Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013, № 339 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Хона-интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон"

Санаи амалкуни: 26.03.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.03.2015 № 161)

Мутобиқи моддаҳои 52, 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон" (барои 100 кат-ҷой) таъсис дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.03.2015 № 161).

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон"-ро, ҳал намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.03.2015 № 161) .

3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон"- ро дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.03.2015 № 161).

4. Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 102 "Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.03.2015 № 161).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 августи соли 2013, № 339

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании Государственного учреждения "Дом-интернат психоневрологических больных для взрослых в Бохтарском районе Хатлонской области"

(в редакции постановления Правительства РТ от 26.03.2015г. № 161)

В соответствии со статьями 52, 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Государственное учреждение "Республиканский центр реабилитации и постоянного проживания престарелых и инвалидов  в Бохтарском районе Хатлонской области" (на 100 коек-мест) (в редакции постановления Правительства РТ от 26.03.2015г. № 161).

2. Министерство здравоохранения  и социальной защиты населения Республики Таджикистан осуществить организационные и правовые вопросы Государственного учреждения "Дом-интернат психоневрологических больных для взрослых в Бохтарском районе Хатлонской области" (в редакции постановления Правительства РТ от 26.03.2015г. № 161).

3. Министерство здравоохранения  и социальной защиты населения Республики Таджикистан обеспечить финансирование Государственного учреждения "Дом-интернат психоневрологических больных для взрослых в Бохтарском районе Хатлонской области" ежегодно в пределах, предусмотренных денежных средств республиканского бюджета (в редакции постановления Правительства РТ от 26.03.2015г. № 161).

4. Перечень организаций системы Государственного агентства социальной защиты, занятости населения и миграции Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года, №102 "О Государственном агентстве социальной защиты, занятости населения и миграции", дополнить абзацем следующего содержания:

"-Государственное учреждение "Дом-интернат психоневрологических больных для взрослых в Бохтарском районе Хатлонской области".

Председатель

Правительства Pеспублики Таджикистан                         Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 3 августа 2013 года, № 339