Барномаи маҷмӯии паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 аз 28 феврали соли 2015 № 104

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 феврали соли 2015, № 104

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 феврали соли 2015, № 104

тасдиқ шудааст

Барномаи маҷмӯии паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017

1. Муқаддима

1. Барномаи маҷмӯии паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 (минбаъд - Барнома) дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011, № 277), Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 (қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2007, № 530) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" таҳия гардидааст.

2. Барномаи мазкур моҳиятан иҷтимоӣ буда, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 дар татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ нақши муҳим дошта, амалӣ намудани он барои мукаммал гардидани бозори меҳнат, ғанӣ гардонидани буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва паст намудани шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

3. Барномаи мазкур чорабиниҳо оид ба такмилдиҳии заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ ва бартараф намудани шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) ва паст кардани шиддати он, ташкили ҳамоҳангсозии фаъолияти идораҳои давлатӣ дар самти паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ), ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ба огоҳкунӣ ва пешгирии шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) равонагардида, таҳия ва амалисозии чорабиниҳо ҷиҳати иттилоотонии аҳолӣ аз таъсири манфии чунин намуди шуғл дар ҷомеа, таъмини интизоми устувор ва риояи тартиби андозсупориро дар бар мегирад.

4. Иқтисоди бозаргонӣ бо ҳама бартарият ва арзишҳои худ зуҳуроти манфиро низ меофарад, ки аз бисёр ҷиҳат ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат таъсир мерасонад, ки яке аз онҳо иқтисоди пинҳонӣ мебошад.

5. Набудани шумораи кифояи ҷойҳои корӣ ё ҷойҳои кории маошаш паст ба он оварда мерасонад, ки як қисми аҳолӣ истифодаи фаъолияти меҳнатии худро дар бахши ғайрирасмӣ - дар соҳибкорӣ ва фаъолияти инфиродӣ пайдо мекунанд. Аз рӯи маълумоти тадқиқоти қувваи кории соли 2009 гузаронидашуда, дар бахши ғайрирасмӣ 49 фоиз (428,6 ҳазор нафар) ва дар бахши расмӣ - 51 фоиз (446,1 ҳазор нафар) ба кор машғул буданд. Зиёда аз 77 фоизи аҳолии дар бахши ғайрирасмӣ машғул дар асоси фаъолияти инфиродӣ кор мекунанд.

6. Ба ғайр аз шуғли ғайрирасмӣ як қисми аҳолӣ дар бахши расмӣ бе бастани шартномаи меҳнатии хаттӣ ва ё бе ҳуқуқи истифодаи рухсатии меҳнатӣ, ё бе пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, яъне ба шуғли ғайрирасмӣ машғуланд, ки ин 42,0 ҳазор нафар ё 9,4 фоизи аҳолии дар бахши расмӣ машғулбударо ташкил медиҳад.

7. Асосан шуғли ғайрирасмӣ дар соҳаи савдо (95,3 фоиз), нақлиёт (70,8 фоиз) ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ (69,1 фоиз) бе назардошти соҳаи кишоварзӣ паҳн гаштааст. Теъдоди аҳолии ба шуғли ғайрирасмӣ ҷалбгардида аз ҳисоби мардон 60, 4 фоиз ва аз ҳисоби занон 39,6 фоизро ташкил карда, теъдоди ҷавонони (15-29 - сола) қобили меҳнат 69,1 фоизро ташкил медиҳад.

8. Дар минтақаҳо шуғли ғайрирасмӣ бештар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (57,2 фоиз), вилояти Суғд (55,5 фоиз) ва вилояти Хатлон (56,2 фоиз) паҳн гаштааст. Дар шаҳри Душанбе шуғли ғайрирасмӣ 48,2 фоиз ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 32,8 фоизро ташкил медиҳад.

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 28 февраля 2015 года, №104

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 28 февраля 2015 года, №104

Комплексная программа снижения уровня незарегистрированной (неформальной) занятости в Республике Таджикистан на 2015 - 2017 годы

1. Введение

1. Комплексная программа снижения уровня незарегистрированной (неформальной) занятости в Республике Таджикистан на 2015 - 2017 годы (далее - Программа) разработана в соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан", Государственной стратегии развития рынка труда Республики Таджикистан до 2020 года (постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 июня 2011 года, №277), Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2015 года (постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 28 июня 2007 года, №530) и Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах".

2. Данная Программа по сути является социальной и как неотъемлемая часть Государственной стратегии развития рынка труда Республики Таджикистан до 2020 года играет важную роль в реализации социальной политики государства и её реализация содействует совершенствованию рынка труда, обогащению бюджета социального страхования и снижению неформальной занятости в республике.

3. Данная Программа включает в себя мероприятия по усовершенствованию нормативно - правовой базы в сфере профилактики, выявления и предотвращения незарегистрированной (неформальной) занятости и снижения её напряженности, формированию координации действий государственных структур в сфере снижения уровня незарегистрированной (неформальной) занятости, организацию и проведению мероприятий, направленных на предупреждение и предотвращение незарегистрированной (неформальной) занятости, разработке и осуществлению мероприятий для информирования населения об отрицательном влиянии незарегистрированной (неформальной) занятости, обеспечению устойчивой дисциплины и соблюдению порядка налоговых платежей.

4. Рыночная экономика при всех своих преимуществах и ценностях порождает и негативные явления, в значительной мере влияющие на социально - экономическое развитие страны и одним из них является теневая экономика.

5. Отсутствие достаточного количества рабочих мест, или наличие низкооплачиваемых рабочих мест ведет к тому, что часть населения находит приложение своей трудовой деятельности в неформальном секторе - предпринимательстве и индивидуальной деятельности. По данным проведенного исследования рабочей силы 2009 года в неформальном секторе было занято 49% (428,6 тыс. человек), в формальном секторе 51% (446,1 тыс. человек). Более 77% населения занятого в неформальном секторе работают на индивидуальной основе.

6. Помимо неформального сектора часть населения занята в формальном секторе без письменного трудового договора или без права на трудовой отпуск, или без социальных выплат, то есть заняты неформально. Это составляет 42,0 тыс. человек или 9,4 процентов населения, занятого в формальном секторе.

7. В основном неформальная занятость распространена в сферах торговли (95,3% от числа занятых этим видом деятельности) и неправительственных организациях (69,1%) (без учёта сельскохозяйственной сферы). Численность населения, привлечённого к неформальной занятости из числа мужчин составляет 60,4% и из числа женщин - 39,6%, а число молодежи трудового возраста (15 - 29 лет) составляет 69,1%.

8. По регионам неформальная занятость больше распространена в районах республиканского подчинения (57,2%), Согдийской области (55,5%) и Хатлонской области (56,2%). В Душанбе неформальная занятость составляет 48,2%, в Горно-Бадахшанской автономной области -32,8%.

...