Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 марти соли 2014, № 168
тасдиқ шудааст
Низомномаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.03.2015 № 161, аз 29.11.2017 № 562, аз 29.12.2022 № 616)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақомоти ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳои таъминоти кафолати хизматрасонии давлатиро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, амалӣ менамояд.
2. Агентӣ дар Нақшаи идоракунии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.
3. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад хориҷ карда шуд .
4. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
2. Вазифаҳо
5. Агентӣ дар соҳаи муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла нафақахӯрон, маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ва дигар табақаҳои камбизоати шаҳрвандони эҳтиёҷманд чорабиниҳоро татбиқ менамояд;
- мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида иҷрои корҳоро ҷиҳати татбиқи имтиёзҳои амалкунандаи иҷтимоии давлатӣ ташкил мекунад;
- ҷиҳати ба ҳаёти солими иҷтимоӣ мутобиқгардонии шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди аҳлӣ ва ҷисмонӣ чорабиниҳоро татбиқ менамояд;
- чорабиниҳоро ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии кудакони ятим ва кудакони оилаҳои камбизоат анҷом медиҳад;
- ҷиҳати бо таҳсил ва тавонбахшӣ фаро гирифтани кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд чорабиниҳо анҷом медиҳад;
- барои ҳамоҳангсозии фаъолияти иттиҳодияҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии собиқадорон, маъюбон ва ашхоси ба ҳифзи иҷтимоии давлатӣ мӯҳтоҷбуда мусоидат менамояд;
- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, марказҳои минтақавӣ ва дигар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоиро ҳамоҳанг месозад;
- чорабиниҳоро ҷиҳати рушди шабакаи муассисаҳои статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо таҳия ва татбиқ менамояд;
- тавонбахшии маҷмӯӣ, ҳамгироии иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла кӯмаки протезию ортопедиро амалӣ мегардонад, санадҳои ташкилию дастуриро оид ба масъалаҳои барои маъюбон, собиқадорон ва нафақахӯрони яккаву танҳои камбизоат фароҳам овардани фаъолияти ҳаёти мусоид таҳия менамояд;
- хизматрасонии иҷтимоӣ ва дастгирии иҷтимоии собиқадорон ва шаҳрвандонеро, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ, амалиёти террористӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, анҷом медиҳад;
- хизматрасонии тиббӣ, иҷтимоӣ, моддию маишӣ ва мадании шаҳрвандонеро, ки дар муассисаҳои статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ қарор доранд, ташкил менамояд;
- фаъолияти самараноки хоҷагиҳои ёрирасони муассисаҳои системаи Агентиро ташкил ва назорат мекунад;
- масъалаҳои вобаста ба ҷойгиркунонии шаҳрвандонро дар муассисаҳои статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ ҳал менамояд;
- вазъиятро таҳлил менамояд, барои беҳтар намудани корҳои табобатии воҳидҳои тиббӣ, рушди хоҷагиҳои ёрирасон ба муассисаҳои статсионарӣ кӯмаки методӣ ва амалӣ мерасонад;
- барои фиристодани эҳтиёҷмандон ба табобати санаторию курортӣ ва амбулаторию курортӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд;
- мутобиқи харҷномаи тасдиқшуда барои бо маводи хӯрока, доруворӣ, моддаҳои шустушӯй ва тамйизӣ, таҷҳизоти технологӣ, тиббӣ, нақлиёт ва агрегатҳои кишоварзӣ, сӯзишворӣ ва маводи сохтмон, асбобҳои нарму дурушт таъмин намудани муассисаҳои статсионарӣ мусоидат менамояд;
- пешбурди ҳуҷҷатгузории тиббӣ, истифода, нигоҳдорӣ ва аз эътибор соқит намудани доруҳоро назорат мекунад;
- бақайдгирии шаҳрвандони кӯҳансол ва маъюбонро дар муассисаҳои системаи Агентӣ ташкил мекунад ва назорат мебарад;
- ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав, баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ва сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳо, ки ба рушди хизматрасонии иҷтимоӣ равона шудааст ва ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ мусоидат менамояд;
- оид ба такмили шаклҳои мушоҳидаҳои оморӣ доир ба тавонбахшии маъюбон, хизматрасонии иҷтимоии шаҳрвандони кӯҳансол ва маъюбон, дасттирии иҷтимоии шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйироти миқдорӣ ва сифатии хизматрасонии иҷтимоӣ омӯзиш ва таҳлилҳо мегузаронад, пешгӯиҳоро доир ба рушди шакли давлатӣ ва дигар шаклҳои ташкилию ҳуқуқии хадамоти иҷтимоӣ таъмин месозад.
- чорабиниҳоро ҷиҳати амалӣ намудани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, аз ҷумла, маъюбон анҷом медиҳад;
- мониторинги риояи тартиби таъин, пардохт ва хароҷоти мақсадноки маблағҳоро, ки барои пардохти ҷубронпулӣ ва кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ҷудо шудаанд, мегузаронад;
- барои татбиқи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иттилоотонии аҳолиро ташкил менамояд.
6. Агентӣ дар баробари ваколатҳои номбаршуда дар доираи татбиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кооператсия, татбиқи молрасонии мутақобиларо тавассути ташкилотҳое амалӣ месозад, ки ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Агентӣ дахл доранд, рӯихати чунин молрасонии мутақобиларо муайян ва мувофиқа месозад;
- бо тартиби муқарраргардида дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷойгиркунии фармоишҳо ва таҳвили мол, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ, гузаронидани корҳои таҳқиқотию илмӣ, конструкторӣ ва технологӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият, аз ҷумла ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти Агентӣ озмунҳо мегузаронад ва шартномаҳои давлатӣ мебандад;
- таҳлили иқтисодии фаъолияти ташкилотҳои системаро анҷом дода, нишондодҳои иқтисодии фаъолияти онҳоро тасдиқ менамояд ва омӯзиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва истифодабарии маҷмӯи моликиятро мегузаронад;
- бо тартиби муқарраргардида бо мақомоти давлатии мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолияти Агентӣ ҳамкорӣ менамояд;
- қабули шаҳрвандонро ба роҳ мемонад, баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиатҳои шаҳрвандонро таъмин намуда, аз рӯи онҳо қарор қабул менамояд ва ба муроҷиаткунандагон дар мӯҳлати муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳо ирсол менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумотеро, ки дорои сирри давлатӣ мебошад, таъмин менамояд;
- тайёрии мобилизиатсионии дастгоҳи марказии Агентӣ, инчунин назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои дар тобеияташ бударо ба тайёрии мобилизатсионӣ таъмин менамояд;
- тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандони Агентиро ташкил менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кори пуррагардонӣ, нигоҳдорӣ, қайд ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгониро, ки дар раванди фаъолияти Агентӣ ташкил меёбанд, анҷом медиҳад;
- дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида, конгрессҳо, конференсияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳоро ташкил мекунад.
7. Агентӣ бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:
- ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ доир ба масъалаҳое, ки ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият дахлдор мебошанд, шарҳу тавзеҳ диҳад;
- барои кор карда баромадани масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ, олимон, мутахассисон ва ғайраро ҷалб созад;
- дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолияташ мақомоти машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияхо, гурӯҳҳо) таъсис диҳад;
- ташкили кор ва роҳбарии фаъолияти зерсохтори Агентиро аз рӯи масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ намояд;
- Агентӣ дар соҳаи муқаррагардидаи фаъолият ҳуқуқ надорад танзими меъёрии ҳуқуқӣ ва вазифаҳои назорату санҷиширо анҷом диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳоро фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- дигарҳо ваколатҳоро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ намояд.
3. Ташкили фаъолият
8. Ба Агентӣ Директор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Директори Агентӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.
Директори Агентӣ муовин дорад, ки ӯ бо пешниҳоди Директор аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Шумораи муовинони Директори Агентиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
9. Директори Агентӣ:
- лоиҳаи Низомнома, нақшаи идоракунӣ, шумораи ниҳоии кормандони Агентиро ҷиҳати тасдиқи минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи солона ва нишондодҳои фаъолияти Агентӣ, инчунин оид ба иҷрои онҳо ҳисобот пешниҳод менамояд;
- барои ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод иамудани муовини Директор ва сармуҳосиби Агентӣ, роҳбарон ва сармуҳосибони мақомоти вилоятӣ ва шаҳри Душанбе ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- дар мувофиқа бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони муассисаҳои системаи Агентӣ, мақомоти шаҳрӣ ва ноҳиявии Агентӣ, инчунин сармуҳосибони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ;
- барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони марказҳо ва шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаҳо ва будубоши рӯзона ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ розигии хаттӣ медиҳад;
- ӯҳдадориҳоро байни муовини худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ тақсим менамояд;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, инчунин низомнома ва оинномаҳои ташкилотҳои системаи Агентиро,ки дар Нақшаи идоракунӣ пешбинӣ шудаанд, тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ менамояд;
- оид ба эълони озмунҳо ҷиҳати ишғоли мансабҳо дар дастгоҳи марказии Агентӣ қарор қабул мекунад, кормандони дастгоҳи марказии Агентиро (ғайр аз роҳбарият) ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- басти вазифаҳои дастгоҳи марказии Агентиро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, бароварди хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Агентӣ муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои системаи Агентиро дар доираи маблағи дар давраи соли молиявӣ дар буҷети давлатӣ пешбинишуда таҳия ва барои тасдиқ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- маблағгузории муассисаҳои системаи Агентиро ғайр аз марказҳои минтақавӣ ва шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ дар хона аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- фармоишҳо мебарорад, дастурҳо, қоидаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки иҷрои онҳо аз ҷониби ҳамаи кормандони Агентӣ, мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои Агентӣ ҳатмӣ мебошад, тасдиқ намуда, назорати иҷрои онҳоро таъмин мекунад;
- нақшаи кор ва нишондодҳои фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаи Агентиро тасдиқ мекунад, инчунин ҳисоботро оид ба фаъолияти онҳо баррасӣ менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ҳавасмандгардонии кормандони Агентӣ, роҳбарони мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаро ҳал намуда, бо маоши вазифавии мутахассисон тибқи қонунгузорӣ иловапулиҳо муқаррар мекунад, барои комёбиҳои меҳнатӣ мукофот медиҳад, кормандони сазоворро бошад мутобиқи тартиби муқарраршуда барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
10. Ҷиҳати баррасии масъалаҳои фаъолият ва пешниҳоди тавсияҳо дар назди Агентӣ бо тартиби муқарраргардида мақомоти ҳамоҳангсоз (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ) аз ҷумла, мақомоти байнисоҳавӣ таъсис дода мешаванд.
11. Агентӣ бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда тибқи тартиби муқарраргардида нашри варақаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопиро анҷом медиҳад.
12. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳо, штампҳо ва варақаҳои дахлдор буда, аз ҳисоби ягонаи Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
13. Маҳалли ҷойгиршавии дастгоҳи марказии Агентӣ: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко - 69.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 марти соли 2014, № 168
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ
Раёсати кафолати кӯмакҳои иҷтимоӣ
Шӯъбаи молия ва хоҷагӣ
Шӯъбаи назорат ва коргузорӣ
Бахши ҳуқуқ
Бахши кадрҳо ва корҳои махсус
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 марти соли 2014, № 168
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Шӯъбаҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе
Бахшҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 марти соли 2014, № 168
тасдиқ шудааст
Номгӯи муассисаҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии будубоши доимии маъюбони дорои бемориҳои руҳӣ дар ноҳияи Кӯшониён ();
Муассисаи давлатии "Хона - интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор ;
Муассисаи давлатии "Хона - интернати беморони рӯҳии ноҳияи Восеъ"
Муассисаи давлатии "Хона - интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода"
Муассисаи давлатии "Хона - интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон"
Муассисаи давлатии "Хона - интернати пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент" (
Муассисаи давлатии "Хона - интернати беморони рӯҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ("
Муассисаи давлатии "Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати "Дӯстӣ" - и ноҳияи Қумсангир"
Муассисаи давлатии "Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати "Бибӣ Фотимаи Заҳро" - и ноҳияи Ишкошим" бо филиалаш дар ноҳияи Роштқалъа
Муассисаи давлатии "Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати "Ромит" - и шаҳри Ваҳдат"
Муассисаи давлатии "Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати "Харангон" - и ноҳияи Варзоб"
Марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Марказҳо ва шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона
Марказҳои тавонбахшии будубоши рӯзона дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 марти соли 2014, № 168
тасдиқ шудааст
Низомномаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақомоти ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳои таъминоти кафолати хизматрасонии давлатиро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, амалӣ менамояд.
2. Агентӣ дар Нақшаи идоракунии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.
3. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.
4. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
2. Вазифаҳо
5. Агентӣ дар соҳаи муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла нафақахӯрон, маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ва дигар табақаҳои камбизоати шаҳрвандони эҳтиёҷманд чорабиниҳоро татбиқ менамояд;
- мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида иҷрои корҳоро ҷиҳати татбиқи имтиёзҳои амалкунандаи иҷтимоии давлатӣ ташкил мекунад;
- ҷиҳати ба ҳаёти солими иҷтимоӣ мутобиқгардонии шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди аҳлӣ ва ҷисмонӣ чорабиниҳоро татбиқ менамояд;
- чорабиниҳоро ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии кудакони ятим ва кудакони оилаҳои камбизоат анҷом медиҳад;
- ҷиҳати бо таҳсил ва тавонбахшӣ фаро гирифтани кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд чорабиниҳо анҷом медиҳад;
- барои ҳамоҳангсозии фаъолияти иттиҳодияҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии собиқадорон, маъюбон ва ашхоси ба ҳифзи иҷтимоии давлатӣ мӯҳтоҷбуда мусоидат менамояд;
- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, марказҳои минтақавӣ ва дигар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоиро ҳамоҳанг месозад;
- чорабиниҳоро ҷиҳати рушди шабакаи муассисаҳои статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо таҳия ва татбиқ менамояд;
- тавонбахшии маҷмӯӣ, ҳамгироии иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла кӯмаки протезию ортопедиро амалӣ мегардонад, санадҳои ташкилию дастуриро оид ба масъалаҳои барои маъюбон, собиқадорон ва нафақахӯрони яккаву танҳои камбизоат фароҳам овардани фаъолияти ҳаёти мусоид таҳия менамояд;
- хизматрасонии иҷтимоӣ ва дастгирии иҷтимоии собиқадорон ва шаҳрвандонеро, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ, амалиёти террористӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, анҷом медиҳад;
- хизматрасонии тиббӣ, иҷтимоӣ, моддию маишӣ ва мадании шаҳрвандонеро, ки дар муассисаҳои статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ қарор доранд, ташкил менамояд;
- фаъолияти самараноки хоҷагиҳои ёрирасони муассисаҳои системаи Агентиро ташкил ва назорат мекунад;
- масъалаҳои вобаста ба ҷойгиркунонии шаҳрвандонро дар муассисаҳои статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ ҳал менамояд;
- вазъиятро таҳлил менамояд, барои беҳтар намудани корҳои табобатии воҳидҳои тиббӣ, рушди хоҷагиҳои ёрирасон ба муассисаҳои статсионарӣ кӯмаки методӣ ва амалӣ мерасонад;
- барои фиристодани эҳтиёҷмандон ба табобати санаторию курортӣ ва амбулаторию курортӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд;
- мутобиқи харҷномаи тасдиқшуда барои бо маводи хӯрока, доруворӣ, моддаҳои шустушӯй ва тамйизӣ, таҷҳизоти технологӣ, тиббӣ, нақлиёт ва агрегатҳои кишоварзӣ, сӯзишворӣ ва маводи сохтмон, асбобҳои нарму дурушт таъмин намудани муассисаҳои статсионарӣ мусоидат менамояд;
- пешбурди ҳуҷҷатгузории тиббӣ, истифода, нигоҳдорӣ ва аз эътибор соқит намудани доруҳоро назорат мекунад;
- бақайдгирии шаҳрвандони кӯҳансол ва маъюбонро дар муассисаҳои системаи Агентӣ ташкил мекунад ва назорат мебарад;
- ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав, баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ва сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳо, ки ба рушди хизматрасонии иҷтимоӣ равона шудааст ва ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ мусоидат менамояд;
- оид ба такмили шаклҳои мушоҳидаҳои оморӣ доир ба тавонбахшии маъюбон, хизматрасонии иҷтимоии шаҳрвандони кӯҳансол ва маъюбон, дасттирии иҷтимоии шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйироти миқдорӣ ва сифатии хизматрасонии иҷтимоӣ омӯзиш ва таҳлилҳо мегузаронад, пешгӯиҳоро доир ба рушди шакли давлатӣ ва дигар шаклҳои ташкилию ҳуқуқии хадамоти иҷтимоӣ таъмин месозад.
- чорабиниҳоро ҷиҳати амалӣ намудани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, аз ҷумла, маъюбон анҷом медиҳад;
- мониторинги риояи тартиби таъин, пардохт ва хароҷоти мақсадноки маблағҳоро, ки барои пардохти ҷубронпулӣ ва кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ҷудо шудаанд, мегузаронад;
- барои татбиқи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иттилоотонии аҳолиро ташкил менамояд.
6. Агентӣ дар баробари ваколатҳои номбаршуда дар доираи татбиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кооператсия, татбиқи молрасонии мутақобиларо тавассути ташкилотҳое амалӣ месозад, ки ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Агентӣ дахл доранд, рӯихати чунин молрасонии мутақобиларо муайян ва мувофиқа месозад;
- бо тартиби муқарраргардида дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷойгиркунии фармоишҳо ва таҳвили мол, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ, гузаронидани корҳои таҳқиқотию илмӣ, конструкторӣ ва технологӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият, аз ҷумла ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти Агентӣ озмунҳо мегузаронад ва шартномаҳои давлатӣ мебандад;
- таҳлили иқтисодии фаъолияти ташкилотҳои системаро анҷом дода, нишондодҳои иқтисодии фаъолияти онҳоро тасдиқ менамояд ва омӯзиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва истифодабарии маҷмӯи моликиятро мегузаронад;
- бо тартиби муқарраргардида бо мақомоти давлатии мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолияти Агентӣ ҳамкорӣ менамояд;
- қабули шаҳрвандонро ба роҳ мемонад, баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиатҳои шаҳрвандонро таъмин намуда, аз рӯи онҳо қарор қабул менамояд ва ба муроҷиаткунандагон дар мӯҳлати муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳо ирсол менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумотеро, ки дорои сирри давлатӣ мебошад, таъмин менамояд;
- тайёрии мобилизиатсионии дастгоҳи марказии Агентӣ, инчунин назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои дар тобеияташ бударо ба тайёрии мобилизатсионӣ таъмин менамояд;
- тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандони Агентиро ташкил менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кори пуррагардонӣ, нигоҳдорӣ, қайд ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгониро, ки дар раванди фаъолияти Агентӣ ташкил меёбанд, анҷом медиҳад;
- дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида, конгрессҳо, конференсияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳоро ташкил мекунад.
7. Агентӣ бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:
- ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ доир ба масъалаҳое, ки ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият дахлдор мебошанд, шарҳу тавзеҳ диҳад;
- барои кор карда баромадани масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ, олимон, мутахассисон ва ғайраро ҷалб созад;
- дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолияташ мақомоти машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияхо, гурӯҳҳо) таъсис диҳад;
- ташкили кор ва роҳбарии фаъолияти зерсохтори Агентиро аз рӯи масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ намояд;
- Агентӣ дар соҳаи муқаррагардидаи фаъолият ҳуқуқ надорад танзими меъёрии ҳуқуқӣ ва вазифаҳои назорату санҷиширо анҷом диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳоро фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
- дигарҳо ваколатҳоро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ намояд.
3. Ташкили фаъолият
8. Ба Агентӣ Директор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Директори Агентӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.
Директори Агентӣ муовин дорад, ки ӯ бо пешниҳоди Директор аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Шумораи муовинони Директори Агентиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
9. Директори Агентӣ:
- лоиҳаи Низомнома, нақшаи идоракунӣ, шумораи ниҳоии кормандони Агентиро ҷиҳати тасдиқи минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи солона ва нишондодҳои фаъолияти Агентӣ, инчунин оид ба иҷрои онҳо ҳисобот пешниҳод менамояд;
- барои ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод иамудани муовини Директор ва сармуҳосиби Агентӣ, роҳбарон ва сармуҳосибони мақомоти вилоятӣ ва шаҳри Душанбе ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- дар мувофиқа бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони мақомоти шаҳрӣ ва ноҳиявии Агентӣ, инчунин сармуҳосибони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони марказҳо ва шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаҳо ва будубоши рӯзона ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ розигии хаттӣ медиҳад;
- ӯҳдадориҳоро байни муовини худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ тақсим менамояд;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, инчунин низомнома ва оинномаҳои ташкилотҳои системаи Агентиро,ки дар Нақшаи идоракунӣ пешбинӣ шудаанд, тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ менамояд;
- оид ба эълони озмунҳо ҷиҳати ишғоли мансабҳо дар дастгоҳи марказии Агентӣ қарор қабул мекунад, кормандони дастгоҳи марказии Агентиро (ғайр аз роҳбарият) ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- басти вазифаҳои дастгоҳи марказии Агентиро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, бароварди хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Агентӣ муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои системаи Агентиро дар доираи маблағи дар давраи соли молиявӣ дар буҷети давлатӣ пешбинишуда таҳия ва барои тасдиқ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- маблағгузории муассисаҳои системаи Агентиро ғайр аз марказҳои минтақавӣ ва шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ дар хона аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- фармоишҳо мебарорад, дастурҳо, қоидаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки иҷрои онҳо аз ҷониби ҳамаи кормандони Агентӣ, мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои Агентӣ ҳатмӣ мебошад, тасдиқ намуда, назорати иҷрои онҳоро таъмин мекунад;
- нақшаи кор ва нишондодҳои фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаи Агентиро тасдиқ мекунад, инчунин ҳисоботро оид ба фаъолияти онҳо баррасӣ менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ҳавасмандгардонии кормандони Агентӣ, роҳбарони мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаро ҳал намуда, бо маоши вазифавии мутахассисон тибқи қонунгузорӣ иловапулиҳо муқаррар мекунад, барои комёбиҳои меҳнатӣ мукофот медиҳад, кормандони сазоворро бошад мутобиқи тартиби муқарраршуда барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
10. Ҷиҳати баррасии масъалаҳои фаъолият ва пешниҳоди тавсияҳо дар назди Агентӣ бо тартиби муқарраргардида мақомоти ҳамоҳангсоз (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ) аз ҷумла, мақомоти байнисоҳавӣ таъсис дода мешаванд.
11. Агентӣ бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда тибқи тартиби муқарраргардида нашри варақаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопиро анҷом медиҳад.
12. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳо, штампҳо ва варақаҳои дахлдор буда, аз ҳисоби ягонаи Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
13. Маҳалли ҷойгиршавии дастгоҳи марказии Агентӣ: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко - 69.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 марти соли 2014, № 168
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ
Раёсати кафолати кӯмакҳои иҷтимоӣ
Шӯъбаи молия ва хоҷагӣ
Шӯъбаи назорат ва коргузорӣ
Бахши ҳуқуқ
Бахши кадрҳо ва корҳои махсус
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 марти соли 2014, № 168
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Шӯъбаҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе
Бахшҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 марти соли 2014, № 168
тасдиқ шудааст
Номгӯи муассисаҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Хона - интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода"
Муассисаи давлатии "Хона - интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон"
Муассисаи давлатии "Хона - интернати пиронсолон, маъюбон ва беморони равонии шаҳри Панҷакент"
Муассисаи давлатии "Хона- интернати пиронсолон ва маъюбони "Деҳмой" - и ноҳияи Ҷ. Расулов"