Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 № 155 "Дар бораи Тартиби аз ҳисоб бароварданн қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 75 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби аз ҳисоб бароварданн қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо

Мутобиқи моддаи 78 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Бақияпулиҳои андози андозсупорандагон, ки то 1 январи соли 2009 ба вуҷуд омада, то ҳол пардохт нагардидаанд ва ҷаримаю фоизҳое, ки барои сари вақт напардохтани ин андозҳо то лаҳзаи аз эътибор соқит намудан ҳисоб карда шудаанд, тибқи муқаррароти моддаҳои 64, 66 ва 78 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби мазкур беэътимод дониста шуда, аз эътибор соқит карда шаванд.

3. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати 3 моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур оид ба муайян намудани ҳолати дар банди 2 қарори мазкур пешбинигардида чораҷӯӣ намояд.

4. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2005, № 291 "Дар бораи қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо" ва аз 2 декабри соли 2005, № 473 "Дар бораи тасдиқи Дастуруламали тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо" аз эътибор соқит дониста шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 марти соли 2014, № 155

ш.Душанбе