таъин бо гирифтани розигии хаттӣ);

...

Утверждено

указом Президента

 Республики Таджикистан

от 10 марта 2016 года, № 647

Утверждено

указом Президента

 Республики Таджикистан

от 10 марта 2016 года, № 647

ПОЛОЖЕНИЕ о порядке проведения конкурса на замещение вакантных административных должностей государственной службы

(в редакции Указа Президента РТ от 19.04.2017г.№869, от 18.02.2020 № 1458, от 01.04.2023 №544)

(в редакции Указа Президента РТ от 19.04.2017г.№869, от 18.02.2020 № 1458, от 01.04.2023 №544)

I. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о порядке проведения конкурса на замещение вакантных административных должностей государственной службы (далее - Положение) разработано с целью реализации статьи 18 Закона Республики Таджикистан "О государственной службе" и регулирует правила проведения конкурса на замещение вакантных административных должностей государственной службы.

2. Конкурс на замещение вакантных административных должностей государственной службы (далее - конкурс) проводится для обеспечения равноправия граждан Республики Таджикистан (далее -граждане) при поступлении на государственную службу, отборе высококвалифицированных и способных кадров на государственную службу и обеспечения карьерного роста государственных служащих (в редакции Указа Президента РТ от 18.02.2020 № 1458).

3. В конкурсе имеют право участвовать кандидаты, соответствующие квалификационным требованиям вакантной административной должности государственной службы и настоящего Положения.Государственные служащие, освобождённые от занимаемой должности согласно заключению аттестационной комиссии, могут принять участие в конкурсах на замещение вакантных административных должностей низшей категории (лица, занимаемые должности седьмой категории для замещения вакантных административных должностей седьмой категории) после шести календарных месяцев (в редакции Указа Президента РТ от 01.04.2023 №544).

4. Назначение административных государственных служащих на административные должности государственной службы вне конкурса с соблюдением квалификационных требований осуществляется в следующих случаях:

- при назначении на государственные должности государственной службы распоряжениями, указами или с согласия Президента Республики Таджикистан, распоряжениями и постановлениями Правительства Республики Таджикистан;

- для должностей, назначение на которые согласно законодательству Республики Таджикистан имеет двухстороннюю особенность (назначение по письменному согласию);

...