Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 179 "Дар бораи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон"

Санаи амалкуни: 30.12.2007

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.09.2014 № 585 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2007 № 660)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 таҳти № 614 "Дар бораи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3).

2. Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон (ба ғайр аз ҳайати хизматрасон) ба теъдоди 10 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2007 № 660).

3. Маблағгузории Дастгоҳи марказии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2007 № 660).

4. Ба Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон иҷозат дода шавад, ки як муовини Сардор дошта бошад.

5. Барои Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори як адад муқаррар карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 3 апрели соли 2007 № 179

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ
                     от 04.09.2014г.№ 585

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об Управлении вневедомственной государственной экспертизы проектов строительства

(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.12.2007г.№660)

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и во исполнении постановления Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №614 "Об Агентстве по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение, схему управления, структуру Управления вневедомственной государственной экспертизы проектов строительства (приложение 1,2,3).

2. Утвердить численность работников Центрального аппарата Управления вневедомственной государственной экспертизы проектов строительства (кроме обслуживающего персонала)в количестве 10 единиц (в редакции Постановления Правительства РТ от 30.12.2007г.№660).

3. Финансирование Центрального аппарата Управления вневедомственной государственной экспертизы проектов строительства производится за счет республиканского бюджета и других средств по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан (в редакции Постановления Правительства РТ от 30.12.2007г.№660).

4. Разрешить Управлению вневедомственной государственной экспертизы проектов строительства Агентства по строительству и архитектуре при Правительстве Республике Таджикистан иметь одного заместителя Начальника.

5. Установить лимит легковых служебных автомашин Управлению вневедомственной государственной экспертизе проектов в количестве одной единицы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                     Э.Рахмонов

от 3 апреля 2007 года №179

 г. Душанбе