Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014 № 437 "Дар бораи идома ва чорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат"

Санаи амалкуни: 01.10.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.05.2020 № 271 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи идома ва чорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат

(қарори Ҳукумати ҶТ 1.10.2016 № 416)

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Аз 1 январи соли 2016 механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кумакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Норак, ноҳияҳои Балҷувон, Мӯъминобод, Панҷ, Фархор, Ховалинг, Ёвон ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Файзобод, Сангвор, Лахш ва шаҳри Ҳисор идома дода шуда, аз 1 октябри соли 2016 механизми мазкур дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Мурғоб, Ванҷ ва Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Бӯстон ва ноҳияҳои Зафарободу Шаҳристони вилояти Суғд, шаҳрҳои Кӯлоб, Сарбанд, ноҳияҳои Темурмалик, Шаҳритуз ва Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, дар ноҳияҳои Нуробод, Шаҳринав ва Рӯдакӣ ҷорӣ карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ 1.10.2016 № 416).

3. Дар давраи татбиқи механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат амали қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 244 "Дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд" ва аз 1 августи соли 2008 № 379 "Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии дар банди 1 қарори мазкур зикргардида боздошта шавад.

4. Котибони озоди комиссияҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ), ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 379 "Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии дар банди 1 қарори мазкур номбаршуда фаъолият менамуданд, дар давраи амали қарори мазкур ба ихтиёри Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шаванд.

5. Барои пардохти хароҷоти маъмурӣ ва ҳуҷҷатгузории механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи на зиёда аз 3 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ пешбинӣ шудаанд, иҷозат дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ 1.10.2016 № 416).

6. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2012, № 661 "Дар бораи идомаи татбиқи механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" ва аз 2 ноябри соли 2013, № 516 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2012, № 661" аз эътибор соқит дониста шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 июли соли 2014, № 437

ш. Душанбе