Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2014, № 390 "Дар бораи Хадамоти муҳоҷират"

Санаи амалкуни: 24.07.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти муҳоҷират

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Хадамоти муҳоҷират тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти муҳоҷират ба миқдори 263 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 46 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418).

3. Ба Хадамоти муҳоҷират иҷозат дода шавад, ки ду муовини Сардор, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад.

4. Ба Хадамоти муҳоҷират лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 5 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 3 адад муқаррар карда шавад.

5. Вазорати мехнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъалаи барои кормандони ҳифзи ҳуқуқи ба Хадамоти муҳоҷират сафарбаршуда нигоҳ доштани унвон, рутбаҳои махсус ва дар захираи кадрии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нигоҳ доштани онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл намояд.

6. Маблағгузории дастоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва ташкилотҳои системаи Хадамоти муҳоҷират аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, № 229 "Дар бораи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 4 июни соли 2014, № 390

ш. Душанбе