Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Қоидаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасонии коммуналӣ
Мутобиқи қисми 12 моддаи 63 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасонии коммуналӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009, № 531 "Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 июни соли 2014 № 354
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Правилах подключения к инженерным сетям и коммунального обслуживания
В соответствии счастью 12 статьи 63 Градостроительного кодекса Республики Таджикистан и статей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Правила подключения к инженерным сетям и коммунального обслуживания (прилагается).
2. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 октября 2009 года, №531 "Об утверждении Правил подключения к инженерным сетям и предоставления коммунальных услуг".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 3 июня 2014 года, № 354