Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 № 801 "Дар бораи Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра"

Санаи амалкуни: 20.08.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433)

Мутобиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" бо мақсади беҳтар намудани сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра тасдиқ карда шавад (замимаи 1).

2. Ташкил, гузаронидан ва танзими раванди сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра ба зиммаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433).

3. Оид ба назорат ва муташаккилона баргузор намудани ҳаҷ, Комиссия таъсис ва ҳайати он тасдиқ карда шавад (замимаи 2).

4. Самтҳои фаъолияти Комиссия аз тарафи Раиси Комиссия муайян карда шавад.

5. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати риояи талаботи қарори мазкур тадбирҳои мушаххас андешанд.

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005, № 470 "Дар бораи ба тартиб даровардани гузаронидани ҳаҷ ва умра" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Таҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2015 № 802

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке поездки граждан для совершения хаджа и умры

(в редакции постановления Правительства РТ от 20.08.2018г.№433)

В соответствии со статьей 21 Закона Республики Таджикистан "О свободе совести и религиозных объединениях", статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" с целью улучшения поездок граждан для совершения хаджа и умры Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок поездки граждан для совершения хаджа и умры (приложение 1).

2. Организацию, проведение и регулирование процесса поездки граждан для совершения хаджа и умры возложить на Комитет по религии, упорядочения традиций, торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 20.08.2018г.№433).

3. Создать Комиссию по контролю и организованному проведению хаджа и утвердить её состав (приложение 2)

4. Направления деятельности Комиссии определяются Председателем Комиссии.

5. Соответствующим министерствам, ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять конкретные меры по соблюдению требований настоящего постановления.

6. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 декабря 2005 года, №470 "Об упорядочении проведения хаджа и умры".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 30 декабря 2015 года, № 802