Низомномаи Хадамоти муҳоҷират аз 4 июни соли 2014, № 390

Санаи амалкуни: 24.07.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "4" июни соли 2014, № 390

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти муҳоҷират

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Хадамоти мухоҷират (минбаъд - Хадамот) мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ анҷом медиҳад.

2. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

3. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

2. Вазифаҳои Хадамот

4. Хадамот дар соҳаи муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

а) дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ:

- амалӣ намудани татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷирати аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо:

- ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва ҷалби донорхо ҷиҳати ташаккули низоми таҳлили бозори меҳнат барои муайян намудани дурнамои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа, инчунин барои аз худ кардани бозорҳои навӣ меҳнат дар хориҷи кишвар;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо мақомоти ваколатдори кишварҳои хориҷи дуру наздик, дар соҳаи муҳоҷират, ташкил намудани шӯрои ҳамоҳангсоз ва ё дигар мақомот ҷиҳати дар якҷоягӣ ҳал намудани душвориҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати аҳолӣ;

- иштирок дар татбиқи низоми самараноки суғуртаи иҷтимоӣ, тиббӣ ва нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида амалӣ намудани фаъолият оид ба назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ;

- баҳисобгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа мераванд ва бармегарданд, инчунин баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳамкории самарабахш ва ҳамоҳангсозии масъалаҳо бо намояндагиҳои Вазорат дар хориҷи кишвар, диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ;

- дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди ҷомеа;

- дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ, бо мақсади мусоидат ба муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷойи кор дар хориҷи кишвар;

- мусоидат ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бо мақсади ташкили фазои ягонаи муҳоҷирати меҳнатии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодии Аврупову Осиё ва дигар давлатҳо;

- ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ва самарабахш бо ҳамватанони бурунмарзӣ, диаспораҳои тоҷик ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият, бо мақсади ҷалби онҳо дар рушди ҷомеа;

- расонидани хизматҳои машваратӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо;

- бо тартиби муқарраргардида ташкили фаъолият вобаста ба иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва назорати шартҳои иҷозатномадиҳӣ;

- бо тартиби муқарраргардида додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ташкили корҳо оид ба ҳамгироии такрорӣ ва тавонбахшии муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Ватан баргаштаанд;

- иҷрои дигар вазифаҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

б) дар соҳаи муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ);

- ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар татбиқ ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳо доир ба масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ);

- дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) аз минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ, сераҳолӣ ва камзамин ба ноҳияҳои дорои заминҳои бекорхобида, бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани инфрасохтори деҳот, ҷалб намудани шаҳрвандон ба кори доимӣ, паст гардонидани сатҳи бекорӣ ва пешгирии муҳоҷирати дохилии ғайриқонунӣ;

- масъалагузорӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъминн чорабиниҳо барои қабули муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ), ҷобаҷокунӣ, таъмини онҳо бо кори доимӣ, манзил ё замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, оби нӯшокӣ, барқ, роҳ, ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ;

- банақшагирии давра ба давра кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо;

- анҷом додани вазифаҳои фармоишгари давлатии барномаҳо ва лоиҳаҳои мақсадноки илмию техникӣ ва сармоягузорӣ ҷиҳати бунёд намудани инфрасохтори деҳот дар маҳалҳои зисти муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ);

- бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва фароҳам овардани шароити хуби зист барои муҳоҷирон, ташкил кардани ситоди доимоамалкунанда бо намояндагии мақомоти дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

в) дар соҳаи муҳоҷирати экологӣ;

- ҳамоҳангсозии татбиқи чорабиниҳо оид ба равандҳои муҳоҷирати экологӣ мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ;

- гузаронидани мониторинг, баҳодиҳӣ ва дар асоси он таҳия ва пешииҳод намудани лоиҳаи барномаҳои давлатӣ марбут ба муҳоҷирати экологӣ;

- тавассути комиссияҳои маҳаллӣ муайян намудани мавзеъҳои экологӣ, миқдори хоҷагиҳо, бодарназардошти таҳияи рӯйхати умумии муҳоҷирони экологӣ, мувофиқа кардани мӯҳлати кӯчонидани муҳоҷирон аз мавзеъҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф;

- бо мақсади ҳалли саривақтии масъалаҳои муҳоҷирати экологӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил намудани фаъолияти комиссияҳои доимӣ таҳти роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби дигар идораҳои дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- ҷиҳати ташкил кардани шаҳраки ҳозиразамон ва намунавӣ барои зисти муҳоҷирони экологӣ масъалагузорӣ намудан дар назди мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба таҳия ва татбиқи нақшаи генералӣ, бо дар назардошти пешбинии иифрасохтори шаҳрак;

- таъсиси маҳзани маълумот барои ҷорӣ кардани системаи баҳисобгирии раванди муҳоҷирати экологӣ.

3. Ваколатҳои Хадамот

5. Хадамот дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- мусоидат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо ва "дурнамои раванди муҳоҷирати аҳолӣ;

- мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо тартиби муқарраргардида манзур намудани пешниҳодҳо оид ба такмили шаклҳои ҳисоботдиҳии оморӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

- таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи ягонаи иттилоотӣ, низоми ягонаи автоматишудаи бақайдгирӣ ва коркарди иттилооте, ки мониторинг ва интиқоли иттилоот оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Хадамотро таъмин менамояд;

- ташкил ва таъмини фаъолияти низоми давлатии баҳисобгирии муҳоҷират, инчунин сари вақт ва дар ҳаҷми пурра ворид намудани маълумоти зарурӣ ба он;

- ташкил ва таьмипи кори махзани итилоотӣ, инчунин таъмини шакли ягонаи методологӣ ва амали мувофиқашудаи низоми иттилоотӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

- бо тартиби муқарраргардида ҷалб намудани муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои дигар, коршиносон ва мутахассисон барои ояндабинӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- бо тартиби муқарраргардида пешниҳод намудани дархост ва гирифтани маълумоти зарурӣ аз мақомоти давлатӣ, ғайридавлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо барои қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- таҳияи дастурҳо ва тавсияҳои методӣ, расонидани ёрии машваратӣ ва дигар кӯмакҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

- таҳлил ва ҷамъбасти таҷрибаи истифодаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ва андешидани тадбирҳо оид ба такмили фаъолияти Хадамот;

- иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаҳои барномаҳо (аз ҷумла фонди ҷамъиятии мусоидат, лоиҳаҳои хурди молиявӣ ва интиқоли маблағ), бо мақсади дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо;

- бо тартиби муқарраргардида дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо таъсис додани мақомоти машваратӣ (шӯроҳо, комиссияҳои байниидоравӣ, гурӯҳҳои корӣ ва ғайра) барои баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- бо тартиби муқарраргардида гузаронидани санҷиши корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, инчунин шахсони воқеӣ оид ба масъалаҳои ҷалб ва истифодаи муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкили низоми маълумотдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба хатарҳои марбут ба муҳоҷират ба хориҷа;

- тавассути воситаҳои ахбори омма ташкили корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ марбут ба масъалаҳои муҳоҷират;

- тибқи тартиби муқарраргардида пешбурди истеҳсолот оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба ғайриқонунӣ ба кор ҷалб намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ё шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар доираи салоҳияти худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ намудан оид ба депортатсия ва бо роҳи маъмурӣ берун кардани муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ машғуланд;

- ҷиҳати ворид намудан ба махзани ягонаи иттилоотӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани иттилооти зарурӣ оид ба муҳоҷирони меҳнатии депортатсия ё бо роҳи маъмурӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берункардашуда;

- ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ;

- бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ;

- ташкили қабули шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Хадамот;

- истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетӣ дар дастгоҳи марказӣ ва мақомоти минтақавии Хадамот;

- дархост намудан ва гирифтани маълумоти омории марбут ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Хадамот аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Ташкили фаьолият

6. Ба Хадамот Сардор роҳбарӣ мекунад, ки бо пешниҳоди Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

7. Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

8. Сардор ду муовин, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди Сардори Хадамот аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

9. Шумораи ниҳоии кормандон ва теъдоди муовинони Сардори Хадамотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

10. Сохтори дастгоҳи марказии Хадамот мувофиқи самтҳои асосии фаъолияти худ аз раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо иборат мебошад.

11. Сардори Хадамот:

- шумораи кормандони дастгоҳи марказии Хадамот, фонди музди меҳнат ва басти вазифаҳои дастгоҳи марказии Хадамотро тибқи талаботи намунавӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории онро дар доираи маблағҳои буҷетии барои давраи дахлдор тасдиқгардида ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод менамояд;

- барои ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои Хадамот дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ба Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- манфиатҳои Хадамотро дар мақомоти давлатӣ ҳимоя мекунад ва роҳбарии умумии фаъолияти Хадамотро амалӣ месозад;

- дар доираи ваколатҳои худ фармоиш қабул мекунад ва супориш медиҳад, ки иҷрои онҳо барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот ҳатмӣ мебошад;

- вазифаҳоро байни муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ тақсим мекунад;

- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти Хадамотро тасдиқ мекунад;

- кормандони Хадамотро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- оид ба эълони озмунҳо ҷиҳати ишғоли мансабҳои маъмурии холии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи марказии Хадамот ва дар сохторҳои Хадамот фармоиш қабул мекунад;

- шумораи кормандони мақомоти Хадамот, фонди музди меҳнат ва басти вазифаҳои онҳоро тибқи талаботи намунавӣ, инчунин харҷномаи таъминоти онҳоро дар доираи маблағҳои буҷетии барои давраи дахлдор пешбинишуда тасдиқ менамояд;

- тибқи қонунгузорӣ масъалаҳои ҳавасмандгардонии моддии кормандони Хадамот ва роҳбарони мақомоти маҳаллиро ҳал намуда, ҷиҳати сарфароз гардонидани кормандон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муваффақиятҳо ва комёбиҳои меҳнатӣ тавсия мекунад.

12. Хадамоти муҳоҷират шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад. Хадамот метавонад бо тартиби муқарраргардида дорои суратҳисоби махсус бошад.

13. Маҳалли ҷойгиршавми Хадамот: 735410, Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ - 121.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июни соли 2014, № 390

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират

Роҳбарият

Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ

Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ

Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсус (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418)

Шӯъбаи ташкилӣ ва умумӣ

Шӯъбаи таҳлил ва маълумотдиҳӣ

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418)

Шӯъбаи молия ва хоҷагидорӣ

Бахши иқтисод ва банақшагирӣ

Бахши робита бо ҷомеа  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418)

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июни соли 2014, № 390

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Хадамоти муҳоҷират

Дастгоҳи марказӣ

Раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе

Шӯъбаи Хадамоти муҳоҷират дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Шӯъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июни соли 2014, № 390

тасдиқ шудааст

Номгӯи ташкилотҳои системаи Хадамоти муҳоҷират

Муассисаи давлатии "Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ" дар шаҳри Душанбе

Муассисаи давлатии "Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ" дар шаҳри Хоруғ

Муассисаи давлатии "Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ" дар шаҳри Хуҷанд

Муассисаи давлатии "Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ" дар шаҳри Ваҳдат

Муассисаи давлатии "Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ" дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Муассисаи давлатии "Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷироии меҳнатӣ" дар шаҳри Кӯлоб

Муассисаи давлатии "Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ" дар шаҳри Панҷакент

Муассисаи давлатии "Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ" дар шаҳри Турсунзода

Муассисаи давлатии "Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ" дар шаҳри Исфара

Муассисаи давлатии "Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ" дар ноҳияи Рашт

Приложение 1

 Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 4 июня 2014 года, № 390

Положение о Миграционной службе

(в редакции постановления Правительства РТ от 24.07.2020г.№418)

1. Общие положения

1. Миграционная служба (далее - Служба) является государственным органом исполнительной власти Республики Таджикистан, реализующим государственную политику в области миграции населения.

2. В своей деятельности Служба руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, конституционными законами Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, международно-правовыми актами, признанными Таджикистаном, совместными решениями Маджлиси Милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, решениями Маджлиси Милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, приказами Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан, и настоящим Положением,

3. Служба осуществляет свою деятельность во взаимодействии с другими органами исполнительной власти, местными исполнительными органами государственной власти, общественными объединениями и другими организациями.

2. Задачи Службы

4. Служба в установленной сфере осуществляет следующие задачи:

а) в сфере трудовой миграции:

- реализация государственной политики миграции населения и координация деятельности государственных органов, международных, общественных и других организаций в установленной сфере деятельности;

- межведомственная координация и привлечение доноров по формированию системы анализа рынка труда для определения перспектив процесса трудовой миграции за рубеж, а также для освоения новых рынков труда за рубежом;

- в установленном порядке осуществление взаимодействия с уполномоченными органами ближних и дальних зарубежных государств в сфере миграции, организация координационного совета или другого органа, в целях совместного решения имеющихся проблем в сфере миграции населения;

- участие в реализации эффективной системы социального, медицинского и пенсионного страхования трудящихся мигрантов:

- в установленном порядке осуществление деятельности по исполнению физическими и юридическими лицами законодательства Республики Таджикистан в сфере трудовой миграции иностранных граждан;

- учет граждан Республики Таджикистан, выезжающих в трудовую миграцию за рубеж и возвратившихся из-за рубежа, в том числе учет миграции иностранных граждан в Республике Таджикистан;

- эффективное сотрудничество и координация вопросов с представительствами Министерства за рубежом, диаспорами, общественными организациями и соотечественниками за рубежом в установленной сфере деятельности;

- в сотрудничестве с соответствующими государственными органами создание благоприятных условий для привлечения трудовых мигрантов и зарубежных соотечественников в развитие общества;

- проведение совместно с соответствующими государственными органами ярмарок вакансий рабочих мест, с целью, содействия трудовым мигрантам гражданам Республики Таджикистан для трудоустройства за рубежом;

- содействие в координации вопросов трудовой миграции, в целях создания единого миграционного пространства государств-участников Содружества. Независимых Государств, Организации Евразийского экономического сотрудничества и других государств;

- осуществление взаимовыгодного и эффективного сотрудничества с зарубежными соотечественниками, таджикскими диаспорами и общественным организациям в установленной сфере деятельности, с целью их привлечения в развитие общества;

- оказание консультационных, правовых, социальных и иных видов услуг трудовым мигрантам и членам их семей;

- организация в установленном порядке деятельности, связанной с выдачей лицензий в области трудовой миграции и контроль за условиями лицензирования;

- выдача в установленном порядке разрешений на работу иностранным гражданам и лицам без гражданства на территории Республики Таджикистан;

- организация во взаимодействии с другими государственными органами работ по реинтеграции и реабилитации трудовых мигрантов граждан Республики Таджикистан, возвратившихся на Родину;

- выполнение других функций, предусмотренных нормативнымиправовыми актами Республики Таджикистан;

б) в области внутренней (добровольной) миграции:

- сотрудничество с министерствами и ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти по реализации и координации мероприятий относительно вопросов внутренней (добровольной) миграции;

- осуществление во взаимодействии с другими соответствующими государственными органами, международными, общественными и неправительственными организациями мероприятии по переселению внутренних (добровольных) мигрантов из горных и предгорных, густонаселенных и малоземельных регионов в районы, имеющие залежные земли, с целью развития сельскохозяйственной отрасли, повышения инфраструктуры села, привлечения молодежи на постоянную работу, снижения уровня безработицы и предотвращения незаконной внутренней миграции;

- постановка вопроса перед местными исполнительными органами государственной власти по обеспечению мероприятии для приема внутренних (добровольных) мигрантов, расстановке, обеспечению их постоянной работой, жильем или землей для строительства жилых домов, питьевой водой, электроэнергией, дорогами и решению других социальных вопросов;

- поэтапное планирование переселения внутренних (добровольных) мигрантов в пределах республики на основании представления исполнительных органов государственной власти городов и районов;

- завершение задач государственного заказчика программ и целевых научно-технических и инвестиционных проектов по созданию инфраструктуры села в местах проживания внутренних (добровольных) мигрантов;

- организация постоянно действующего штаба с представителями соответствующих государственных и негосударственных органов с целью осуществления мероприятий по решению вопросов внутренней (добровольной) миграции и создания хороших условий проживания для мигрантов;

в) в области экологической миграции:

- координация реализации мероприятий по процессам экологической миграции согласно установленным нормам в сотрудничестве с соответствующими министерствами и ведомствами Республики Таджикистан, местными исполнительными органами государственной власти, общественными и международными организациями;

- проведение мониторинга, оценки и на их основании разработка и предоставление государственных программ, касающихся экологической миграции;

- определение посредством местных комиссий экологических зон, численность семей, с учетом разработки общего списка экологических мигрантов, согласование срока переселения мигрантов из опасных зон в безопасные места;

- организация в областях, городах и районах действующих постоянных комиссий под руководством местных исполнительных органов государственной власти с привлечением других государственных и негосударственных ведомств и организаций с целью своевременного решения вопросов экологической миграции;

- постановка задачи перед соответствующими государственными органами по разработке и реализации генерального плана с учетом предусмотренной инфраструктуры поселков в целях организации современных и образцовых поселков для проживания экологических мигрантов;

- создание базы данных для внедрения системы учета процессов экологической миграции.

3. Полномочия Службы

5. Служба имеет следующие полномочия:

- содействие местным исполнительным органами государственной власти и органами местного самоуправления в установленной сфере деятельности;

- участие в разработке и реализации программ и перспективы миграционных процессов населения;

- содействие в защите прав, свобод и законных интересов трудовых мигрантов - граждан Республики Таджикистан за рубежом и иностранных граждан на территории Республики Таджикистан;

- представление в установленном порядке предложений по совершенствованию форм статистической отчетности в установленной сфере деятельности;

- разработка и внедрение единой информационной технологии и единой автоматизированной системы учета и обработки информации, обеспечивающей мониторинг и передачу информации по вопросам, отнесенным к компетенции Службы;

- формирование и обеспечение функционирования государственной информационной системы миграционного учета, а также своевременное внесение в нее необходимых сведений в полном объеме;

- формирование и обеспечение функционирования единой базы данных, а также обеспечение методологического единообразия и согласованного функционирования информационных систем в установленной сфере деятельности;

- привлечение в установленном порядке научных и иных организаций, экспертов и специалистов для выработки перспектив развития и решений вопросов, относящихся к установленной сфере деятельности;

- осуществление запросов и получение от государственных и негосударственных органов, а также международных, общественных и иных организаций в установленном порядке сведений, необходимых для принятия решений по вопросам, относящимся к установленной сфере деятельности;

- разработка методических пособий и рекомендаций, оказание консультативной и иной помощи местным исполнительным органам государственной власти и органам самоуправления посёлков и сёл;

- анализ и обобщение практики применения законодательства Республики Таджикистан в установленной сфере деятельности и разработка мер по совершенствованию деятельности Службы;

- участие в разработке и реализации проектов программ социальной защиты (в том числе общественного фонда содействия, микрофинансовых проектов и по денежным переводам), в целях содействия трудящимся мигрантам за рубежом и членам их семей;

- образование в установленном порядке и совместно с органами государственной власти, международными, общественными и иными организациями совещательных органов (советы, межведомственные комиссии, рабочие группы и т.п.) для рассмотрения вопросов, относящихся к установленной сфере деятельности;

- проведение в установленном порядке проверок предприятий, учреждений и других организаций, независимо от форм собственности, а также физических лип, по вопросам привлечения и использования иностранных трудовых мигрантов на территории Республики Таджикистан:

- формирование системы информирования трудовых мигрантов о рисках, связанных с миграцией за рубеле:

- организация посредством средств массовой информация информационноразъяснительной работы по вопросам миграции населения страны;

- ведение в установленном порядке производства по делам об административных правонарушениях, связанных с незаконным привлечением к работам граждан Республики Таджикистан за границей или иностранных граждан и лиц без гражданства в Республике Таджикистан;

- постановка согласно законодательству Республики Таджикистан в пределах своей компетенции вопросов по депортации и административному выдворению за пределы Республики Таджикистан трудовых мигрантов иностранных граждан, занимающихся незаконной трудовой деятельностью на территории Республики Таджикистан;

- представление информации в Государственный комитет национальной безопасности Республики Таджикистан о депортированных и административно выдворенных иностранных трудовых мигрантах для внесения в единую информационную базу данных;

- представление Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан предложении по разработке нормативных правовых актов, регламентирующих вопросы миграции населения;

- обучение и повышение квалификации сотрудников в области миграции населения;

- организация приема граждан по вопросам, отнесенным к компетенции Службы;

- целевое и эффективное использование бюджетных средств в центральном аппарате и территориальных органов Службы;

- осуществление запросов и получение в Агентстве по статистике при Президенте Республики Таджикистан статистических сведений, относящихся к установленной сфере деятельности Службы.

4. Организация деятельности

6. Службу возглавляет Начальник, назначаемый и освобождаемый по предложению Министра труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан, Правительством Республики Таджикистан.

7. Начальник несет персональную ответственность за выполнение возложенных на Службу задач в установленной сфере деятельности.

8. Начальник имеет двух заместителей, в том числе одного первого, которые назначаются и освобождаются от должностей Министром труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан по предложению Начальника Службы.

9. Предельную численность работников и количество заместителей Начальника Службы определяет Правительство Республики Таджикистан.

10. Структура центрального аппарата Службы в соответствии с основными направлениями деятельности состоит из управлений, отделов и секторов.

11. Начальник Службы:

- представляет численность работников центрального аппарата, фонд оплаты труда, штатное расписание центрального аппарата Службы в соответствии с типовыми требованиями, а также смету расходов на его содержание в пределах утвержденных на соответствующий период бюджетных ассигнований для утверждения Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан;

- в установленном порядке представляет Министру труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан предложения о назначении и освобождении от занимаемой должности руководителей структур Службы в областях и городе Душанбе;

- защищает интересы Службы в органах государственной власти и осуществляет общее руководство деятельностью Службы;

- в пределах своих полномочий издает распоряжения и дает указания, обязательные для исполнения сотрудниками центрального аппарата и структурных подразделений Службы;

- распределяет обязанности между своими заместителями и руководителями структурных подразделений центрального аппарата;

- утверждает положения структурных подразделений центрального аппарата и органов Службы;

- в установленном порядке назначает на должность и освобождает от занимаемой должности сотрудников Службы;

- принимает распоряжения об объявлении конкурсов на замещение вакантных административных должностей государственной службы в центральном аппарате и других структурах Службы;

- утверждает численность работников органов Службы и фонд оплаты труда; и штатное расписание в соответствии с типовыми требованиями, а также смету расходов на их содержание в пределах утвержденных на соответствующий период бюджетных ассигнований;

- в соответствии с законодательством решает вопросы материального поощрения работников Службы и руководителей местных органов, представляет работников за достижения и трудовые успехи к государственным наградам Республики Таджикистан.

12. Миграционная служба является юридическим лицом, имеет печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан со своим наименованием на государственном языке, соответствующие печати, штампы, бланки и финансируется из единого счета Главного управления Центрального казначейского Министерства финансов Республики Таджикистан. Служба может в установленном порядке иметь специальный счет.

13. Местонахождение Службы: 735410, Республики Таджикистан, г. Душанбе, улица С. Айни - 121.

Приложение

Утверждена постановлением

Республики Таджикистан

от 4 июня 2014 года, № 390

Структура центрального аппарата Миграционной службы

Руководство

Управление трудовой миграции

Управление внутреннем и экологической миграции

Управление права, кадров и спецработами (в редакции постановления Правительства РТ от 24.07.2020г.№418)

Организационный и общий отдел

Аналитический и информационный отдел

исключен (в редакции постановления Правительства РТ от 24.07.2020г.№418)

Отдел финансов и хозяйствования

Сектор экономики и планирования

Сектор связи с общественностью (в редакции постановления Правительства РТ от 24.07.2020г.№418).

Приложение 3

 Утверждена постановлением

Республики Таджикистан

от 4 июня 2014 года, № 390

Схема управлемия Миграционной службы

Центральный аппарат

Управления Миграционной службы в Согдийской, Хатлонской областях и городе Душанбе

Отдел Миграционной службы в Горно - Бадахшанской автономной области

Отделы и сектора Миграционной службы в городах и районах республики

Приложение 4

 Утверждена постановлением

 Республики Таджикистану

от 4 июня 2014 года, № 390

Перечень организации системы Миграционной службы

Государственное учреждение "Центры консультирования и подготовки трудовых мигрантов перед выездом" в городе Душанбе

Государственное учреждение "Центры консультирования и подготовки трудовых мигрантов перед выездом" в городе Хороге

Государственное учреждение "Центры консультирования и подготовки трудовых мигрантов перед выездом" в городе Худжанд

Государственное учреждение "Центры консультирования и подготовки трудовых мигрантов перед выездом" в городе Вахдат

Государственное учреждение "Центры консультирования и подготовки трудовых мигрантов перед выездом" в городе Курган-тюбе

Государственное учреждение "Центры консультирования и подготовки трудовых мигрантов перед выездом" в городе Куляб

Государственное учреждение "Центры консультирования и подготовки трудовых мигрантов перед выездом" в городе Пенджикент

Государственное учреждение "Центры консультирования и подготовки трудовых мигрантов перед выездом" в городе Турсун-заде

Государственное учреждение "Центры консультирования и подготовки трудовых мигрантов перед выездом" в городе Исфаре

Государственное учреждение "Центры консультирования и подготовки трудовых мигрантов перед выездом" в Раштском районе