Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2014, № 834
Низомномаи Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 454)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Шӯро) мақоми машваратию маслиҳатӣ буда, бо мақсади таҳкими фаъолият дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамоҳанг намудани фаъолияти вазорату идораҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур, дарёфти роҳу усулҳои муассири амалигардонии сиёсат ва таҳияи пешниҳодҳо дар самти афзалиятноки соҳа таъсис дода шудааст.
2. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
3. Шӯро тибқи нақшае, ки Раиси он тасдиқ намудааст, фаъолият мекунад.
2. Мақсад ва вазифаҳои Шӯро
4. Мақсади асосии Шӯро аз ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мусоидат намудан дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иборат мебошад.
5. Вазифаҳои асосии Шӯро инҳо мебошанд:
- татбиқи стратегияҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии онҳо;
- амалӣ намудани сиёсати самарабахши ноилшавӣ ба саломатии ҳамагон, ки ба шарикии васеъ ба манфиати тандурустӣ асос ёфтааст;
- татбиқи Консепсияи иолоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- рушд, ҳолати сармоягузории давлатӣ ва такмили низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- таҳия, татбиқ ва самаранокии лоиҳаю барномахр дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии аҳолӣ;
- омӯзиши фаъолияти дигар созмонҳои ҷамъиятии (кумитаю комиссияҳо) марбут ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- баррасии масъалаҳои муҳими марбут ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кӯдакони ятиму бесаробон;
- мусоидат намудан ба ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ барои татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои ба беҳдошти вазъи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равонагардида;
- ташкил ва гузаронидани мониторинги фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳои маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кӯдакони ятиму бесаробон;
- дигар масъалаҳои муҳиме, ки ба саломатии аҳолӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ алоқаманд мебошанд.
3. Ҳуқуқҳои Шӯро
6. Шӯро барои татбиқи мақсаду вазифаҳои гузошташуда ҳуқуқ дорад:
- тибқи тартиби муқарраргардида аз сохторҳои мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалии муҳими Тоҷикистон маводро дархост ва истифода намояд;
- дар ҷаласаҳо, конференсияю машваратҳои сохторҳои мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иштирок кунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои иҷрои корҳои муайян ташкилоту муассисаҳо, мутахассисон ва олимонро ҷалб намояд;
- оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии аҳолӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намояд;
- фаъолияти вазорату идораҳо; ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалиро дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоҳанг намояд;
- масъалаҳои муҳими марбут ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кӯдакони ятиму бесаробонро баррасӣ намояд;
- ба ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ барои татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои ба беҳдошти вазъи аҳолии осебпазир равонагардида мусоидат намояд;
- мониторинги фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳои маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кӯдакони ятиму бесаробонро ташкил намояд;
- роҳбарони вазорату идораҳоро ба ҷаласаҳо даъват карда, иттилооти онҳоро оид ба корҳои анҷомдодашуда баррасӣ намояд;
- ба фаъолияти Шӯро мутахассисони вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои манфиатдорро, ки ба ҳайати Шӯро дохил нестанд, барои гузаронидани чорабиниҳое, ки аз вазифаҳои Шӯро бармеоянд, ҷалб намояд;
- оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми дахлдори давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ тибқи тартиби муқарраргардида тавсия ва пешниҳодҳо манзур намояд.
4. Ташкили фаъолияти Шӯро
7. Шакли асосии фаъолияти Шӯро ҷаласаи Шӯро мебошад. Ҷаласаи Шӯро дар шаш моҳ як маротиба гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ Шӯро метавонад ҷаласаҳои ғайринавбатии худро баргузор намояд.
8.Ҷаласаи Шӯроро Раиси он ё бо супориши ӯ муовини Раиси Шӯро раисӣ менамояд.
9. Ҷаласаи Шӯро дар сурати дар он иштирок доштани на камтар аз нисфи аъзои Шӯро салоҳиятнок ҳисобида мешавад. Қарори Шӯро бо овози аксари аъзои дар ҷаласа иштирокдошта қабул гардида, бо протоколи маҷлис ба расмият дароварда мешавад. Протоколи маҷлисро Раиси Шӯро ё шахси дар ҷаласа раисикунанда имзо менамояд.
10. Шӯро фаъолияти худро мунтазам дар воситаҳои ахбори умум инъикос менамояд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 сентябри соли 2019, № 454
тасдиқ шудааст
Ҳайати Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси шӯрои миллӣ - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа;
- муовини раиси шӯрои миллӣ - вазирн тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- котиби масъули шӯрои миллӣ - сармутахассиси раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аъзои шӯрои миллӣ:
- сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон .