ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, №590
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, № 590 «Дар бораи бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва сметаҳои хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби мақомоти молия» тағйироту иловаи зерин ворид карда шавад:
1) дар ном ва банди 1 калимаи «сметаҳои» ба калимаи «нақшаҳои» иваз карда шавад;
2) дар банди 3:
- дар муқаддима калимаи «сметаи» ба калимаи «нақшаи» иваз карда шавад;
- дар сархати якум пеш аз калимаи «Вазорати» калимаҳои «дастгоҳи марказии» илова карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаҳои «сарраёсатҳои молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо» ба калимаҳои «сарраёсатҳои Вазорати молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе» иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаҳои «раёсатҳои молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо» ба калимаҳои «раёсатҳои Вазорати молия дар шаҳру ноҳияҳо» иваз карда шаванд;
3) банди 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1) ҳангоми бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ вобаста ба муайян кардани таносуби байни шумораи мансабҳои давлатӣ муқаррароти Тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро ба асос гирад;
2) ҳангоми бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва нақшаи хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти давлатӣ, дар сурати ошкор гардидани фарқият дар музди меҳнат, тағйирот ворид намояд;
3) Дастурамал оид ба тартиби бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва нақшаи хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби мақомоти молияро таҳия ва тасдиқ карда, ба вазорату идораҳои дахлдор барои истифодабарии хизматӣ пешниҳод намояд.».
2. Ба Тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, № 590 «Дар бораи бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва сметаҳои хароҷоти нигаҳдории дастгоҳи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби мақомоти молия» тасдиқ гардидааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
1) дар тамоми матн калимаҳои «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадориҳо», «шӯъба», «Шӯъба», «шӯъбаи» ва «шӯъбаҳо» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳои», «уҳдадориҳо», «шуъба», «Шуъба», «шуъбаи» ва «шуъбаҳо» иваз карда шаванд;
2) банди 22 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«22. Таносуби байни шумораи мансабҳои давлатӣ дар сохтори мақомоти давлатӣ аз шумораи умумии воҳидҳои кории хизматчиёни давлатӣ (ба истиснои роҳбари аввал ва муовинони ӯ) чунин муайян карда мешавад:
- мансабҳои роҳбарикунандаи воҳидҳои сохторӣ (сардорони сарраёсат, раёсат ва муовинони онҳо, сардорон (мудирон)- и шуъба ва бахш) на зиёда аз 26 дарсад;
- мансаби сармутахассис на зиёда аз 35 дарсад;
- мансаби мутахассиси пешбар на зиёда аз 25 дарсад;
- мансаби мутахассис на зиёда аз 14 дарсад.»;
3) дар банди 26 калимаҳои «кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ» ва «сметаи» мувофиқан ба калимаҳои «хизматчиёни гражданӣ» ва «нақшаи» иваз карда шаванд;
4) дар бандҳои 28 ва 29 калимаҳои «кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонии» ба калимаҳои «хизматчиёни граждании» иваз карда шаванд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 майи соли 2025, № 262
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 25 сентября 2015 года, №590
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 25 сентября 2015 года, №590 «О регистрации финансовыми органами штатных расписаний государственных служащих и смет расходов на содержание аппаратов центральных исполнительных органов государственной власти, судебных органов и органов прокуратуры, местных исполнительных органов государственной власти» следующие изменения:
1) в названии части и пункте 1 слово «смет» заменить словом «планов»;
2) в пункте 3:
- в преамбуле слово «смет» заменить словом «планов»;
- в абзаце первом слово «Министерстве» заменить словами «центральном аппарате Министерства»;
- во абзаце втором слова «главных управлениях финансов Министерства финансов Республики Таджикистан в областях» заменить словами «главных управлениях Министерства финансов в Горно-Бадахшанской автономной области, областях и городе Душанбе»;
- в абзаце третьем слова «финансовых управлениях Министерства финансов Республики Таджикистан в городах и районах» заменить словами «управлениях Министерства финансов в городах и районах»;
3) пункт 5 изложить в следующей редакции:
«5. Министерству финансов Республики Таджикистан:
1) при регистрации штатных расписаний государственных служащих государственных органов в зависимости от определения соотношения между численностями государственных должностей, принять за основу положения Типового порядка формирования структурных подразделений аппарата и подведомственных подразделений центральных исполнительных органов государственной власти;
2) при регистрации штатных расписаний государственных служащих и сметы расходов на содержание аппаратов государственных органов вносить изменения в случае определения разницы по заработной плате;
3) разработать и утвердить Инструкцию о порядке регистрации финансовыми органами штатных расписаний государственных служащих и сметы расходов на содержание аппарата центральных исполнительных органов государственной власти, судебных органов и органов прокуратуры, местных исполнительных органов государственной власти и довести их до соответствующих министерств и ведомств для служебного пользования.».
2. Внести в Типовой порядок формирования структурных подразделений аппаратов и подведомственных подразделений центральных исполнительных органов государственной власти, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 25 сентября 2015 года, №590 «О регистрации финансовыми органами штатных расписаний государственных служащих и смет расходов на содержание аппаратов центральных исполнительных органов государственной власти, судебных органов и органов прокуратуры, местных исполнительных органов государственной власти», следующие изменения:
1) пункт 22 изложить в следующей редакции:
«22. Соотношение между численностями государственных должностей в структуре государственных органов от общей численности штатных единиц государственных служащих (за исключением первого руководителя и его заместителей) определяется следующим образом:
- руководящие должности структурных подразделений (начальников главных управлений, управлений и их заместителей, начальников (заведующих) отделов и секторов) не более 26 процентов;
- должности главного специалиста не более 35 процентов;
- должности ведущего специалиста не более 25 процентов;
- должности специалиста не более 14 процентов»;
2) в пункте 26 слова «работников технического и обслуживающего персонала» и «смет» соответственно заменить словами «гражданских служащих» и «планов»;
3) в пунктах 28 и 29 слова «работников технического и обслуживающего персонала» заменить словами «гражданских служащих».
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе, от 1 мая 2025 года, №262