Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2015, № 794
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2015, № 794
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020
1. Муқаддима
1. Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 (минбаъд - Барнома) дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 2 октябри соли 2010, № 499 "Дар бораи Консепсияи раҳнамоии касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 373 "Дар бораи Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор" таҳия гардидааст.
2. Барнома моҳиятан иҷтимоӣ буда, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат нақши муҳим дорад ва амалӣ гаштани он барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ, тақсимоти меҳнат, роҳандозии фаъолияти меҳнатии босамари одамон дар таносубҳои муайян байни соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти моддӣ ва маънавӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
3. Барнома таҷассумгари иқдоми пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатии шаҳрвандон, баробарии байни меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ, саноатӣ ва кишоварзӣ, таҷриба ва малакаи истеҳсолӣ, дониши умуминазариявӣ ва махсус, касбинтихобкунии ҷавонон, малакаю сифатҳои шахсии одамон ва рушди захираҳои меҳнатӣ мебошад.
4. Барнома чорабиниҳоро оид ба таъмини кафолати иҷтимоӣ дар интихоби озоди касб, шакли машғулият ва роҳҳои худамалисозии шахсият, мувозинати байни шавқу ҳавас ва касби интихобкардаи шахсият хусусиятҳои психофизиологии он ва имкониятҳои бозори меҳнат, қаноатмандии шахсият аз меҳнат ва ноилшавӣ ба мақоми шахсии иҷтимоӣ, амалисозии нерӯи фардӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва некӯаҳволии арзанда дар бар мегирад.
5. Барнома дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, арзишҳои миллию башарӣ, эҳёи дарки худшиносии таърихӣ, ҳуввият ва анъанаҳои миллӣ, дастовардҳои илмию техникӣ ва ғайра таҳия шудааст, Он имконият медиҳад, ки ислоҳоти системаи роҳнамоии касбӣ ва кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба интихоби касб таъмин гардад. Тавассути ин Барнома роҳнамоии касбии шаҳрвандон новобаста аз мансубияти миллӣ, нажодӣ, ирқӣ, динӣ, қавмӣ, ҷинсӣ, забонӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк таъмин мегардад.
2. Вазъи кунунии соҳа
6. Муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рушди низоми давлатии роҳнамоии касбӣ яке аз равандҳои асосии тараққиёти давлат ба ҳисоб рафта, он тамоми қаламрави ҷумҳуриро дар бар мегирад ва ба ҷавонон имконияти гуногуни хизматрасониро оид ба роҳнамоии касбӣ, таҳияи заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисонро таъмин менамояд.
7. Имрӯз дар дунё беш аз 40 ҳазор намуди касб мавҷуд аст. Баробари тараққиёти босуръати илму техника, иқтисоди бозаргонӣ, талаботи бозори - меҳнат ва пешравии ҷомеа 500 намуди касб аз байн рафта, ҳамзамон зиёда аз он касбҳои наву ҷавобгӯи талаботи давру замон ба миён меоянд. Оё ҷавонони имрӯза касбро аз рӯи хоҳиш ва қобилияти хеш интихоб мекунанд.
...