Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 379 "Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат"

Санаи амалкуни: 28.05.2009

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.05.2020 № 271 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2009 № 306)

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва ҷиҳати иҷрои Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои муайянкунии оилаҳои камбизоат ва таъину пардохти ҷубронпулиҳо барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Муқаррар карда шавад, ки ҷубронпулӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ дар миқёси воҳиди маъмурию ҳуқуқӣ ба миқдори расман муайяншудаи аҳолии камбизоат дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда пардохт карда мешавад.

3. Аз ҳаҷми умумии маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои ҷуброни истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ба оилаҳои камбизоат пешбинишуда 70 фоиз барои истифодаи қувваи барқ ва 30 фоиз барои истифодаи гази табиӣ муқаррар карда шавад.

4. Маблағҳои ҷубронпулӣ аз рӯи пешниҳоди комиссияҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) дар асоси ҳаҷми воқеии хизматрасонии қувваи барқ ва гази табиӣ, ки бо риояи қатъии мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешаванд, аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти тағйирёбии тарифҳои онҳо, ҳисобу китоб ва интиқол мегарданд.

5. Барои ташкил ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ва таъминоти моддию техникии онҳо то 1,0 фоиз ва барои хизматрасонии воқеии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" - 0,8 фоиз аз ҳисоби умумии маблағҳои барои ҷуброни истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ба оилаҳои камбизоат пешбинишуда маблағ муқаррар карда шавад.

6. Ҷадвали шумораи оилаҳои (шаҳрвандони) камбизоати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ба миқдори 241 ҳазор нафар тасдиқ карда шавад (замима мегардад). Ба ҳар оилаи (шаҳрванди) камбизоат дар соли 2009 ҳашт адад лампаи каммасрафи барқӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2009 № 306).

7. Маблағи умумӣ барои харидорӣ намудани лампаҳои каммасрафи барқӣ дар ҳаҷми 18 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағи дар буҷети соли 2009 барои ҷубронпулии пардохти истифодаи қувваи барқ пешбинишуда муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2009 № 306).

8. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ), комиссияҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, комиссияҳои идораи манзилию коммуналӣ ва шӯроҳои маҳаллаҳо таъмини саривақтӣ ва сифатноки тамоми манзилҳои истиқоматии оилаҳои камбизоатро бо лампаҳои каммасрафи барқӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷудошуда ташкил намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2009 № 306).

9. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни харидории лампаҳои каммасрафи барқиро бо гузаронидани тендер дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бидуни гузаронидани тендер бо тариқи гуфтушуниди мустақим бо корхонаҳои истеҳсолкунандаи лампаҳои каммасраф ба роҳ монда, аз ҳисоби кормандони вазорату идораҳои дахлдор комиссияи байниидоравӣ ташкил намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2009 № 306).

10. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тартиби ташкил, харидорӣ ва дастрас намудани лампаҳои каммасрафи барқиро ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат муайян ва тасдиқ намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2009 № 306).

11. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ҳуҷҷати расмии оид ба нархи воқеии лампаҳои каммасрафи барқӣ пешниҳодшуда, аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети давлатии соли 2009 барои пардохти ҷубронпулии истифодаи қувваи барқ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат пешбинӣ шудаанд, ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати хариди лампаҳои каммасрафи барқӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2009 № 306).

12. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бақияи маблағи ҷубронпулии дар буҷети соли 2009 барои пардохти истифодаи қувваи барқ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат пешбинигардидаро муайян намуда, пардохти ҷубронпулиҳоро бо дарназардошти ҳаҷми маблағи боқимонда таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2009 № 306).

13. Амали бандҳои 25 ва 26 "Қоидаҳои муайянкунии оилаҳои камбизоат ва таъину пардохти ҷубронпулиҳо барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 №379 тасдиқ шудааст, дар қисмати пардохти ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ дар соли 2009 муваққатан мавқуф гузошта шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2009 № 306).

14. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷараёни иҷрои қарори мазкур ҳар сол ду маротиба ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

15. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 145 "Дар бораи такмили механизми пардохти ҷубронпулиҳо ба оилаҳои камбизоат барои пӯшонидани хароҷоти истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2008 № 379

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 14.05.2020г.№271

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об усилении социальной помощи малоимущим семьям и гражданам

(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.05.2009г.№306)

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и во исполнение Концепции социальной защиты населения Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Правила определения малоимущих семей, назначения и выплаты компенсации за пользование электроэнергией и природным газом (прилагаются).

2. Установить, что компенсация по использованию электроэнергией и природным газом назначается малоимущим семьям и гражданам пропорционально официально установленного количества бедного населения административно-правовых единиц в рамках средств, предусмотренных в государственном бюджете.

3. Из общего объема средств, предусмотренных в государственном бюджете для компенсации малоимущим семьям за пользование электроэнергией и природным газом, установить 70 процентов на использование электроэнергии и 30 процентов - на природный газ.

4. Средства на выплату компенсации финансируются Министерством финансов Республики Таджикистан на основании предложений районных (городских) комиссий, представленных в строго определенные сроки, в соответствии с фактическим объемом услуг за электроэнергию и природный газ с учетом повышения их тарифов.

5. Установить для организации работы районных (городских) комиссий и их материально-технического обеспечения до 1,0 процента, а для фактических услуг Государственного сберегательного банка Республики Таджикистан "Амонатбонк" - 0,8 процента из общих средств, предусмотренных для компенсации малообеспеченным семьям за пользование электроэнергией и природным газом.

6. Утвердить таблицу численности малообеспеченных семей (граждан) в Республике Таджикистан на 2009 год в количестве 241 тысячи семей (прилагается). Выделить в 2009 году за счет средств республиканского бюджета каждой малообеспеченной семье (гражданам) энергосберегающие лампы в количестве 8 штук.

7. Определить общую сумму расходов на приобретение энергосберегающих ламп в размере 18 миллионов сомони из бюджета на 2009 год, предусмотренного на выплату компенсаций за пользование электроэнергией.

8. Министерству труда и социальной защиты населения, Министерству энергетики и промышленности совместно с областными, городскими (районными) комиссиями и комиссиями органов самоуправления джамоата, поселка или жилищно-коммунальных органов и махаллинских советов организовать своевременное и качественное обеспечение всех жилых помещений малоимущих семей энергосберегающими лампами за счет выделенных средств.

9. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговля Республики Таджикистан, Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик", Агентству по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при , Правительстве Республики Таджикистан организовать и провести тендер по закупке энергосберегающих ламп в соответствии с законодательством Республики Таджикистан или без проведения тендера путём прямых переговоров с предприятиями производящие энергосберегающие лампы, создать межведомственную комиссию из числа работников соответствующих министерств и ведомств.

10. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан и Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан определить и утвердить Порядок организации покупки и обеспечения энергосберегающими лампами малообеспеченных семей и граждан.

11. Министерству финансов Республики Таджикистан в соответствии с официальными документами, подтверждающими реальную стоимость энергосберегающих ламп, предназначенных малообеспеченным семьям и гражданам, перечислить необходимую сумму Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан для организации покупки указанных ламп за счет предусмотренных в бюджете республики на 2009 год для выплат компенсаций за использование электроэнергии.

12. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан определить остаток средств предусмотренных в бюджете 2009 года для компенсации за пользование электроэнергии, обеспечить выплату компенсаций малообеспеченным семьям из оставшейся суммы средств.

13. Действие пунктов 25 и 26 "Правила определения малообеспеченных семей, назначения и выплаты компенсации за пользование электроэнергией и природным газом" утвержденных Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 №379 в части компенсационной выплаты за пользование потребление электроэнергией в 2009 году временно приостановить(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.05.2009г.№306).

14. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области,областям, городам и районам, два раза в год предоставлять Правительству Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения настоящего постановления.

15. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года № 145 "О совершенствовании механизма выплаты компенсации малообеспеченным семьям для возмещения расходов за пользование электроэнергией и природным газом"

Председатель

Правительства Республики Таджикистан      Эмомали Рахмон

от 1 августа 2008 года № 379

 ш. Душанбе