Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014 № 739 "Дар бораи Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Маблағгузории Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ ва инчунин дигар маблағҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд амалӣ карда шавад.

3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 декабри соли 2014 № 739

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе организации труда и развития промышленного производства в исправительных учреждениях Республики Таджикистан на 2015-2020 годы

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу организации, труда и развития промышленного производства в исправительных учреждениях Республики Таджикистан на 2015-2020 годы (прилагается).

2. Финансирование настоящей Программы осуществить за счет средств Государственного бюджета, а также других средств, не противоречащих законодательству Республики Таджикистан.

3. Министерству юстиции Республики Таджикистан ежегодно представлять в Правительство Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения Программы организации труда и развития промышленного производства в исправительных учреждениях Республики Таджикистан на 2015-2020 годы.

4. Контроль за исполнением данного постановления возложить на Министерство юстиции Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Pecпублики Таджикистан                                   Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 1 декабря 2014 года, №739