Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 № 485 "Дар бораи Шӯрои миллии тандурустии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 834 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Шӯрои миллии тандурустии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Шӯрои миллии тандурустии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2) Низомнома ва ҳайати Шӯрои миллии тандурустии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

3) Дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида шӯроҳои маҳаллии тандурустӣ таъсис дода шуда, низомнома ва ҳайати онҳо тасдиқ ва фаъолияти онҳо ба роҳ монда шавад.

4) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2003, № 579 "Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии тандурустии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 4 октябри соли 2011 № 485

 ш.Душанбе

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ от 31.12.2014г. № 834

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Национальном совете по здравоохранению при Правительстве Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 17 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Образовать Национальный совет по здравоохранению при Правительстве Республики Таджикистан.

2) Утвердить Положение о Национальном совете по здравоохранению при Правительстве Республики Таджикистан и его состав (приложения 1 и 2).

3) При местных исполнительных органах государственной власти в установленном порядке создать советы по здравоохранению, утвердить их положения и состав, организовать их работу.

4) Признать утратившим силу Постановление Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2003, №579 "Об образовании Национального совета по здравоохранению при Правительстве Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 4 октября 2011 года № 485

г. Душанбе