Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Холиқов Р.И.
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон", моддаи 69 Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъияти саҳомӣ" ва бо мақсади таъмини идораи самараноки фаъолияти иқтисодию молиявии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик эйр", Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба ӯҳдаи Холиқов Рустам Исуфович директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ҳамзамон иҷрои ваколатҳои директории генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик эйр" вогузор карда шавад.
2.Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазоратҳои молия, нақлиёт, адлия, Кумитаи андоз, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор оид ба масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии вобаста ба азнавташкилдиҳию муттаҳидшавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик эйр", дар мӯҳлати ду моҳ тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов
аз 21 июли соли 2014, № 481
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Холикове Р.И.
В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьей 69 Закона Республики Таджикистан "Об акционерных обществах" и в целях обеспечения эффективного управления финансово - экономической деятельностью Открытого акционерного общества "Таджик Эйр", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Возложить на Халикова Рустама Исуфовича генерального директора Открытого акционерного общества "Международный аэропорт Душанбе" одновременно исполнение полномочий генерального директора Открытого акционерного общества "Таджик Эйр".
2. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан совместно с министерствами финансов, транспорта, юстиции, Налоговым комитетом, Антимонопольной службой при Правительстве Республики Таджикистан и другими соответствующими министерствами и ведомствами в двухмесячный срок представить в установленном порядке в Правительство Республики Таджикистан предложения по организационно-правовым вопросам реорганизации и объединения Открытого акционерного общества "Международный аэропорт Душанбе" с Открытым акционерным обществом "Таджик Эйр".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 21 июля 2014 года, № 481