Замимаи 1
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2014 № 179
тасдиқ шудааст
Низомномаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(фармони Президенти ҶТ аз 13.05.2022 №384)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад ва дар доираи ваколатҳои худ сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро амалӣ месозад ().
2. Агентӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.
3. Агентӣ дар доираи ваколатҳои худ бо мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо ҳамкорӣ менамояд.
4. Самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатии соҳаи хизмати давлатӣ, батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии соҳа, ташкил, таъмин ва назорати иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ва адои хизмати давлатӣ, ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, мусоидат ба амалишавии кафолатҳо ва ҳавасмандгардонии онҳо иборат аст ().
2. Ваколатҳо, вазифа ва функсияҳои асосии Агентӣ
5. Ваколатҳои Агентӣ:
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба роҳҳои рушди хизмати давлатӣ пешниҳод манзур менамояд ();
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи хизмати давлатиро пешниҳод менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро таҳия ва қабул менамояд;
- лоиҳаи феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, амалишавии онро назорат мекунад
- дар доираи ваколатҳояш дар мақомоти давлатӣ санҷиш мегузаронад, намояндагони мақомоти давлатиро ба баррасии масъалаҳои дар доираи салоҳияти худ қарордошта ҷалб менамояд;
- ҷиҳати бекор кардани қарорҳои мақомоти давлатӣ, ки хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ мебошанд, ба мақомоти давлатии дахлдор, мақомоти болоӣ пешниҳод манзур менамояд ва ба суд муроҷиат мекунад;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ дар доираи салоҳияти худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ ва ҷазои маъмурӣ таъин менамояд;
- баҳодиҳии самараноки идоракунии ҳайат ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ вобаста ба масъалаҳои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатӣ мегузаронад;
- бо мақомоти давлатии ваколатдори соҳаи хизмати давлатии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҳамкорӣ менамояд;
- дар таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва амалигардонии ҳамкории байналмилалӣ, татбиқи барномаҳои таълимӣ дар дохил ва хориҷи кишвар иштирок менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалии соҳаи хизмати давлатиро ба имзо мерасонад ва амалӣ менамояд;
- дар бораи беҳдошти шароити меҳнат ва таъминоти иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ пешниҳод манзур менамояд;
- бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ менамояд.
6. Агентӣ барои таҳсил (азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ)-и хизматчиёни давлатӣ, кормандони дигар мақомоти давлатӣ ва дар асоси муроҷиат барои кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ чорабиниҳои зеринро амалӣ месозад
- барои ташкили азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои касбии баъдидипломӣ, таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар магистратура, аспирантура ва докторантура аз рӯи ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд
- масъалаҳои вобаста ба таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва таъмини мақомоти давлатӣ бо кадрҳои баландихтисосро ҳамоҳанг месозад;
- механизми таҳсили хизматчиёни давлатиро таҳия карда, якҷоя бо мақомоти давлатӣ арзёбии эҳтиёҷот ба таҳсилро муайян мекунад, татбиқ гаштани фаъолиятро дар ин самт назорат менамояд ;
- фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ҳамоҳанг месозад;
- дар таҳияи нақша-ҷадвали ҳарсолаи курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ иштирок мекунад ();
- шумораи хизматчиёни давлатӣ, категорияҳои мансабҳои давлатии маъмуриро барои таҳсил, эҳтиёҷот ба таҳсили онҳо муайян менамояд;
- мониторинги ҳолати ба таҳсил фаро гирифтани хизматчиёни давлатиро мегузаронад ва натиҷаи онро ҷамъбаст менамояд;
- таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатиро дар мақомоти давлатӣ ташкил ва амалӣ менамояд;
- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
7. Вазифаҳои асосии Агентӣ:
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккул ва баланд бардоштани самаранокии соҳаи хизмати давлатӣ;
- ташкили низоми самараноки интихоби кадрҳо ва идоракунии ҳайати кормандон;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар масъалаҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ();
- таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии хизматчиёни давлатӣ.
8. Функсияҳои асосии Агентӣ:
- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешбурди сиёсати давлатиро дар соҳаи хизмати давлатӣ анҷом медиҳад;
- натиҷаҳои татбиқи сиёсати хизмати давлатиро таҳлил ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани самтҳои асосии ислоҳот ва рушди хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти ташаккул додан ва баланд бардоштани самаранокии хизмати давлатӣ иштирок менамояд;
- назорати иҷрои қонунгузории хизмати давлатиро дар мақомоти давлатӣ анҷом медиҳад ва аз онҳо маълумот дархост менамояд;
- меъёрҳои одоби хизматчиёни давлатиро таҳия ва назорати фаъолияти комиссияҳои оид ба одоби мақомоти давлатиро ба роҳ мемонад;
- механизмҳои таъминоти кадрӣ, қоидаҳои қабул ба хизмати давлатӣ, адои хизмати давлатӣ ва банақшагирии болоравии мансабиро дар низоми хизмати давлатӣ назорат менамояд ;
- қоидаҳои гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, болоравии мансабӣ ва баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатиро таҳия менамояд ;
- роҳбарии методии хадамоти кадрии мақомоти давлатиро амалӣ ва лоиҳаи низомномаи намунавии хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
- сатҳи талаботи тахассусиро барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ таҳия ва тасдиқ менамояд ();
- роҳбарии методӣ ва назорати гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ротатсияи (ҷойивазкунии) хизматчиёни давлатии ҳайати роҳбарикунандаро анҷом медиҳад;
- низоми иттилоотӣ-коммуникатсиониро дар соҳаи хизмати давлатӣ ташкил ва ҷорӣ менамояд;
- таъминоти иттилоотии мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ амалӣ мегардонад;
- механизмҳои ташаккул ва самаранокии захираи кадрҳоро татбиқ менамояд;
- таҳияи барномаҳои таълимиро барои кадрҳои захираи мақомоти давлатӣ ба нақша мегирад;
- таҳлили ҳарсолаи эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ оид ба таҳсили хизматчиёни давлатиро гузаронида, барои таҳияи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, амалисозии онро ташкил ва назорат мекунад
- маҳзани маълумотро дар бораи хатмкардаҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои олии таълимӣ, ки мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ тайёр мекунанд, таҳия менамояд ();
- дар чорабиниҳои мақомоти давлатӣ вобаста ба интихоби номзадҳо барои таҳсил дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд ();
- тадбирҳои банақшагирӣ ва дурнамои эҳтиёҷоти умумии хизматчиёни давлатиро ба таҳсил таҳия менамояд;
- оид ба ташкили фаъолияти илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ пешниҳод манзур менамояд ();
- ҷараёни супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи молумулкиро аз тарафи хизматчиёни давлатӣ назорат ва таҳлил менамояд ();
- таҷрибаи пешқадами мақомоти давлатиро дар соҳаи хизмати давлатӣ таҳлил ва ҷорӣ мекунад;
- ҷиҳати татбиқи сиёсати гендерӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ тадбирҳо анҷом медиҳад;
- оид ба такмили низоми пардохти музди меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ пешниҳод манзур менамояд;
- якҷо бо мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли ҳисоботи омори соҳаи хизмати давлатӣ ва дастурамали тартиб додани онро тасдиқ менамояд;
- номгӯи мансабҳои хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон)-и мақомоти давлатиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- тартиби пешбурди парвандаи шахсии хизматчиёни давлатиро тасдиқ ва иҷрои онро назорат менамояд;
- қоидаҳои таҳияи дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ ва амалисозии онҳоро назорат менамояд;
- якҷо бо мақомоти давлатии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи бемориҳоеро, ки барои иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ монеа мегарданд, таҳия ва тасдиқ менамояд ();
- оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешниҳод манзур менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ санҷиши иҷрои талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатиро мегузаронад ();
- тартиби ҷорӣ намудани санҷиши тестиро барои довталабони мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ муайян менамояд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти комиссияҳои мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ анҷом медиҳад;
- оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ чораҳои зарурӣ меандешад;
- мониторинги татбиқи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мақомоти давлатӣ мегузаронад ва барои роҳ надодан ба бархурди манфиатҳо тадбирҳо меандешад;
- мониторинги ҳолати таъминоти кадрии хизмати давлатӣ ва захираи кадрҳои мақомоти давлатиро гузаронида, эҳтиёҷоти мақомоти давлатиро ба кадрҳо пешбинӣ менамояд;
- пешбурди Феҳристи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиб ва ташкили маҳзани маълумот оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва захираи кадрҳои хизмати давлатиро анҷом медиҳад;
- мутобиқи тартиби муқарраршуда санҷиши маълумоти пешниҳоднамудаи шаҳрвандро ҳангоми ҳалли масъалаи ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин (интихоб) шудани ӯ мегузаронад;
- маълумоти омори давлатиро дар соҳаи хизмати давлатӣ ҷамъоварӣ, коркард ва нашр менамояд;
- дар бораи ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод манзур менамояд;
- қабули шаҳрвандон, хизматчиёни давлатӣ ва шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ташкил, баррасии саривақтӣ ва босифати муроҷиатҳои онҳо, қабули қарорҳои дахлдор ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба муроҷиаткунандагон ирсол намудани ҷавобҳоро анҷом медиҳад ();
- дар доираи ваколати Агентӣ ҳифзи маълумотеро, ки сирри хизматӣ ва давлатиро дар бар мегиранд, таъмин менамояд;
- ҷобаҷокунӣ, нигаҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгониро, ки дар рафти фаъолияти дастгоҳи марказии Агентӣ ва сохторҳои маҳаллии он таҳия мешаванд, амалӣ менамояд;
- дигар функсияҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
9. Бо мақсади татбиқи вазифа ва функсияҳои соҳаи хизмати давлатӣ Агентӣ ҳуқуқ дорад:
- аз мақомоти давлатӣ маълумоти барои қабули қарор заруриро оид ба масъалаҳои соҳаи фаъолият бо тартиби муқарраргардида дархост намояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи Агентӣ оид ба хизмати давлатиро шарҳ диҳад, дар хусуси тартиби татбиқи хизмати давлатӣ тавсия ва дастурҳои методӣ таҳия ва пешниҳод намояд, нашри иттилоотро ба роҳ монад;
- барои таҳияи масъалаҳои соҳаи фаъолият намояндагони мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои илмӣ, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд ();
- дар доираи муқарраргардидаи фаъолият мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла байниидоравӣ ташкил намояд.
3. Ташкили фаъолият
10. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунии Агентиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
11. Ба Агентӣ директор роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад .
Директори Агентӣ муовинон, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
12. Директори Агентӣ:
- роҳбарии умумии фаъолияти Агентиро анҷом дода, барои иҷрои ваколат, вазифа ва функсияҳои Агентӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти шахсӣ дорад;
- дар доираи салоҳияти худ оид ба масъалаҳои фаъолияти Агентӣ фармоиш (қарор) қабул менамояд;
- низомномаҳои дастгоҳи марказии Агентӣ ва воҳидҳои сохтории он, басти вазифаҳоро дар доираи сметаи хароҷоти Агентӣ тасдиқ менамояд.
- дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба салоҳияти Агентӣ дахлдошта иштирок менамояд;
- масъалаҳои интихобу ҷобаҷогузории кадрҳоро баррасӣ ва ҳал намуда, кормандони Агентиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории хизмати давлатӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мекунад;
- бо хизматчиёни давлатӣ ва хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон) тибқи тартиби муқаррарнамуда шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ мебандад, ба онҳо тағйирот медарорад ва онҳоро бекор мекунад ();
- ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Агентиро даъват менамояд, ба онҳо раисӣ мекунад ва ба қарорҳои онҳо имзо мегузорад;
- ба комиссияҳои дар Агентӣ таъсисгардида раисӣ мекунад, ба протоколҳои ҷаласаҳои комиссияҳо имзо мегузорад, роҳбарии комиссия ва гурӯҳҳои кориро ба муовинони худ вогузор менамояд;
- хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон)-ро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳавасманд мегардонад ();
- бо тартиби муқарраргардида кормандонро ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ менамояд;
- ба хизматчиёни давлатии Агентӣ рутбаҳои тахассусӣ медиҳад ва барои додани рутбаи тахассусӣ ба хизматчиёни давлатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- аз хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон) иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, риоя ва иҷрои қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, муносибати эҳтиёткорона ба моликияти давлатӣ, дигар қоидаҳо ва муқаррарот, инчунин шартҳои шартномаҳои (қарордоди) меҳнатиро талаб менамояд ();
- бо мақсади муайян намудани ҳолатҳои иҷро накардан ё ба таври зарурӣ иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ гузаронидани санҷиши хизматӣ таъин мекунад ва дар мавриди ҷой доштани асос хизматчиёни давлатиро ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ мекашад ();
- дар мавриди роҳ додан ба амали ғайриинтизомӣ хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон)-ро ба ҷавобгарии интизомӣ мекашад ();
- санҷиши мақомоти давлатиро оид ба риояи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ташкил мекунад;
- барои бартараф намудани камбудиҳо дар фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ пешниҳод ирсол менамояд;
- Агентиро дар муносибат ба дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилотҳо намояндагӣ мекунад;
- доир ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъминоти молиявии фаъолияти Агентӣ ба мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро ҳал менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадҳоро барои ишғоли мансабҳои муовинони директори Агентӣ пешниҳод менамояд ();
- салоҳият ва уҳдадориҳои мансабии кормандони Агентиро муайян мекунад ();
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Агентӣ гузориш медиҳад;
- дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати мушовараи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва машваратҳои назди раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вобаста ба масъалаҳои хизмати давлатӣ иштирок мекунад;
- ваколатҳои муовинони худро муқаррар менамояд;
- идоракунии фонди музди меҳнати Агентиро амалӣ менамояд;
- мутобиқи қонунгузорӣ гуфтушунид анҷом медиҳад, ба шартномаҳои байналмилалӣ, протоколҳои ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ имзо мекунад;
- назорати дохилиро дар Агентӣ ташкил ва таъмин менамояд;
- дигар ваколату вазифа ва ҳуқуқҳоеро амалӣ менамояд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд.
13. Муовинони директор бевосита ба директор тобеъ буда, фаъолияти Агентиро дар доираи уҳдадорӣ ва ваколатҳои вогузорнамудаи директор анҷом медиҳанд ().
14. Дар ҳолати набудани директори Агентӣ вазифаҳои ӯро муовини якум, ё бо супориши директор муовини ӯ иҷро менамояд ().
15. Дар Агентӣ таҳти роҳбарии директори Агенти ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он муовинони директори Агентӣ, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз рӯи вазифа) ва кормандони ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди директори Агентӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд ().
16. Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои худ ташкили иҷрои вазифаҳои асосии Агентиро муҳокима менамояд.
17. Қарорҳои ҳайати мушовара тибқи тартиби муқарраргардида бо аксари овози аъзои он қабул карда шуда, бо протокол ба расмият дароварда, бо фармоишҳои директори Агентӣ дар амал татбиқ карда мешаванд ().
18. Барои таъмини фаъолияти Агентӣ ва амалӣ намудани ваколатҳои он дастгоҳи марказии Агентӣ (минбаъд ,дастгоҳӣ марказӣ) таъсис дода мешавад.
19. Дастгоҳи марказӣ таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ, илмию таҳлилӣ, иттилоотӣ ва дигар намудҳои таъмини фаъолияти Агентиро амалӣ менамояд.
20. Дастгоҳи марказӣ аз роҳбарият, воҳидҳои сохторӣ ва кормандон иборат мебошад.
21. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентӣ вобаста ба ваколат, вазифа, функсия ва шумораи ниҳоии кормандон дар шакли шуъба ва бахш ташкил карда мешаванд ().
22. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои дар Нақшаи идоракунии Агентӣ пешбинишуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.
23. Самтҳои дақиқи ҳисоботдиҳии Агентӣ:
а) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- оид ба нишондиҳандаҳои асосии самтҳои фаъолияти Агентӣ ҳисоботи солона пешниҳод менамояд;
- ҳар сол дар моҳи январ аз натиҷаи санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ, оид ба ҳолати риояи қонунгузории хизмати давлатӣ ва натиҷаи аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ гузориши солона манзур менамояд;
- дар моҳи феврал оид ба ҳолати захираи кадрҳои мақомоти давлатӣ ҳисоботи солона пешниҳод мекунад;
- на дертар аз 1 марти соли ҷорӣ оид ба натиҷаи ҷойивазкунии (ротатсияи) хизматчиёни давлатии маъмурии ҳайати роҳбарикунанда дар соли сипаришуда маълумотнома пешниҳод менамояд.
б) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ:
- дар муҳлатҳои муқарраргардида оид ба таъмини иҷрои супоришҳо, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ, ҳуҷҷатҳои назоратӣ маълумотнома пешниҳод менамояд ();
в) соле ду маротиба (20 июли соли ҳисоботӣ ва 20 январи соли оянда) ба мақомоти омор ҳисоботи ҷамъбастӣ пешниҳод менамояд.
24. Дар Агентӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди назорати дохилӣ таъсис дода мешавад.
4. Муқаррароти хотимавӣ
25. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ ва русӣ, муҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад ().
26. Агентӣ ҷиҳати амалӣ гардонидани фаъолияти хоҷагидорӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандон ҳуқуқи ташкили хоҷагиҳои ёрирасон ва дигар ташкилотҳои ҳисоби хоҷагиро дорад. Фаъолияти мазкур набояд ба хизмати давлатӣ таъсири манфӣ расонад.
27. Номи пурраи Агентӣ: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
28. Маҳали ҷойгиршавии Агентӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Саид Носир, 33.
29. Дар сурати қатъ шудани фаъолияти Агентӣ масъалаҳои супурдан, нигоҳ доштан ва истифодаи минбаъдаи ҳуҷҷатҳои он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.
Замима
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 майи соли 2022, №384
Сохтори дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ
Шуъбаи идоракунии захираҳои инсонӣ
Шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ
Шуъбаи ташкилию иттилоотӣ
Шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва назорат
Шуъбаи махзани маълумоти хизматчиёни давлатӣ
Шуъбаи молия ва муҳосибот ().
Замимаи 3
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2014 № 179
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Шӯъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Шӯъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
Шӯъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Шӯъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Бахши минтақавии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон
Приложение 1
Утверждено
Указом Президента
Республики Таджикистан
от 15 марта 2014 года, № 179
Положение об Агентстве государственной службы при Президенте Республики Таджикистан
(в редакции Указа Президента РТ от 13.05.2022 №384)
1. Общие положения
1. Агентство государственной службы при Президенте Республики Таджикистан (далее - Агентство), являясь центральным исполнительным органом государственной власти Республики Таджикистан, подчиняется и подотчетно Президенту Республики Таджикистан и в рамках своих полномочий осуществляет единую государственную политику и нормативно-правовое регулирование сферы государственной службы
2. Агентство осуществляет свою деятельность на основании Конституции Республики Таджикистан, конституционных законов и законов Республики Таджикистан, постановлений Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указов и распоряжений Президента Республики Таджикистан, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, международных правовых актов, признанных Таджикистаном и настоящего Положения.
3. Агентство в рамках своих полномочий сотрудничает с центральными органами государственной власти, местными исполнительными органами государственной власти, органами самоуправления поселков и дехотов и организациями.
4. Основными направлениями деятельности Агентства являются реализация единой государственной политики сферы государственной службы, нормативно-правовое регулирование сферы, организация, обеспечение и контроль выполнения законодательства сферы государственной службы и прохождения государственной службы,
организация курсов переподготовки, повышения квалификации и стажировки государственных служащих, содействие в осуществлении их гарантий и поощрений
2. Основные полномочия, задачи и функции Агентства
5. Полномочия Агентства:
- представляет Президенту Республики Таджикистан, Правительству Республики Таджикистан, Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан предложения о развитии государственной службы
- представляет Президенту Республики Таджикистан, Правительству Республики Таджикистан проекты нормативных правовых актов в сфере государственной службы;
- в рамках своих полномочий разрабатывает и принимает нормативные правовые акты в сфере государственной службы;
- разрабатывает проект реестра государственных должностей Республики Таджикистан и представляет для утверждения Президенту Республики Таджикистан, осуществляет контроль его реализации
- в государственных органах в пределах полномочий проводит проверку, привлекает представителей государственных органов к рассмотрению вопросов, находящихся в своей компетенции;
- вносит представления соответствующим государственным органам и вышестоящим органам и обращается в суд об отмене решений государственных органов, противоречащих нормативным правовым актам в сфере государственной службы;
- в соответствии с законодательством Республики Таджикистан за несоблюдение требований нормативных правовых актов в сфере государственной службы в рамках своей компетенции рассматривает дела об административных правонарушениях и налагает административные взыскания;
- проводит оценку эффективности управления персоналом и качества государственных услуг, касающихся вопросов государственной службы в государственных органах;
- сотрудничает с уполномоченными государственными органами сферы государственной службы иностранных государств и международных организаций по вопросам государственной службы и государственного управления;
- участвует в разработке проектов международных договоров и осуществления международного сотрудничества, реализации учебных программ в республике и зарубежом;
- в соответствии с законодательством Республики Таджикистан подписывает и реализует международные договора в сфере государственной службы и соглащения;
- представляет предложения об улучшении трудовых условий и социального обеспечения государственных служащих;
- сотрудничает с гражданской общественностью и средствами массовой информации.
6. Агентство для обучения (переподготовки, повышения квалификации и стажировки) государственных служащих, работников других государственных органов и на основании обращения для работников государственных предприятий, учреждений и других организаций осуществляет следующие мероприятия (
- содействует организации переподготовки, повышению квалификации и стажировке государственных служащих в Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан, других учреждениях высшего профессионального образования и последипломных профессиональных учреждениях, обучению государственных служащих в магистратуре, аспирантуре и докторантуре по специальности внутри и за пределами страны
- координирует вопросы обучения государстенных служащих и обеспечения государственных органов высококвалифицированными кадрами;
- разрабатывает механизм обучения государственных служащих, совместно с государственными органами определяет оценку потребностей в обучении, контролирует реализацию деятельности в этом направлении
- координирует деятельность государственных органов по вопросам переподготовки, повышения квалификации и стажировки государственных служащих ;
- принимает участие в разработке ежегодного плана-графика курсов переподготовки, повышения квалификации и стажировки государственных служащих
- определяет численность государственнных служащих, категорий государственных административных должностей для обучения и их потребностей в обучении;
- проводит мониторинг состояния привлечения к обучению государственных служащих и обобщает его результаты;
- организует и осуществляет стажировки государственных служащих в государственных органах;
- осуществляет другие полномочия, предусмотренные законодательством Республики Таджикистан.
7. Основные задачи Агентства:
- разработка предложении о формировании и повышении эффективности сферы государственной службы;
- организация эффективной системы подбора кадров и управления персоналом;
- координация деятельности государственных органов по вопросам переподготовки, повышения квалификации и стажировки государственных служащих
- обеспечение прав и законных интересов государственных служащих.
8. Основные функции Агентства:
- осуществление разработки и реализации государственной политики в сфере государственной службы в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан;
- анализ результатов реализации политики государственной службы и представление предложений Президенту Республики Таджикистан в целях определения основных направлений реформирования и развития государственной службы Республики Таджикистан;
- участие в разработке и реализации государственных программ по формированию и повышению эффективности государственной службы;
- осуществление контроля за реализацией законодательства в сфере государственной службы в государственных органах и запрашивание информации;
- разработка этических норм государственных служащих и осуществление контроля за деятельностью комиссии по этике государственных органов;
- контроль механизмов обеспечения кадров, правил приёма на государственную службу, прохождения государственной службы и планирования карьерного роста в системе государственной службы );
- разработка правил проведения конкурса на замещение вакантных административных должностей государственной службы, карьерного роста и оценки деятельности государственных служащих
- осуществление методического руководства кадровыми службами государственных органов и разработку проекта типового положения о кадровых службах государственных органов Республики Таджикистан и представление для утверждения Президенту Республики Таджикистан;
- разработка и утверждение уровня квалификационных требований для административных государственных служащих
- осуществление методического руководства и контроля за проведением конкурсов на замещение вакантных административных должностей государственной службы, оценки деятельности, аттестации государственных служащих, ротации (перемещении) государственных служащих руководящего состава;
- организация и внедрение информационно-коммуникационной системы в сфере государственой службы;
- осуществление информационного обеспечения государственных органов по вопросам государственной службы;
- реализация механизмов формирования и эффективности резерва кадров;
- планирование разработки образовательных программ для резерва кадров государственных органов;
- проведение ежегодного анализа потребносги государственных органов по вопросам обучения государственных служащих и представление в Академию государственного управления при Президенте Республики Таджикистан для разработки План-графика курсов переподготовки, повышения квалификации и стажировки государственных служащих, организация и контроль его реапизации
- разработка базы данных выпускников Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан и других высщих образовательных учреждений, подготавливающих специалистов сферы управления и государственной службы );
- участие в мероприятиях государственных органов по подбору кандидатов для учебы в Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан
- разработка мероприятий по планированию и прогнозированию общей потребности государственных служащих в обучении;
- представление предложений об организации научно-исследовательской деятельности в сфере государственной службы;
- осуществление контроля и анализа хода представления деклараций по подоходному налогу и деклараций об имущественном положении государственными служащими;
- анализ и осуществление передового опыта государственных органов в сфере государственной службы;
- осуществление мер по реализации тендерной политики в сфере государственной службы;
- представление предложений о совершенствовании системы оплаты труда и социальной защиты государственных служащих;
- утверждение формы статистического отчета сферы государственной службы и инсгрукции по его сосгавлению совмесгно с государсгвенным органом сгатистики Республики Таджикистан
- разработка перечня должностей гражданских служащих (технического и обслуживающего персонала) государственных органов и представление в Правительство Республики Таджикистан для утверждения;
- утверждение порядка ведения личных дел государственных служащих и контроль его реализации;
- утверждение правил разработки должностных инструкций административных государственных служащих Республики Таджикистан и контроль их реализации;
- разработка совместно с государственным органом здравоохранения Республики Таджикистан и утверждение перечня заболеваний, препятствующих исполнению должностных обязанностей государственного служащего
- представление предложений по повышению качества государственных услуг государственными органами;
- в рамках своих полномочий проведение проверки выполнения требований законодательства государственной службы в государственных органах
- определение порядка проведения тестирования для кандидатов на вакантные административные должности государственной службы и аттестации государственных служащих;
- осуществление координации деятельности комиссий государственных органов по вопросам государственной службы;
- принятие необходимых мер по предупреждению и устранению коррупционных факторов в сфере государственной службы;
- проведение мониторинга реализации Кодекса этики государственного служащего Республики Таджикистан в государственных органах и принятие мер по предупреждению конфликта интересов;
- проведение мониторинга состояния кадрового обеспечения государственной службы и резерва кадров государственных органов, предусмотрение потребностей государственных органов в кадрах;,
- осуществление ведения Реестра государственных служащих Республики Таджикистан, порядка и организации базы данных по вопросам государственной службы, государственных служащих и резерва кадров государственной службы;
- осуществление в установленном порядке проверки сведений, предоставляемых гражданином при решении вопроса о его назначении (выбора) на государственную должность государственной службы;
- осуществление сбора, обработки и публикации государственных статистических сведений в сфере государственной службы;
- в установленном порядке представление предложений о присвоении квалификационных чинов государственным служащим;
- осуществление организации приёма граждан, государственных служащих и должностных лиц государственных органов, обеспечение своевременного и качественного рассмотрения их обращений, принятие по ним соответствующих решений и рассылка ответов заявителям в установленные законодательством сроки
- в рамках полномочий Агентства обеспечение защиты сведений, содержащих служебную и государственную тайну;
- осуществление комплектования, хранения, учета и использования архивных документов, образовавшихся в процессе деятельности центрального аппарата Агентства и его местных структур;
- осуществление иных функций в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
9. В целях реализации задач и функции в сфере государственной службы Агентство вправе:
- получать в установленном порядке от государственных органов информацию, необходимую для принятия решения по вопросам сферы деятельности;
- комментировать нормативные правовые акты, принятые Агентством о государственной службе, разрабатывать и представлять рекомендации и методические инструкции о порядке реализации государственной службы, осуществлять публикацию информации;
- привлекать представителей государственных органов, органов самоуправления посёлков и дехотов, научных организаций, ученых и специалистов для разработки вопросов сферы деятельности
- создавать координационные, совещательные и экспертные органы (советы, комиссии, рабочие группы), в том числе межведомственные органы в рамках установленной деятельности.
3. Организация деятельности
10. Положение, Структура центрального аппарата, Схема управления Агентства утверждаются Президентом Республики Таджикистан.
11. Агентством руководит директор, который назначается на должность и освобождается от должности Президентом Республики Таджикистан
Директор Агентства имеет заместителей, в том числе одного первого заместителя, которые по его представлению назначаются на должность и освобождаются от должности Президентом Республики Таджикистан.
12. Директор Агентства:
- осуществляет общее руководство деятельностью Агентства и для выполнения полномочий, задач и функций Агентства, реализации государственной политики в сфере государственной службы несет персональную ответственность перед Президентом Республики Таджикистан;
- по вопросам деятельности Агентства в пределах своей компетенции издаёт распоряжение (решение);
- утверждает положения центрального аппарата Агентства и его структурных подразделений, штатное расписание в пределах сметы расходов Агентства;
- принимает участие в рассмотрении и принятии решений по вопросам, относящихся к компетенции Агентства;
- рассматривает и решает вопросы подбора и расстановки кадров и в порядке, установленном законодательством государственной службы, назначает на должность и освобождает от должности сотрудников Агентства;
- в установленном порядке заключает трудовые договоры (контракты) с государственными служащими и гражданскими служащими (техническим и обслуживающим персоналом), вносит в них изменения и отменяет их
- созывает заседания коллегии Агентства, председательствует на них и подписывает их решения;
- председательствует на комиссиях, образованных в Агентстве, подписывает протоколы заседания комиссий, возлагает председательство комиссии и рабочих групп на своих заместителей;
- в установленном законодательном порядке поощряет государственных служащих, гражданских служаших (технического и обслуживающего персонала)
- в установленном порядке представляет сотрудников для награждения государственными наградами;
- присваивает государственным служащим Агентства квалификационные чины и представляет Президенту Республики Таджикистан предложения по присвоению государственным служащим квалификационных чинов;
- требует от государственных служащих, гражданских служащих (технического и обслуживающего персонала) исполнения должностных обязанностей, соблюдения и выполнения правил внутреннего трудового распорядка, бережного отношения к государственной собственности, других правил и положений, а также условий трудовых договоров (контрактов)
- назначает проведение служебных проверок в целях определения состояния исполнения или ненадлежащего исполнения должностных обязанностей государственными служащими и в случае наличия основания, привлекает государственных служащих к дисциплинарной и материальной ответственности;
- привлекает гражданских служаших (технического и обслуживающего персонала) к дисциплинарной ответственности, в случае допущения дисциплинарного проступка
- организует проверку государственных органов по соблюдению законодательства в сфере государственной службы;
- вносит представления для устранения недостатков в деятельности центральных и местных исполнительных органов государственной власти, органов самоуправления посёлков и сел по выполнению нормативных правовых актов в сфере государственной службы;
- представляет Агентство в отношениях с другими государственными органами управления и организациями;
- представляет финансовым органам Республики Таджикистан предложения по формированию республиканского бюджета в части финансового обеспечения Агентства;
- решает вопросы, связанные с прохождением государственной службы, в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О государственной службе";
- представляет Президенту Республики Таджикистан кандидатов на замещение должностей заместителей директора Агентства
- определяет компетенции и должностные обязанности сотрудников Агентства;
- представляет Президенту Республики Таджикистан доклад о деятельности Агентства;
- принимает участие на заседаниях Правительства Республики Таджикистан, коллегиях центральных исполнительных органов государственной власти и совещаниях председателей областей городов и районов по вопросам государственной службы;
- устанавливает полномочия своих заместителей;
- осуществляет управление фондом заработной платы Агентства;
- в соответствии с законодательством ведет переговоры, подписывает международные договора, протоколы сотрудничества по вопросам государственной службы;
- организует и обеспечивает внутренний надзор в Агентстве;
- осуществляет другие полномочия, задачи и права, предусмотренные нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.
13. Заместители директора непосредственно подчиняются директору и осуществляют деятельность Агентства в рамках своих обязанностей и полномочий, возложенных директором
14. При отсутствии директора Агентства, его функции выполняет его первый заместитель или по поручению директора его заместитель
15. В Агентстве под руководством директора создаётся коллегия, в состав которой входят заместители директора Агентства, ректор Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан (по должности) и сотрудники руководящего состава Агентства. Члены коллегии, кроме лиц, входящих по должности, по представлению директора Агентства утверждаются Президентом Республики Таджикистан
16. Члены коллегии на своих совещаниях обсуждают организацию выполнения основных задач Агентства.
17. Решения членов коллегии принимаются в установленном порядке большинством голосов ее членов, оформляются протоколом и реализуются распоряжениями директора Агентства
18. Для обеспечения деятельности Агентства и осуществления его полномочий создается центральный аппарат Агентства (далеецентральный аппарат).
19. Центральный аппарат осуществляет юридический, организационный, научно-аналитический, информационный и другие виды обеспечения деятельности Агентства.
20. Центральный аппарат состоит из руководства, структурных подразделений и сотрудников.
21. Структурные подразделения центрального аппарата и местные структуры Агентства, в зависимости от полномочий, задач, функций и предельной численности работников, образовываются в форме отделов и секторов
22. Финансирование центрального аппарата и структур, предусмотренных в Схеме управления Агентства, осуществляется за счет средств республиканского бюджета и других средств в порядке, согласованном с Министерством финансов Республики Таджикистан.
23. Четкие направления подотчетности Агентства:
а) Президенту Республики Таджикистан:
- представляет годовой отчёт об основных показателях направлений деятельности Агентства;
- ежегодно в январе месяце представляет годовую информацию о результатах проверки деятельности государственных органов, состоянии соблюдения законодательства в сфере государственной службы и результатах аттестации административных государственных служащих;
- в феврале месяце представляет годовой отчёт о состоянии резерва кадров государственных органов;
- не позднее 1 марта текущего года представляет информацию о результатах ротации (перемещения) административных государственных служащих за истекший год;
б) Правительству Республики Таджикистан, Исполнительному аппарату Президента Республики Таджикистан, центральным исполнительным органам государственной власти:
- в установленные сроки представляет справку об обеспечении выполнения поручений, распоряжений и указов Президента Республики Таджикистан, распоряжений и постановлений Правительства Республики Таджикистан, законов, стратегий, концепций, программ в сфере государственной службы, контрольных документов;
в) ежегодно два раза (20 июля отчетного года и 20 января следующего года) представляет итоговый отчёт органам по статистике.
24. В Агентстве в порядке, установленном нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, создается подразделение внутреннего контроля.
4. Общие положения
25. Агентство является юридическим лицом, имеет печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан, своим наименованием на государственном и русском языках, соответствующие печати, штампы и бланки и финансируется за счет единого расчетного счета Главного управления Центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан.
26. Агентство в целях реализации хозяйственной деятельности, улучшения социальных условий сотрудников имеет право на организацию подсобных хозяйств и других хозрасчетных организаций.
Данная деятельность не должна отрицательно влиять на государственную службу.
27. Полное наименование Агентства: Агентство государственной службы при Президенте Республики Таджикистан.
28. Местонахождение Агентства: Республика Таджикистан, город Душанбе, район Исмоила Сомони, улица Сайда Носира-33.
29. В случае прекращения деятельности Агентства, вопросы передачи, сохранения и дальнейшего использования его документации решаются в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.
Приложение
к указу Президента
Республики Таджикистан
от 13 мая 2022 года, №384
Структура центрального аппарата Агентства государсгвенной службы при Президенте Республики Таджикистан
Руководство
Отдел правового обеспечения
Отдел управления человеческими ресурсами
Отдел социальной защиты государственных служащих
Организационно-информационный отдел
Отдел кадров, делопроизводства и контроля
Отдел базы данных государсгвенных служащих
Отдел финансов и бухгалтерии
Приложение 3
Утверждена
Указом Президента
Республики Таджикистан
от 15 марта 2014 года, № 179
Схема управления Агентства государственной службы при Президенте Республики Таджикистан
Центральный аппарат
Отдел Агентства государственной службы при Президенте Республики Таджикистан в Горно-Бадахшанской автономной области
Отдел Агентства государственной службы при Президенте Республики Таджикистан в Согдийской области
Отдел Агентства государственной службы при Президенте Республики Таджикистан в Хатлонской области
Отдел Агентства государственной службы при Президенте Республики Таджикистан в городе Душанбе, городах и районах республиканского подчинения
Региональный сектор Агентства государственной службы при Президенте Республики Таджикистан в городе Куляб Хатлонской области