Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2014 № 179 "Дар бораи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(фармони Президенти ҶТ аз 13.05.2022 №384)

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" фармон медиҳам (фармони Президенти ҶТ аз 13.05.2022 №384):

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба теъдоди 52 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла шумораи дастгоҳи марказии Агентӣ ба миқдори 33 воҳид муқаррар карда шавад (фармони Президенти ҶТ аз 13.05.2022 №384).

3. Ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини директор, аз ҷумла як муовини якум, инчунин ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад (фармони Президенти ҶТ аз 13.05.2022 №384).

4. Маблағгузории дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад (фармони Президенти ҶТ аз 13.05.2022 №384).

5. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2007, № 264 "Дар бораи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

 15 марти соли 2014 № 179

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об Агентстве государственной службы при Президенте Республики Таджикистан

(в редакции Указа Президента РТ от 13.05.2022 №384)

В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан и в целях исполнения указа Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года, №12 "О совершенствовании структуры исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан" постановляю (в редакции Указа Президента РТ от 13.05.2022 №384):

1. Утвердить Положение, Структуру центрального аппарата и Схему управления Агентства государственной службы при Президенте Республики Таджикистан (приложения 1, 2 и 3).

2. Установить предельную численность работников Агентства государственной службы при Президенте Республики Таджикистан в количестве 52 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе численность центрального аппарата Агентства в количестве 33 единиц (в редакции Указа Президента РТ от 13.05.2022 №384).

3. Разрешить Агентству государственной службы при Президенте Республики Таджикистан иметь двух заместителей директора, в том числе одного первого, а также коллегию в составе 7 человек и установить лимит служебных легковых автомобилей в количестве 4 единиц (в редакции Указа Президента РТ от 13.05.2022 №384).

4. Финансирование центрального аппарата Агентства государственной службы при Президенте Республики Таджикистан и его местных структур произвести за счет средств республиканского бюджета (в редакции Указа Президента РТ от 13.05.2022 №384).

5. Признать утратившим силу Указ Президента Республики Таджикистан от 9 июня 2007 года, №264 "Об Управлении государственной службы при Президенте Республики Таджикистан".

Президент

Республики Таджикистан                                 Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 15 марта 2014 года, № 179