ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2007с. № 109)
Бо мақсади таъмини муқаррароти банди 4 Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2004 № 1275 "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005" оид ба кам кардани бақияпулиҳои корхона ва ташкилотҳо аз рӯи пардохти андози солҳои гузашта, мутобиқи моддаи 99 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати мехнат ва хифзи ичтимоии ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзҳои то 1 январи соли 2004 бавуҷудомадаи корхона ва ташкилотҳоро аз рӯи андозҳои умумидавлати, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо, аз ҷумла қарзҳои тамдидкардашуда, ки мӯҳлати тамдиди онҳо 1 январи соли 2005 ба охир расидааст, барраси намояд ва дар ҳолати муқаррар гардидани беэътимодии ин қарзҳо
- маблағҳои то 100000 (сад ҳазор) сомониро аз ҳисоб бароварда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
- нисбати маблағҳои аз 100000 (сад ҳазор) сомони зиёд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули қарори дахлдор пешниҳод манзур намояд.
2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати қарзҳои корхона ва ташкилотҳоро аз рӯи андозҳои маҳалли, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо, ки то 1 январи соли 2004 ба вуҷуд омадаанд, барраси намоянд ва дар ҳолати муқаррар гардидани беэътимодии ин қарзҳо онҳоро аз ҳисоб бароранд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ Дастуруламали тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳоро таҳия намуда, бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 августи соли 2005 № 291
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О безнадёжных задолженностях по налогам, процентам и штрафам по ним
(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.03.2007г.№109)
В целях обеспечения определения пункта 4 Постановления Малжлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 15 декабря 2004 года № 1275 "О принятии Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2005 год" по сокращению недоимки предприятий и организаций по налоговым платежам прошлых лет, в соответствии со статьей 99 Налогового кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с Министерством труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан и Налоговым комитетом при Правительстве Республики Таджикистан изучить задолженности предприятий и организаций по общегосударственным налогам, процентам и штрафам по ним, образовавшиеся по состоянию на 1 января 2004 года, в том числе реструктуризированных задолженностей, срок реструктуризации которых истек 1 января 2005 года и в случае установления безнадежности этих задолженностей
- в суммах до 100000 (ста тысяч) сомони списать и представить информацию в Правительство Республики Таджикистан;
- по суммам более 100000 (сто тысяч) сомони представить предложения в Правительство Республики Таджикистан для принятия соответствующего решения.
2. Местным органам государственной власти изучить задолженности предприятий и организаций по местным налогам, процентам и штрафам по ним, образовавшиеся по состоянию на 1 января 2004 года и в случае установления безнадёжности этих задолженностей их списать.
3. Министерство финансов Республики Таджикистан в месячный срок разработать инструкцию о порядке списания безнадежной задолженности по налогам, процентам и штрафам по ним и в установленном порядке представить в Правительства республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 1 августа 2005 года № 291
г. Душанбе