Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 № 149 "Дар бораи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 630, аз 28.03.2022 № 130)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи корхонаю муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Номгӯи корхонаҳои воҳиди давлатие, ки дар соҳаи нафту газ фаъолият мекунанд, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4 ва 5).

2. Шумораи умумии кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 266 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 89 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2020 № 630, аз 28.03.2022 № 130).

3. Ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.

Барои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 23 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказии Вазорат 5 адад муқаррар карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2022 № 130).

4. Маблағгузории Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешнибинишуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода шавад.

5. Дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ таъсис дода шавад.

6. Корхонаи воҳиди давлатии "Нафту газ ва ангишт" Корхонаи воҳиди давлатии "Нафту газ" номгузорӣ карда шавад.

7. Муассисаи давлатии маҷаллаи "Энергетика ва саноат" Муассисаи давлатии маҷаллаи "Энергетика ва захираҳои об" номгузорӣ карда шавад.

8. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мутобиқ намояд.

9. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 605 "Дар бораи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 марти соли 2014 № 149

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи корхонаю муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Номгӯи корхонаҳои воҳиди давлатие, ки дар соҳаи нафту газ фаъолият мекунанд, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4 ва 5).

2. Шумораи умумии кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 266 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 89 воҳид муқаррар карда шавад.

3. Ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.

Барои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 22 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказии Вазорат 4 адад муқаррар карда шавад.