Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2015 № 236 "Дар бораи Регламенти техникии бехатарии асбобҳое, ки бо сӯзишвории газмонанд кор мекунанд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Регламенти техникии бехатарии асбобҳое, ки бо сӯзишвории газмонанд кор мекунанд

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" ва моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Регламенти техникии бехатарии асбобҳое, ки бо сӯзишвории газмонанд кор мекунанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи Регламенти техникии мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Қарори мазкур баъд аз шаш моҳ аз рӯзи тасдиқи Регламенти техникии бехатарии асбобҳое, ки бо сӯзишвории газмонанд кор мекунанд, мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 апрели соли 2015 № 236

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Техническом регламенте безопасности аппаратов, работающих на газообразном топливе

В соответствии со статьёй 16 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьёй 8 Закона Республики Таджикистан "О техническом нормировании" и статьей 21 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Технический регламент безопасности аппаратов, работающих на газообразном топливе (прилагается).

2. Агентству по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Технического регламента.

3. Настоящее постановление ввести в действие по истечении шести месяцев со дня утверждения Технического регламента безопасности аппаратов, работающих на газообразном топливе.

Председатель

Правительства Республики  Таджикистан                                   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 27 апреля 2015 года, № 236