Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2022, №384 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2014, №179"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2014, №179

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2014, №179 "Дар бораи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1) аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ ва калимаи "Фармони" ба калимаи "фармони" иваз карда шавад;

2) дар банди 2 рақамҳои "44" ва "25" мувофиқан ба рақамҳои "52" ва "33" иваз карда шаванд;

3) дар банди 3 калимаи "Директор" ба калимаи "директор" иваз карда шавад;

4) дар банди 4 калимаҳои "сохторҳои зертобеи он дар маҳал" ба калимаҳои "сохторҳои маҳаллии он" иваз карда шаванд.

2. Ба Низомномаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2014, №179 "Дар бораи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) бандҳои 1, 2, 3 ва 4 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"1. Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад ва дар доираи ваколатҳои худ сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро амалӣ месозад.

2. Агентӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

3. Агентӣ дар доираи ваколатҳои худ бо мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо ҳамкорӣ менамояд.

4. Самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатии соҳаи хизмати давлатӣ, батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии соҳа, ташкил, таъмин ва назорати иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ва адои хизмати давлатӣ, ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, мусоидат ба амалишавии кафолатҳо ва ҳавасмандгардонии онҳо иборат аст.";

2) дар банди 5:

- дар сархати якум калимаҳои "рушд ва ташаккули низоми" ба калимаи "рушди" иваз карда шаванд;

- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- лоиҳаи феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, амалишавии онро назорат мекунад;";

3) дар банди 6:

- қисми муқаддимавӣ дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"6. Агентӣ барои таҳсил (азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ)-и хизматчиёни давлатӣ, кормандони дигар мақомоти давлатӣ ва дар асоси муроҷиат барои кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ чорабиниҳои зеринро амалӣ месозад:";

- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- барои ташкили азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои касбии баъдидипломӣ, таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар магистратура, аспирантура ва докторантура аз рӯи ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд;";

- аз сархати сеюм калимаҳои "барномаҳои таълимии мақомоти давлатиро тасдиқ ва" хориҷ карда шаванд;

- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ҳамоҳанг месозад;";

- аз сархати панҷум калимаҳо ва аломати "тайёркунии касбӣ," хориҷ карда шаванд;

4) аз сархати сеюми банди 7 калимаҳо ва аломати "тайёркунии касбӣ," хориҷ карда шаванд;

5) дар банди 8:

- дар сархати шашум калимаҳои "кафолати ҷараёни идоракунии ҳайат" ва "амалӣ" мувофиқан ба калимаҳои "адои хизмати давлатӣ" ва "назорат" иваз карда шаванд;

- дар сархати ҳафтум калимаи "стандартҳои" ба калимаи "қоидаҳои" иваз карда шавад;

- сархатҳои ҳаштум ва нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- роҳбарии методии хадамоти кадрии мақомоти давлатиро амалӣ ва лоиҳаи низомномаи намунавии хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- сатҳи талаботи тахассусиро барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ таҳия ва тасдиқ менамояд;";

- сархати сенздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- таҳлили ҳарсолаи эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ оид ба таҳсили хизматчиёни давлатиро гузаронида, барои таҳияи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, амалисозии онро ташкил ва назорат мекунад;";

- дар сархатҳои чордаҳум ва понздаҳум калимаи "Донишкадаи" ба калимаи "Академияи" иваз карда шавад;

- дар сархати ҳабдаҳум калимаи "тадқиқотӣ" ба калимаи "таҳқиқотӣ" иваз карда шавад;

- дар сархати ҳаждаҳум калимаҳои "молу мулкро" ба калимаи "молумулкиро" иваз карда шавад;

- сархатҳои бисту дуюм, бисту сеюм, бисту чорум, бисту панҷум ва бисту шашум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- якҷо бо мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли ҳисоботи омори соҳаи хизмати давлатӣ ва дастурамали тартиб додани онро тасдиқ менамояд;

- номгӯи мансабҳои хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон)-и мақомоти давлатиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- тартиби пешбурди парвандаи шахсии хизматчиёни давлатиро тасдиқ ва иҷрои онро назорат менамояд;

- қоидаҳои таҳияи дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ ва амалисозии онҳоро назорат менамояд;

- якҷо бо мақомоти давлатии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи бемориҳоеро, ки барои иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ монеа мегарданд, таҳия ва тасдиқ менамояд;";

- сархати бисту сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- дар доираи ваколатҳои худ санҷиши иҷрои талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатиро мегузаронад;";

- дар сархати сию сеюм калимаҳои "шифоҳӣ ва хаттии" хориҷ ва калимаи "мӯҳлати" ба калимаи "муҳлатҳои" иваз карда шавад;

6) дар сархати сеюми банди 9 калимаи "ҷамоатҳо" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шавад;

7) дар ҷумлаи якуми банди 11, сархати бистуми банди 12, бандҳои 13, 14, 15 ва 17 калимаҳои "Директор" ва "Директори" мувофикан ба калимаҳои "директор" ва "директори" иваз карда шаванд;

8) дар банди 12:

- дар сархати шашум калимаҳои "дигар кормандони ҳайати хизматрасон ва техникӣ" ба калимаҳои "хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон)" иваз карда шаванд;

- дар сархати нуҳум калимаҳои "ҳайати хизматрасон ва техникиро" ба калимаҳои "хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон)-ро" иваз карда шаванд;

- дар сархати дувоздаҳум калимаҳои "ҳайати хизматрасон ва техникӣ" ба калимаҳои "хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон)" ва калимаи "ӯҳдадориҳои" ба калимаи "уҳдадориҳои" иваз карда шаванд;

- дар сархатҳои сенздаҳум ва бисту якум калимаи "ӯҳдадориҳои" ба калимаи "уҳдадориҳои" иваз карда шавад;

- дар сархати чордаҳум калимаҳои "ҳайати хизматрасон ва кормандони техникиро" ба калимаҳои "хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон)-ро" иваз карда шаванд;

9) дар банди 13 калимаи "ӯҳдадорӣ" ба калимаи "уҳдадорӣ" иваз карда шавад;

10) дар банди 15 калимаи "Донишкадаи" ба калимаи "Академияи" иваз карда шавад;

11) дар банди 21 калимаҳои "воҳидҳои сохтории зертобеи Агентӣ" ва "шӯъба" мувофиқан ба калимаҳои "сохторҳои маҳаллии Агентӣ" ва "шуъба" иваз карда шаванд;

12) дар сархати якуми зербанди "б" банди 23 калимаи "мӯҳлатҳои" ба калимаи "муҳлатҳои" иваз карда шавад;

13) дар номи боби 6 рақами "6" ба рақами "4" иваз карда шавад;

14) дар банди 25 калимаҳои "мӯҳр" ва "мӯҳрҳои" мувофиқан ба калимаҳои "муҳр" ва "муҳрҳои" иваз карда шаванд.

3. Сохтори дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2014, №179 "Дар бораи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 майи соли 2022, №384

Замима

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 майи соли 2022, №384

Сохтори дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ

Шуъбаи идоракунии захираҳои инсонӣ

Шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ

Шуъбаи ташкилию иттилоотӣ

Шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва назорат

Шуъбаи махзани маълумоти хизматчиёни давлатӣ

Шуъбаи молия ва муҳосибот

У К А 3 ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в указ Президента Республики Таджикистан от 15 марта 2014 года, №179

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:

1. Внести в указ Президента Республики Таджикистан от 15 марта 2014 года, №179 "Об Агентстве государственной службы при Президенте Республики Таджикистан" следующие изменения:

1) в преамбуле слово "Указа" заменить словом "указа";

2) в пункте 2 цифры "44" и "25" соответственно заменить цифрами "52" и "33";

3) в пункте 3 слово "Директора" заменить словом "директора";

4) в пункте 4 слова "его подведомственных структур на местах" заменить словами "его местных структур".

2. Внести в Положение об Агентстве государственной службы при Президенте Республики Таджикистан, утвержденное указом Президента Республики Таджикистан от 15 марта 2014 года, №179 "Об Агентстве государственной службы при Президенте Республики Таджикистан", следующие изменения и дополнения:

1) пункты 1, 2, 3 и 4 изложить в следующей редакции:

"1. Агентство государственной службы при Президенте Республики Таджикистан (далее - Агентство), являясь центральным исполнительным органом государственной власти Республики Таджикистан, подчиняется и подотчетно Президенту Республики Таджикистан и в рамках своих полномочий осуществляет единую государственную политику и нормативно-правовое регулирование сферы государственной службы.

2. Агентство осуществляет свою деятельность на основании Конституции Республики Таджикистан, конституционных законов и законов Республики Таджикистан, постановлений Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указов и распоряжений Президента Республики Таджикистан, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, международных правовых актов, признанных Таджикистаном и настоящего Положения.

3. Агентство в рамках своих полномочий сотрудничает с центральными органами государственной власти, местными исполнительными органами государственной власти, органами самоуправления поселков и дехотов и организациями.

4. Основными направлениями деятельности Агентства являются реализация единой государственной политики сферы государственной службы, нормативно-правовое регулирование сферы, организация, обеспечение и контроль выполнения законодательства сферы государственной службы и прохождения государственной службы,

организация курсов переподготовки, повышения квалификации и стажировки государственных служащих, содействие в осуществлении их гарантий и поощрений.";

2) в пункте 5:

- в первом абзаце слова "пути развития и совершенствования системы" заменить словом "развитии";

- абзац четвертый изложить в следующей редакции:

"- разрабатывает проект реестра государственных должностей Республики Таджикистан и представляет для утверждения Президенту Республики Таджикистан, осуществляет контроль его реализации;

3) в пункте 6:

- в водную часть изложить в следующей редакции:

"6. Агентство для обучения (переподготовки, повышения квалификации и стажировки) государственных служащих, работников других государственных органов и на основании обращения для работников государственных предприятий, учреждений и других организаций осуществляет следующие мероприятия:";

- абзац первый изложить в следующей редакции:

"- содействует организации переподготовки, повышению квалификации и стажировке государственных служащих в Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан, других учреждениях высшего профессионального образования и последипломных профессиональных учреждениях, обучению государственных служащих в магистратуре, аспирантуре и докторантуре по специальности внутри и за пределами страны;";

- из абзаца третьего слова "утверждает образовательные программы государственных органов и" исключить;

- абзац четвертый изложить в следующей редакции:

"- координирует деятельность государственных органов по вопросам переподготовки, повышения квалификации и стажировки государственных служащих;";

- из абзаца пятого слова и знак "профессиональной подготовки," исключить;

4) из абзаца третьего пункта 7 слова и знак "профессиональной подготовки," исключить;

5) в пункте 8:

- в абзаце шестом слова "осуществление" и "гарантий прюцесса управления персоналом" заменить соответственно словами "контроль" и "прохождения государственной службы";

- в абзаце седьмом слово "стандартов" заменить словом "правил";

- дополнить абзацами восьмым и девятым следующего содержания:

"- осуществление методического руководства кадровыми службами государственных органов и разработку проекта типового положения о кадровых службах государственных органов Республики Таджикистан и представление для утверждения Президенту Республики Таджикистан;

- разработка и утверждение уровня квалификационных требований для административных государственных служащих;";

- абзац тринадцатый изложить в следующей редакции:

"- проведение ежегодного анализа потребносги государственных органов по вопросам обучения государственных служащих и представление в Академию государственного управления при Президенте Республики Таджикистан для разработки План-графика курсов переподготовки, повышения квалификации и стажировки государственных служащих, организация и контроль его реапизации;";

- в абзацах четырнадцатом и пятнадцатом слова "Инсгитута" и "Институте" заменить словами "Академии";

- дополнить абзацами двадцать вторым, двадцать третьим, двадцать четвёртым, двадцать пятым и двадцать шестым следующего содержания:

"- утверждение формы сгатистического отчета сферы государственной службы и инсгрукции по его сосгавлению совмесгно с государсгвенным органом сгатистики Республики Таджикистан;

- разработка перечня должностей гражданских служащих (технического и обслуживающего персонала) государственных органов и представление в Правительство Республики Таджикистан для утверждения;

- утверждение порядка ведения личных дел государственных служащих и контроль его реализации;

- утверждение правил разработки должностных инструкций административных государственных служащих Республики Таджикистан и контроль их реализации;

- разработка совместно с государственным органом здравоохранения Республики Таджикистан и утверждение перечня заболеваний, препятствующих исполнению должностных обязанностей государственного служащего,;";

- абзац двадцать третий изложить в следующей редакции:

"- в рамках своих полномочий проведение проверки выполнения требований законодательства государственной службы в государственных органах;";

- в абзаце тридцать третьем слова "устных и письменных" исключить;

6) в абзаце третьем пункта 9 слово "джамоатов" заменить словами "органов самоуправления посёлков и дехотов";

7) в первом предложении пункта 11, в абзаце двадцатом пункта 12, пунктах 13, 14, 15 и 17 слова "Директор", "Директора", "Директору" и "Директором" соответственно заменить словами "директор", "директора", "директору" и "директором";

8) в пункте 12:

- в абзаце шестом слова "другими работниками обслуживающего и технического персонала" заменить словами "гражданскими служащими (техническим и обслуживающим персоналом)";

- в абзаце девятом слова "технический и обслуживающий персонал" заменить словами "гражданских служаших (технического и обслуживающего персонала);";

- в абзаце двенадцатом слова "технического и обслуживающего персонала" заменить словами "гражданских служащих (технического и обслуживающего персонала)";

- в абзаце четырнадцатом слова "технический и обслуживающий персонал" заменить словами "гражданских служаших (технического и обслуживающего персонала)";

9) в пункте 15 слово "Института" заменить словом "Академии";

10) в пункте 21 слова "подведомственные подразделения Агентства" заменить словами "местные структуры Агентства";

11) в названии главы 6 цифру "6" заменить цифрой "4".

3. Утвердить Структуру центрального аппарата Агентства государственной службы при Президенте Республики Таджикистан, утвержденную указом Президента Республики Таджикистан от 15 марта 2014 года, №179 "Об Агентстве государственной службы при Президенте Республики Талжикистан". в новой пелакпии (прилагается).

Президент

Республики Таджикистан                                                        Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 13 мая 2022 года, №384

Приложение

 к указу Президента

Республики Таджикистан

от 13 мая 2022 года, №384

Структура центрального аппарата Агентства государсгвенной службы при Президенте Республики Таджикистан

Руководство

Отдел правового обеспечения

Отдел управления человеческими ресурсами

Отдел социальной защиты государственных служащих

Организационно-информационный отдел

Отдел кадров, делопроизводства и контроля

Отдел базы данных государсгвенных служащих

Отдел финансов и бухгалтерии