Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 107 "Дар бораи Хадамоти давлатии назорати танзим дар соҳаи нақлиёт"

Санаи амалкуни: 29.11.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

(банди 5 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.10.2010 № 527 аз эътибор соқит дониста шуд)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти давлатии назорати танзим дар соҳаи нақлиёт

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008 № 689, аз 02.08.2010 № 399, аз 02.10.2010 №527, аз 30.12.2010 № 668, аз 06.01.2015 № 2, аз 29.12.2017 № 596, аз 27.02.2020 № 125, аз 29.11.2022 № 568)

 

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи корхонаҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4)(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.08.2010 №399).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба миқдори 330 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз чумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 36 воҳид муқаррар карда шавад, ки аз он 262 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 36 воҳид ва 68 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси хадамот маблағгузорӣ карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2020 № 125, аз 29.11.2022 № 568).

3. Барои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт лимити автомашинаҳои хизматӣ ба миқдори 11 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ 4 адад муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории хароҷот барои нигаҳдории Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо тибқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида, анҷом дода шавад.

5. Банди 6 фасли 1 тартиби танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2003 № 342 "Дар бораи тасдиқи Тартиби танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"6. Мақоми назоратӣ ва танзими давлатии ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт буда, иҷрокунандаи ин Тартиб Ассотсиатсияи боркашонҳои байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон "АВВАТ" мебошад" (бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.10.2010 № 527 аз эътибор соқит дониста шуд).

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2001 № 252 "Дар бораи Инспексияи нақлиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Э. Раҳмонов

аз 3 марти соли 2007 № 107

ш. Душанбе

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной службе по надзору и регулированию в области транспорта

(в редакции Постановления Правительства РТ от 31.12.2008г.№689, от 2.08.2010г.№399, от 2.10.2010г. №527, от 30.12.2010г.№668, от 06.01.2015г. № 2, от 29.12.2017г.№596, от 27.02.2020г.№125, от 29.11.2022 №568)

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 30 ноября 2006 года №9 "О совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение, Структуру Центрального управления, Схему управления и Перечень предприятий Государственной службы по надзору и регулированию в области транспорта (Приложения 1,2,3 и 4).

2. Установить предельную численность работников Государственной службы по надзору и регулированию в области транспорта в количестве 330 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе центрального аппарата в количестве 36 единиц, из которых финансирование 262 единиц осуществляется за счет республиканского бюджета, в том числе 36 единиц центрального аппарата и 68 единиц за счет специальных средств службы (в редакции постановления Правительства РТ от 27.02.2020г.№125, от 29.11.2022 №568).

3. Установить лимит служебных автомашин для Государственной службы по надзору и регулированию в области транспорта в количестве 11 единиц, в том числе для Центрального аппарата 4 единицы.

4. Финансирование Государственной службы по надзору и регулированию в области транспорта осуществляется за счёт республиканского бюджета и иных средств в порядке, согласованных с Министерством финансов Республики Таджикистан.

5.  (Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 2.10.2010г. №527).

6. Признать утратившими силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 11 июня 2001 года №252 "О Транспортной инспекции при Министерстве транспорта Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                    Э. Рахмонов

от 3 марта 2007 года № 107

 г. Душанбе