Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2025, № 640 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи ҷумҳуриявии табобатии «Авҷ»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи ҷумҳуриявии табобатии «Авҷ»


Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Дар заминаи Шифохонаи Авҷ, воқеъ дар деҳоти Авҷи ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи ҷумҳуриявии табобатии «Авҷ» таъсис дода шавад.

2.Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи ҷумҳуриявии табобатии «Авҷ»-ро дар доираи маблағҳои буҷетии пешбинишуда ва воҳидҳои кории амалкунанда ҳал намояд.

3.Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

4.Ба замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 «Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сархати ҳаштоду ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи ҷумҳуриявии табобатии «Авҷ»».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 22 ноябри соли 2025, № 640




Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О создании Государственного учреждения «Республиканский лечебный санаторий «Авдж»

В соответствии со статьями 52 и 128 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1.Создать на базе Лечебницы Авдж, расположенной в дехоте Авдж Ишкашимского района Горно-Бадахшонской автономной области, Государственное учреждение «Республиканский лечебный санаторий «Авдж».

2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан решить организационно-правовые вопросы Государственного учреждения «Республиканский лечебный санаторий «Авдж», в рамках предусмотренных бюджетных средств и действующих штатных единиц.

3.Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан внести соответствующие изменения в учетные данные.

4.Приложение 4 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №148 «О Министерстве здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан» дополнить восемьдесят восьмым абзацем следующего содержания:

«Государственное учреждение «Республиканский лечебный санаторий «Авдж»».


Председатель
Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 22 ноября 2025 года №640