Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2014 № 586 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ"

Санаи амалкуни: 24.10.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.10.2016 № 433, аз 31.07.2018 № 364)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи аҳамияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи корхонаҳои Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ тасдиқкарда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ ба миқдори 61 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ ба миқдори 13 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 364).

3. Маблағгузории 25 воҳиди кории Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва 12 36 воҳиди корӣ, аз ҷумла 2 воҳиди кории дастгоҳи марказӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси бо тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида, инчунин аз ҳисоби хизматрасонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 0,15 фоиз аз ҳисоби ҳиссаҷудокунии меъёрҳои муқаррарнамудаи хароҷоти ғайричашмдошти иншооти сохтмонӣ анҷом дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.10.2016 № 433, аз 31.07.2018 № 364).

4. Ба Сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ иҷозат дода шавад, ки як муовин дошта бошад.

5. Ба дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ як адад меъёри автомашинаи сабукрави хизматӣ муқаррар карда шавад.

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 177 "Дар бораи Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

аз 4 сентябри соли 2014 № 586

ш. Душанбе