Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Низомнома ва ҳайати Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3. Дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида шӯроҳои маҳаллии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода, низомнома ва ҳайати онҳо тасдиқ ва фаъолияти онҳо ба роҳ монда шавад.
4. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2011, № 682 "Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 485 "Дар бораи Шӯрои миллии тандурустии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2014 № 834
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании Национального координационного совета по вопросам зравоохранения и социальной защиты населения при Правительстве Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 16 Закона Республики Таджикистан "О системе органов государственного управления Республики Таджикистан" и статьёй 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать Национальный координационный совет по вопросам зравоохранения и социальной защиты населения при Правительстве Республики Таджикистан.
2. Утвердить Положение и состав Национального координационного совета по вопросам зравоохранения и социальной защиты населения при Правительстве Республики Таджикистан (приложения 1 и 2).
3. При местных исполнительных органах государственной власти в установленном порядке создать советы по зравоохранению и социальной защиты населения, утвердить их положения и состав, организовать их работу.
4. Признать утратившими силу следующие постановления Правительства Республики Таджикистан:
- постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 2011 года, №682 "О создании Координационного совета по вопросам социальной защиты инвалидов";
- постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 октября 2011 года, №485 "О Национальном совете по вопросам зравоохранения при Правительстве Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 31 декабря 2014 года, № 834