Қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 № 146 "Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 28.11.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418, аз 28.11.2023 № 536)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 807 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 79 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418, аз 28.11.2023 № 536).

3. Ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад ва ҳайати мушовараро иборат аз 9 нафар ташкил намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418, аз 28.11.2023 № 536).

4. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.11.2023 № 536)

5. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

6. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- низомномаҳои мақомоти дар нақшаи идоракунии Вазорат нишондодашударо таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мутобиқ намояд.

7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 600 "Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 марти соли 2014 № 146

ш. Душанбе