Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Презнденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи корхонаҳои Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ (бе ҳайати хизматрасон) ба миқдори 10 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Маблағгузории дастгоҳи марказии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
4. Ба Сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ иҷозат дода шавад, ки як муовин дошта бошад.
5. Барои Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори як адад муқаррар карда шавад.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 179 "Дар бораи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 сентябри соли 2014 № 585
ш. Душанбе