Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 № 148 "Дар бораи Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 05.11.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 704, аз 05.11.2018 № 538)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дасттоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 433 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ бо теъдоди 88 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.11.2018 № 538).

3. Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.11.2018 № 538).

4. Барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 24 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 5 адад муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 704).

5. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.

6. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таклифҳо пешниҳод намояд;

- санадҳои ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.

7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 603 "Дар бораи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 марти соли 2014 № 148

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 704)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дасттоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 448 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ бо теъдоди 87 воҳид муқаррар карда шавад.

3. Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.