Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, № 117 "Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.04.2026 № 208)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯйи ташкилотҳои низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 808 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 80 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.04.2026 № 208).

3. Ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки чор муовини вазир, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.04.2026 № 208).

4. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ, мақомот ва ташкилотҳои низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои махсуси вазорат ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

5. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 апреля соли 2025:

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 «Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.


...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Министерстве труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан
(в редакции пост. Правительства РТ от 23.04.2026 №208)

В соответствии со статьей 12 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» и статьей 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Положение, структуру центрального аппарата, Схему управления и Перечень организаций системы Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан (приложения 1, 2, 3 и 4).

2. Установить предельную численность работников Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в количестве 808 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе центрального аппарата в количестве 80 единиц (в редакции пост. Правительства РТ от 23.04.2026 №208).

3. Разрешить Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан иметь четырёх заместителей министра, в том числе одного первого и коллегию в составе 9 человек (в редакции пост. Правительства РТ от 23.04.2026 №208).

4. Финансирование центрального аппарата, органов и организаций системы Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан осуществить за счет средств республиканского бюджета, специальных средств министерства и иных источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.

5. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан до 1 апреля 2024 года:

- представить предложения по внесению изменений и дополнений в отраслевые нормативные правовые акты;

- привести свои акты в соответствие с настоящим постановлением.

6. Признать утратившими силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №146 «О Министерстве труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
...