Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, № 250 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр";
"Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе";
- сархати зерин хориҷ карда шавад:
"Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи "Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон".
2. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 30 майи соли 2015, № 363 "Дар бораи таъсиси Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи "Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон";
- аз 21 июли соли 2014, № 481 "Дар бораи Холиқов Р.И.".
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба қарори мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида таклиф пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 26 январи соли 2016 № 6
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О некоторых постановлениях Правительства Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьями 42 и 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в Перечень предприятий, учреждений и других организаций системы Министерства транспорта Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 6 мая 2011 года, №250, следующие изменения и дополнения:
- дополнить новыми абзацами следующего содержания:
"Открытое акционерное общество "Таджик Эйр";
"Открытое акционерное общество "Международный аэропорт Душанбе";
- исключить следующий абзац:
"Открытое акционерное холдинговое общество "Авиационная компания Таджикистана".
2. Признать утратившими силу следующие постановления Правительства Республики Таджикистан:
- от 30 мая 2015 года, №363 "О создании Открытого акционерного холдингового общества "Авиационная компания Таджикистана";
- от 21 июля 2014 года, №481 "О Холикове Р.И.".
3. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами в установленном порядке представить в Правительство Республики Таджикистан предложения по приведению нормативных правовых актов в соответствие с настоящим постановлением.
Председатель
Правительства Peспублики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 26 января 2016 года, № 6