Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 № 702 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарормекунад:

1. Ба боби 38 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172 тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: дар қисми 6:

- дар сархати сеюми зербанди 1 ва сархати чоруми зербанди 2 калимаи "сертификати" ба калимаҳои "талони муоинаи ҳатмии давлатии техникии" иваз карда шавад;

- сархати чоруми зербанди 1 хориҷ карда шавад;

қисми 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"9. Ронандагон-соҳибкорони инфиродӣ мустақиман тавассути иҷозатнома фаъолият менамоянд. Ронандагони корхонаҳо ва муассисаҳои нақлиётие, ки фаъолияти мусофиркашонӣ ё боркашониро таввассути воситаҳои нақлиёти мансуб ба моликияти ин муассиса ва ташкилот анҷом медиҳанд, инчунин ронандагоне, ки тибқи шартнома бо корхонаҳо ва муассисаҳои нақлиётии мазкур ҳамкорӣ менамоянд, дар асоси иҷозатномаи ин муассиса ва ё ташкилот фаъолият менамоянд.";

қисми 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"10. Фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки мусофирбарӣ ё боркашониро амалӣ менамоянд, тавассути варақаи назоратӣ, ки ҷузъи ҷудонашавандаи иҷозатномаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои фаъолияти нақлиётӣ буда, ба ҳар як воситаи нақлиёт ба мӯҳлати иҷозатнома ва бемузд дода мешавад, танзим мегардад.

Дар варақаи назорати силсила ва рақами иҷозатнома, номи иҷозатномадор, намуди фаъолият, мӯҳлати фаъолияти иҷозатномадор нишон дода шуда бо имзо ва мӯҳри роҳбари мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешавад. Тамға ва рақами давлатии воситаи нақлиёт дар варақа аз ҷониби иҷозатномадор нишон дода мешавад.";

қисми 11 хориҷ карда шавад.

2. Ба қисми 6 Низомномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 107 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар сархати дуюм пас аз калимаи "инчунин" калимаҳои "дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳҳои автомобилгард ташкили" илова карда шуда, калимаҳои "ва сайёр дар баромадгоҳҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ" хориҷ карда шаванд;

- сархати сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- гузаронидани санҷиши воситаҳои нақлиёт дар хатсайр, парвозҳо, терминалҳо, нуқтаҳои назоратӣ ҷиҳати риояи қонунгузории нақлиётӣ ва шарту талаботи иҷозатнома";

- аз сархати даҳум калимаи "автомобилӣ," хориҷ карда шавад;

- сархати ёздаҳум хориҷ карда шавад;

- дар сархати шонздаҳум баъд аз калимаи "ҳудуди" калимаи "ҳамшафати" илова карда шавад.

3. Ба Оинномаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, № 696 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар сархати якуми банди 8) калимаҳои "сертификати сифати воситаи нақлиёт, ки аз ташхиси техникӣ гузаштааст" ба калимаҳои "талони муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ" иваз карда шаванд;

- бандҳои 23) ва 25) хориҷ карда шаванд;

сархати якуми банди 43) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

- "-воситаи нақлиёти автомобилӣ дошта бошад, ки мувофиқи тартиби муқарраргашта ба қайд гирифта шуда, аз муоинаи техникӣ гузаштааст ва мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ ё давлатӣ барои иҷрои ҳамлу нақл тибқи иҷозатномаи додашуда, рухсатнома ё шартномаи ҳамлу нақл таҷҳизонида шудааст;";

- дар банди 306) пас аз калимаҳои "Вазората корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

- дар банди 409) пас аз калимаи "бидуни" калимаҳои "хулосаи комиссияи техникии назди Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шуда, калимаҳои "мувофиқаи дахлдор бо истеҳсолкунандаи техникаи нақлиёти автомобилӣ" хориҷ карда шаванд;

сархати чоруми банди 453) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

- нақшаи ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар роҳҳои автомобилгард;";

- дар банди 454) калимаҳои "Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт" ба калимаҳои "Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар матни Оиннома калимаҳои "Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

4. Ба Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, № 779 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- аз ҷумлаи якуми банди 6 Қоидаҳо калимаҳои "ва Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд;

- аз қисми 7 Қоидаҳо калимаҳои "дар мувофиқа бо Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд;

- дар матни Қоидаҳо калимаҳои "Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002, № 93 "Дар бораи Тартиби додани сертификати сифати техникаи автомобилӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 октябри соли 2014 № 702

ш. Душанбе