Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти муҳоҷират
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Хадамоти муҳоҷират тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти муҳоҷират ба миқдори 263 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 46 воҳид муқаррар карда шавад
3. Ба Хадамоти муҳоҷират иҷозат дода шавад, ки ду муовини Сардор, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад.
4. Ба Хадамоти муҳоҷират лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 5 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 3 адад муқаррар карда шавад.
5. Вазорати мехнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъалаи барои кормандони ҳифзи ҳуқуқи ба Хадамоти муҳоҷират сафарбаршуда нигоҳ доштани унвон, рутбаҳои махсус ва дар захираи кадрии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нигоҳ доштани онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл намояд.
6. Маблағгузории дастоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва ташкилотҳои системаи Хадамоти муҳоҷират аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, № 229 "Дар бораи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 июни соли 2014, № 390
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Миграционной службе
(в редакции постановления Правительства РТ от 24.07.2020г.№418)
В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и во исполнении Указа Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года, №12 "О совершенствовании структуры исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан". Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Положение, Структуру центрального аппарата. Схему управления и Перечень организаций системы Миграционной службы (приложения I, 2, 3 и 4).
2. Установить предельную численность сотрудников Миграционной службы в количестве 263 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе центрального аппарата в количестве 46 единиц
3. Миграционной службе разрешить иметь двоих заместителей Начальника, в том числе одного первого заместителя.
4. Установить для Миграционной службы лимит служебных, легковых автомашин в количестве 5 единиц, в том числе центральному аппарату 3 единицы.
5. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан и правоохранительными органами в соответствии с действующим законодательством Республики Таджикистан решить вопрос сохранения за сотрудниками правоохранительных органов командированными в Миграционную службу чина, специальных званий, с оставлением их в резерве кадров правоохранительных органов.
6. Финансирование центрального аппарата и организаций системы Миграционной службы осуществлять за счет средств республиканского бюджета.
7. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 апреля 2011 года, №229 "О Миграционной службе при Правительстве Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 4 июня 2014 года, № 390