Низомномаи Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ аз 4 сентябри соли 2014 № 586

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 сентябри соли 2014, № 586

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ (минбаъд - Хадамот) мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, идоракунӣ ва назоратро дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ анҷом медиҳад. Ҳамчунин оид ба анҷомдиҳии назорати ташкилотҳо дар соҳаи сохтмон, ки мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ таъсис дода шудаанд, ваколатҳо дорад.

2. Хадамот дар Нақшаи идоракунии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

3. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

4. Хадамот фаъолияти худро мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом медиҳад.

2. ВАКОЛАТҲО

5. Хадамот ваколатҳои зерин дорад:

- назорат оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ;

- назорат оид ба риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳу конструксияҳои бинокорӣ, ташкилотҳои сохтмонӣ ва шахсони воқеӣ;

- назорат оид ба риояи сифати иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ ҳангоми сохтмони манзилгоҳҳо, иншооти таъиноти саноатӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, роҳҳо, азнавсозии биною иншооти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ;

- назорат оид ба риояи намудҳои дигари сохтмон, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ ва шакли моликияташон;

- назорат оид ба фаъолияти марбут ба назорати муаллифӣ ва техникии ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва фармоишгарон, сарфи назар аз тобеияти идоравиашон;

- назорат оид ба сари вақт ва босифат аз ҷониби иштирокчиёни сохтмон анҷом додани корҳои ҷустуҷӯи муҳандисӣ, озмоишӣ, аксбардорӣ, ченкунӣ ва аз рӯи натиҷаи онҳо ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурии истеҳсолию техникӣ ва иҷроишӣ, ки дар ҳуҷҷатгузории меъёрию техникӣ ва лоиҳавӣ пешбинӣ шудаанд;

- оид ба татбиқи лоиҳаҳои тасдиқшуда ва риояи талаботи санадҳои меъёрию техникӣ дар бахши усулҳои ҳалли меъморию шаҳрсозӣ;

- ба амал баровардани назорати мунтахаб оид ба риояи қоидаҳои қабули иншоот барои истифода аз ҷониби комиссияҳои давлатии қабул ва андешидани чораҳои дахлдор;

- таҳия намудани пешниҳодот оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои нави методӣ ва меъёрии ҷорӣ ва таҳияшаванда, ки сифати иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, конструксия ва маснуотро аз ҷиҳати ташкилию ҳуқуқии низоми сохтмон таъмин менамояд;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи сохтмон ва меъмории вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, дигар ташкилотҳои сохтмонӣ, лоиҳакашӣ ва фармоишгарон, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сифати корҳои сохтмонию васлгарӣ дар марҳилаи бунёди иншоот;

- иштирок дар кори Комиссияҳои давлатии қабул ҳангоми ба истифода додани иншоот;

- ҳамкорӣ бо дигар мақомоти назорати давлатӣ, ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои таъмин намудани сифати масолеҳи сохтмонӣ, риояи қонунгузории сохтмон, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон барои муҳити мусоиди фаъолияти ҳаётӣ.

3. ҲУҚУҚҲО

6. Хадамот дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқҳои зерин дорад:

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ боздид намудан аз иншооти сохтмонӣ, корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, конструксияҳо ва маснуот, пойгоҳҳои моддию техникии муассиса ва ташкилотҳои сохтмонӣ ё машғул бо хизматрасонӣ дар сохтмон, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ ва шакли моликияташон;

- санҷиш намудани фаъолияти сохтмонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва аз рӯи натиҷаи он додани амрнома доир ба ислоҳи камбудиҳо, инчунин қабули қарорҳо дар бораи ҷаримабандӣ;

- иштирок кардан дар кори комиссия оид ба тафтиши сабабҳои садамаи биноҳо ва иншоот;

- талаб карда гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрию техникӣ, лоиҳавӣ ва иҷроишии иншоот аз иштирокчиёни сохтмон;

- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зарурӣ аз пудратчиён, истеҳсолкунандагони конструксияҳои сохтмонӣ ва маснуот талаб кардани интихобан кушодани ҷузъҳои сохти алоҳидаи бино ва иншоот, гузаронидани санҷиши иловагии озмоишӣ ва дигар санҷишҳо, аксбардориҳо ва ченкуниҳо;

- боздоштани иҷрои минбаъдаи корҳои сохтмону васлкунӣ ва маблағгузории сохтмонҳо то рафъи камбудиву норасоиҳои дар объектҳо ошкоргардида аз ҷониби бонкҳо ва фармоишгароне, ки барои сохтмоу маблағ ҷудо мекунанд;

- ҷалб намудани мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва воҳидҳои онҳо барои иштирок дар тафтиши сифати корҳои сохтмонию васлкунӣ, конструксияҳо, маснуот ва масолеҳ, гузаронидани тадқиқот ва санҷиш;

- ҳангоми зарурат додани супориш ба мақомоти маҳаллии назорати давлатии сохтмон ва меъморӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти Хадамот вогузошта;

- додани дастури ҳатмӣ барои иҷро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдор оид ба ислоҳи корҳои сохтмонии бесифат иҷрошуда ва ивази маснуоту масолеҳи бесифат;

- додани муҷозоти маъмурӣ барои роҳ додан ба қонуншиканӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

- боздоштани иҷрои минбаъдаи корҳои сохтмонӣ ҳангоми ошкор намудани нуқсон ва вайронкуниҳои меъёр, ки боиси таҳдиди ноустуворӣ ва беэътимодии бино, иншоот ё як қисми онҳо, коммуникатсияҳои муҳандисӣ, конструксияҳо ё аз байн рафтани онҳо мегардад;

- боздоштани фаъолияти сохтмонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми ошкор кардани сохтмони худсарона ё риоя накардани асноди лоиҳавию хароҷотии тасдиқгардида;

- пешниҳоди мавод ба мақомоти омори давлатӣ оид ба хориҷ кардан аз ҳисоботи давлатӣ барои вайрон намудани тартиби муқарраргардидаи баистифодадиҳии объектҳои анҷомёфтаи сохтмонӣ ва истеҳсоли маснуоти корхонаҳои саноати сохтмон, ки ҷавобгӯи стандартҳо, сертификатҳо ва шартҳои техникӣ намебошанд;

- пешннҳод намудани мавод оид ба қонуншиканӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои баррасӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

- пешниҳод намудани мавод ба хадамоти соҳавии иҷозатномадиҳӣ оид ба боздоштани иҷозатнома тибқи тартиби муқарраршуда барои намуди дахлдори фаъолият дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ.

4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ

7. Хадамотро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

8. Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

9. Сардори Хадамот як муовин дорад, ки бо пешниҳоди Сардори Хадамот аз ҷониби Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

10. Сардори Хадамот ваколатҳои зерин дорад:

- дар доираи лимити аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардида, шумораи кормандони дастгоҳи марказии Хадамот, фонди музди меҳнат ва басти вазифаҳои дастгоҳи марказии Хадамотро тибқи талаботи намунавӣ ва харҷномаи таъминоти онро барои тасдиқ иамудан ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менвамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Хадамотро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- роҳбарони гурӯҳҳои минтақавии назоратӣ ва корхонаҳои Хадамотро бо мувофиқаи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва гурӯҳҳои минтақавии Хадамотро тасдиқ менамояд;

- онд ба масъалаҳои фаврӣ ва ҷории ташкили фаъолияти Хадамот фармоишҳо қабул мекунад.

11. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии ТОҷИКИСТОН, номи худ бо забони давлатӣ, бланкҳо ва мӯҳру тамғаҳои дахлдор мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

12. Хадамот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъсис ва барҳам дода мешавад.

13. Маҳалли ҷойгиршавии Хадамот: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Валаматзода -19/11 мебошад.

Замимаи 2

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 сентябри соли 2014 № 586

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ

Роҳбарият

Шӯъбаи нозирон

Бахши кадрҳо ва ҳуқуқ Бахши муҳосибот

Замимаи 3

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 сентябри соли 2014 № 586

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ Дастгоҳи марказӣ Гурӯҳҳои минтақавӣ

Замимаи 4

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 сентябри соли 2014 № 586

тасдиқ шудааст

Номгӯи корхонаҳои Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ

Корхонаи воҳиди давлатии "Манзили сохтмончиён"

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 4 сентября 2014 года, № 586

ПОЛОЖЕНИЕ О Службе по государственному надзору в сфере архитектуры и строительства

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Служба по государственному надзору в сфере архитектуры и строительства (далее - Служба) является исполнительным органом государственный власти Республики Таджикистан, осуществляющая функции по контролю и надзору в сфере архитектуры и строительства на территории республики. Также имеет полномочие по осуществлению контроля организаций в сфере строительства, учрежденных в соответствии с международными договорами.

2. Служба находится в Схеме управления Комитетом по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан.

3. Служба в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, конституционными законами, кодексами, законами Республики Таджикистан, постановлениями Маджлиси Милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.

4. Служба осуществляет свою деятельность непосредственно и во взаимодействии с центральными исполнительными органами государственной власти, местными исполнительными органами государственной власти, общественными организациями и другими физическими и юридическими лицами.

2. ПОЛНОМОЧИЯ

5. Служба имеет следующие полномочия:

- надзор по соблюдению нормативных правовых актов в сфере архитектуры и строительства;

- надзор по соблюдению норм и правил строительства предприятиями по производству строительных материалов, конструкций, строительными организациями и физическими лицами;

- надзор по соблюдению за качеством выполнения строительно-монтажных работ при строительстве объектов жилищно-гражданского, промышленного, энергетического, сельскохозяйственного, дорожного, реконструкции зданий и сооружений производственного и непроизводственного характера;

- надзор по соблюдению других видов строительства, независимо, от их ведомственной принадлежности и форм собственности;

- надзор за деятельностью авторского и технического надзора проектных-организаций и заказчиков, независимо от их ведомственной принадлежности;

- надзор за своевременным и качественным проведением участниками строительства инженерных изысканий, испытаний, съемок, замеров и оформления по их результатам необходимой производственно-технической неисполнительной документации, предусмотренных нормативно-технической и проектной-документацией;

- надзор за реализацией утвержденных проектов и соблюдением нормативно технических требований в части архитектурно градостроительных решений;

- проведение выборочной проверки по соблюдению правил приемки объектов в эксплуатацию со стороны государственных приемочных комиссий и принятие соответствующих решений;

- подготовка предложений по внесению изменений и дополнений в действующие и разрабатывающие новые нормативные, и методические документы, обеспечивающие качество строительно-монтажных работ, производство строительных материалов, конструкций и изделий в организационно-правовой системе строительства;

- координация деятельности государственных органов надзора в сфере строительства и архитектуры республиканских министерств и ведомств, Горно-Бадахшанской автономной области , областей, города Душанбе, городов и районов и других строительных, проектных организаций и заказчиков, независимо от их ведомственной принадлежности и форм собственности по соблюдению нормативных правовых актов, качества строительно-монтажных работ в период строительства объектов;

- участие в Государственных приемочных комиссиях по приемке объектов в эксплуатацию;

- взаимодействие с другими органами государственного надзора, научно-исследовательскими, проектными и общественными организациями по вопросам обеспечения качества строительной продукции, соблюдения строительного законодательства, защиты прав граждан на полноценную среду жизнедеятельности.

3. ПРАВА

6. Служба в рамках своей компетенции имеет право:

- согласно установленному порядку нормативно правовых актах посещать объекты строительства, предприятия по производству строительных материалов, конструкций и изделий, материально-технических баз учреждений и организаций по строительству или занимающихся услугами в строительстве, независимо от ведомственной принадлежности и форм собственности;

- проверять строительную деятельность юридических и физических лиц, и по результатам проверок выдавать предписание по устранению выявленных недостатков, а также принимать решения, по наложению штрафных санкций;

- участвовать в работе комиссий по расследованию причин аварий зданий и сооружений;

- запрашивать от участников строительства всю необходимую нормативно техническую, проектную и исполнительную документацию объектов;

- согласно установленному порядку нормативно - правовых актах требовать в необходимых случаях от подрядчиков, изготовителей строительных конструкций и изделий выборочного вскрытия отдельных конструктивных элементов зданий и сооружений, проведения дополнительных лабораторных и других испытаний, съемок и замеров;

- приостанавливать до устранения выявленных на объектах нарушений и дефектов дальнейшее производство строительно-монтажных работ и финансирование строительства со стороны банков и заказчиков, выделивших средства для строительства объектов;

- привлекать специалистов соответствующих министерств, ведомств и их подразделений для участи в проверках качества строительно-монтажных работ конструкций, изделий и материалов, проведения обследований и испытаний;

- при необходимости поручить решение отдельных вопросов, входящих в компетенцию Службы, местным органам по надзору строительства и архитектуры Республики Таджикистан;

- давать обязательные предписания для исполнения юридическим, физическим и должностным лицам для исправления некачественно выполненных, работ и замене некачественных материалов, конструкций и изделий;

- применять административные санкции за правонарушения в сфере строительства и архитектуры к юридическим, физическим и должностным лицам в установленном законом порядке;

- приостанавливать дальнейшее производство строительных работ, при выявлении нарушений норм и дефектов, повлекших за собой потерю прочности, устойчивости и надежности зданий, сооружений и их частей, инженерных коммуникаций или отдельных конструктивных элементов;

- приостанавливать строительную деятельность юридических и физических лиц, при обнаружении самовольного строительства, отсутствия и несоответствия утвержденной проектно-сметной документации;

- представлять материалы государственным органам статистики об актах нарушений установленного порядка приемки в эксплуатацию законченных строительством объектов и выпуска продукции предприятиями строительной индустрии и промышленности строительных материалов, не отвечающих стандартам, сертификатам, техническим условиям для их исключения из государственной отчетности;

- представить материалы о правонарушениях в сфере строительства и архитектуры правоохранительным органам для рассмотрения в установленном законодательством порядке;

- представить материалы в отраслевые службы по лицензированию о приостановлении лицензии в установленном порядке, на соответствующий вид строительной деятельности.

4. ОРГАНИЗАЦИЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ

7. Службу возглавляет Начальник, назначаемый на должность и освобождаемый от должности Правительством Республики Таджикистан по представлению Председателя Комитет по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан.

8. Начальник Службы несет персональную ответственность за выполнение возложенных на Службу задач и реализацию государственной политики в установленной сфере деятельности.

9. Начальник Службы имеет одного заместителя, назначаемого на должность и освобождаемого от должности Председателем Комитета по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан по представлению Начальника Службы.

10. Начальник Службы имеет следующие полномочия:

- в рамках определённых квот Правительство Республики, Таджикистан, представляет на утверждение Комитета по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан, численный состав центрального аппарата Службы, фонда заработной платы, штатного расписания центрального аппарата Службы и смету расходов в соответствии с типовыми требованиями;

- в установленном порядке назначает на должность и освобождает от должности работников Службы;

- в установленном порядке назначает на должность и освобождает, руководителей зональных групп контроля и организаций Службы по согласованию с Председателем Комитета по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан;

- утверждает положения о структурных подразделениях аппаратов зональных групп Службы;

- принимает распоряжения по оперативным и другим текущим вопросам организации деятельности Службы.

11. Служба является юридическим лицом, имеет печать, с изображением Государственного герба Республики Таджикистан и со своим наименованием на государственном языке, соответствующие бланки, печати и штампы, финансируется из единого счёта Главного управления центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан.

12. Служба создаётся и ликвидируется в установленном законодательством порядке.

13. Местонахождение Службы - 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе, улица Валаматзаде - 19/11.

Приложение 2

 Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 4 сентября 2014 года, № 586

СТРУКТУРА центрального аппарата Службы по государственному надзору в сфере архитектуры и строительства

Руководство

Отдел инспекторов

Сектор кадров и права

Сектор бухгалтерии

Приложение 3

Утверждена

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 4 сентября 2014 года, № 586

СХЕМА управления Службы по государственному надзору в сфере архитектуры и строительства

Центральный аппарат

Зональные группы

Приложение 4

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 4 сентября 2014 года, № 586

ПЕРЕЧЕНЬ предприятий Службы по государственному надзору в сфере архитектуры и строительства

Государственное-унитарное предприятие "Манзили сохтмончиён"