Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2016 № 433 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2014, № 586

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2014, № 586

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2014, № 586 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3. Маблағгузории 25 воҳиди кории Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва 12 воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси бо тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида, инчунин аз ҳисоби хизматрасонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 0,15 фоиз аз ҳисоби ҳиссаҷудокунии меъёрҳои муқаррарнамудаи хароҷоти ғайричашмдошти иншооти сохтмонӣ анҷом дода шавад.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

аз 24 октябри соли 2016 № 433

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 сентября 2014 года, №586

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Пункт 3 постановления Правительства Республики Таджикистан от 4 сентября 2014 года, №586 "О Службе по государственному надзору в сфере архитектуры и строительства" изложить в следующей редакции:

"3. Финансирование 25 штатных единиц Службы по государственному надзору в сфере архитектуры и строительства обеспечить за счет средств республиканского бюджета и 12 единиц за счёт специальных, средств, согласованных в установленном порядке с Министерством финансов Республики Таджикистан, а также за счёт обслуживания в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан и 0,15 процентов за счёт амортизации установленных норм непредвиденных расходов строительных сооружений.".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан  Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 24 октября 2016 года, № 433