Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.04.2015 № 238)
Мутобиқи моддаи 6(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини иҷрои чорабиниҳои Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва баланд бардоштани сатҳи шуғл, таъсис додани бозори меҳнати фасеҳ, ҳифзшуда ва барои ҳама дастрас Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Барои таъмини ҳамоҳангӣ, назорати иҷрои вазифаҳо ва чорабиниҳои Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистои то соли 2020 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои роҳбарикунанда таъсис дода шавад. Ҳамоҳангсозии фаъолияти Шӯрои роҳбарикунанда ба зиммаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад .
3) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ доир ба ҳайат ва Низомномаи Шӯрои роҳбарикунанда лоиҳаи қарори дахлдорро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд .
4) Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳар сол дар мувофиқа бо Шӯрои роҳбарикунанда нақшаҳои соҳавӣ ва минтақавии татбиқи Стратегияи мазкурро таҳия намуда, оид ба иҷрои он ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намоянд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аэ 2 июни соли 2011 № 277
ш. Душанбе
Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020
Замимаи 1
Замимаи 2
Замимаи 3
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственной стратегии развития рынка труда Республики Таджикистан до 2020 года
(в редакции постановления Правительства РТ от 27.04.2015г. № 238)
В соответствии со статьей 6(1) Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" и в целях исполнения мероприятий Стратегии сокращения бедности Республики Таджикистан на период 2010-2012 годов. Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2015 года и повышения уровня занятости, создания гибкого, защищенного и доступного для всех рынка труда Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить Государственную стратегию развития рынка труда Республики Таджикистан до 2020 года (прилагается).
2) Для обеспечения координации, контроля выполнения задач и мероприятий Государственной стратегии развития рынка труда Республики Таджикистан до 2020 года создать Руководящий совет при Правительстве Республики Таджикистан. Координацию работы Руководящего совета возложить на Министра труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан
3) Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в двухмесячный срок представить на утверждение Правительства Республики Таджикистан соответствующий проект постановления по составу и Положению о Руководящем совете
4) Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения по согласованию с Руководящим советом ежегодно разрабатывать внутриведомственные и региональные планы по реализации задач данной Стратегии и представлять информацию по их исполнению в Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 2 июня 2011 года № 277
Г. Душанбе