Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 сентябри соли 1998 № 345
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 сентябри соли 1998 № 345
тасдиқ шудааст
Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон
1. Дастуруламали коргузори бо муроҷиатҳои шаҳрвандон дар асоси қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 № 344 ,Оид ба мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" тартиб дода шудааст.
2. Ҳамин Дастуруламал тартиби пешбурди коргузориро аз рӯи муроҷиатҳои шаҳрвандон дар корхона, муассиса ва ташкилот (минбаъд муассиса) сарфи назар аз шакли моликият муайян мекунад.
3. Пешбурди коргузорӣ аз рӯи муроҷиатҳои шаҳрвандон аз дигар намудҳои коргузори ҷудо буда, ба зиммаи шахсони мансабдори махсуси барои ин кор таъиншуда гузошта мешавад, ки онҳо тартиби пешбурди коргузориро дар муассиҳои дахлдор мунтазам тафтиш карда, барои такмил додани ин кор чораҳо меандешанд.
4. Тамоми муроҷиатномаҳое, ки ба муассисаҳо ворид мешаванд, бояд қабул карда, ба ҳисоб гирифта, дар варақаи бақайдгирию назорати (замимаи № 1) ва дар дафтари алоҳида (замимаи № 2) дар рӯзи воридшавии онҳо ба таври марказонидашуда ба қайд гирифта шавад. Дар муроҷиатҳо бояд фамилия, ном ва номи падар, суроғаи шаҳрванд нишод дода шавад, дар акси ҳол чунин муроҷиатҳо номаълум дониста, барраси намешаванд.
Ҳангоми ворид шудани миқдори начандон зиёди муроҷиатномаҳо (соле то 100 дона) онҳо танҳо дар дафтар ба қайд гирифта мешаванд.
Лифофаи онҳо дар мавридҳое нигоҳ дошта мешаванд, ки агар фақат аз рӯи он суроғаи фиристонандаро муқаррар кардан мумкин шавад, ё агар санаи мӯҳри почта барои тасдиқ мамудани вақти фиристодан ва гирифтани муроҷиатнома, инчунии дар дигар мавридҳо зарур шуда монад.
Дар сурати шахсан қабул кардани шаҳрвандон муроҷиатҳои хаттию даҳонии онҳо низ бояд дар дафтарҳои дахлдор ё варақаҳои бақайдгирию назорати ба таври марказонидашуда қайд карда шаванд.
Шохиси (индекси) бақайдгирии муроҷиат дар мӯҳри бақайдгири нишон дода мешавад, ки ҷои гузориш ва шакли онро ГОСТ-и 6,38-90 муайян мекунад. Шохиси бақайдгири аз ҳарфи аввали фамилияи муаллиф ва рақами тартибии муроҷиати воридшуда (масалан, А-117) иборат мебошад. Шохси бақайдгирии бо дигар аломатҳое, ки батартибандози, ҷустуҷӯ, таҳлил ва эҳтиёткунии ин муроҷиатҳои шаҳрвандонро таъмин менамояд, пурра шуда метавонад.
...