Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 апрели соли 2015, № 236
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 апрели соли 2015, № 236
тасдиқ шудааст
Регламенти техникии бехатарии асбобҳое, ки бо сӯзишвории газмонанд кор мекунанд
1. Муқаррароти умумӣ
1. Регламенти техникии бехатарии асбобҳое, ки бо сӯзишвории газмонанд кор мекунанд (минбаъд - Регламенти техникӣ) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" таҳия шуда, талаботи барои истифода ва иҷро ҳатмиро ба дастгоҳҳое, ки бо сӯзишвории газмонанд кор мекунанд, (минбаъд - таҷҳизоти газистифодашаванда) муқаррар менамояд.
2. Регламенти техникии мазкур талабот ба таҷҳизоти газистифодашавандаро бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва (ё) саломатии одамон, молу мулк, муҳити зист, ҳаёт ва (ё) саломатии ҳайвонот ва наботот, пешгирӣ намудани амалҳое, ки истеъмолкунандагонро (истифодабарандагонро) вобаста ба таъинот ва бехатарии он ба иштибоҳ меоранд, инчунин бо мақсади таъмини самаранокии энергетекӣ ва сарфаи манбаъҳо муқаррар менамояд.
2. Мафҳумҳои асосӣ
3. Дар Регламенти техникии мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ҳаводиҳии камераи сӯзиш - раванди тавассути ҳаво аз байн бурдани гази носӯхтаи мавҷуда дар камераи сӯзиши таҷҳизоти газистифодашаванда ва дудкашҳо, ҳангоми набудани интиқоли газ дар сархонаи сӯзиш, ҷой дорад;
- вақти барангезиш (даргирӣ) дар таҷҳизоти газсӯз - фосилаи вақт аз лаҳзаи интиқоли газ ба сархона то алангагирӣ ва паҳн шудани аланга дар ҳама сатҳи болоии таҷҳизоти газсӯз;
- роҳи газрав - қисми таҷҳизот байни ҷузъҳои асосии маҳкамшаванда ва сархона (сархонаҳо), ки газ интиқол мешавад ё дар он газ мавҷуд аст;
- сӯзишвории газмонанд - сӯзишворие, ки дар ҳарорати 15 С ва фишори атмосферии 101,325 кПа дар ҳолати газӣ мебошад;
...