ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони президенти ҶТ аз 24.01.2014 № 132, аз 15.07.2015 № 523, аз 9.06.2016 № 701, аз 8.08.2016 № 735, аз 26.09.2017 № 939, аз 7.09.2019 № 1354, аз 14.02.2020 № 1453, аз 25.06.2020 № 1565, аз 29.04.2023 № 556, аз 13.09.2023 № 632, аз 05.01.2024 № 670)
Бо мақсади тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд, ҷорӣ намудани усулҳои нави идоракунӣ ва банақшагирии стратегӣ дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ" мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Сохтори замимагардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду муовин, аз ҷумла муовини якум муқаррар карда шавад.
3. Бо мақсади вусъат бахшидани навсозиҳои институтсионалӣ ва мутобиқсозии низоми идоракунии давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, мансабҳои мушовирони калон, мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқан дар котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, барҳам дода шаванд.
4. Бо мақсади таҳкими низоми ҳамоҳангсозии масъалаҳои амнияти миллӣ, мудофиа ва тартиботи ҳукуқӣ, бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ таъсис дода шавад .
5. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тағйир ёфтани мақоми бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани тағйиру иловаҳои дахлдор пешниҳодҳо манзур намояд.
6. Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба зиммаи он вазифаҳои нав вобаста ба соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ вогузор карда шавад.
7. Ҷиҳати тавсеаи ҳамоҳангсозии банақшагирии стратегӣ, гузаронидани мониторинги татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва нақшаҳои стратегии қабулгардида, таҳияи пешниҳодот оид ба такмили онҳо, аз ҷумла таҳлили самарабахшии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба такмили минбаъдаи фаъолияти онҳо, ҳамчунин ҳамоҳангсозии шӯроҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарии ислоҳоти идоракунии давлатӣ Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот таъсис дода шавад.
8. Бо мақсади таҳияи методологияҳои замонавии идоракунии молияи давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти раванди ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ, инчунин тақвияти кори Комиссияи буҷетӣ Раёсати молия таъсис дода шавад.
9. Ҷиҳати пешбурди ислоҳот дар идоракунии маҳал ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кор бо раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҳамоҳангсозии ҷараёни таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ислоҳоти идоракунӣ ва таҳлили вазъи маҳал Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал таъсис дода шавад.
10. Раёсати рушди иҷтимоӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он ба таҳлил ва мониторинги татбиқи сиёсат ва стратегияҳои дахлдор дар соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъалаҳои оила ва сиёсати гендерӣ равона карда шавад.
11. Бо мақсади тақвияти фаъолият вобаста ба таҳлил дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва иттилоот, ҳамоҳангсозӣ дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар тарбияву таълими ҷавонон ва рушди варзиш раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоот таъсис дода шавад .
12. Раёсати рушди инфрасохтор таъсис дода шуда, кори он ба ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва ҷорӣ кардани усулҳои нави ҳисоботдиҳӣ дар соҳаҳои нақлиёт, алоқа, энергетика, саноат, меъморӣ ва сохтмон равона карда шавад.
13. Бо мақсади тақвияти чорабиниҳо дар самти мониторинг ва арзёбии раванди ислоҳоти соҳаи аграрӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳифзи муҳити зист Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист таъсис дода шавад.
14. Раёсати робитаҳои хориҷӣ таъсис дода шуда, вазифаҳои Котиботи комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ ба он вогузор карда шаванд.
15. Раёсати коргузорӣ ва назорат таъсис дода шуда, инчунин вазифаҳои вобаста ба муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба он вогузор карда шаванд.
16. Бо мақсади тақвияти кор дар самти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла вазифаҳои марбут ба мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, таъмини амнияти фазои иттилоотӣ Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ таъсис дода шавад .
17. Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани ҳаллу фасли масъалаҳои шаҳрвандӣ, бахшиши ҷазо, мукофотҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон ва мониторинги амалишавии муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва дар таркиби он шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад .
17(1). Барои тақвияти кор дар самти ҳамоҳангсозӣ ва таҳлили муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъсис дода шавад
17(2). Бо мақсади арзёбии дастовардҳои илмӣ ва корҳои инноватсионӣ ва истифодаи самараноки онҳо дар фаъолияти истеҳсолкунандагони ватанӣ шуъбаи илм ва инноватсия таъсис дода шавад
18. Бо мақсади мукаммалсозии вазифаҳо дар самти идоракунии захираҳои инсонӣ, дуруст ба роҳ мондани механизмҳои арзёбии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, ки дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, шуъбаи кадрҳо таъсис дода шавад .
19. Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бо ҳуқуқи Раёсат таъсис дода шавад. Фаъолияти Марказ ба иҷро ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои идоракунии оперативии Шабакаи ягонаи давлатии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва шабакаи дохилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ кардани хизматрасонии шабакавӣ, асосҳои мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо, порталҳои ягонаи мақомоти давлатӣ, танзими фаъолияти онҳо ва ривоҷи истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар мақомоти идоракунии давлатӣ равона карда шавад.
19(1). Бо мақсади тақвияти фаъолияти бойгонӣ ва китобхонаи идоравӣ, ба таври доимӣ нигоҳдории ҳуҷҷатҳои бойгонӣ барои истифодаи самараноки хизматӣ, истеҳсолӣ ва илмии онҳо, инчунин ҳифзу нигоҳдории фонди китобхона бахши бойгонӣ ва китобдорӣ таъсис дода шавад ().
20. Бинобар таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаю сохторҳои зерин барҳам дода шаванд:
- Шӯъбаи ҳуқуқ
- Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияҳо
- Шӯъбаи молия
- Шӯъбаи ташкилӣ
- Шӯъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
- Шӯъбаи тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оила
- Шӯъбаи илм ва маориф
- Шӯъбаи фарҳанг
- Шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, спорт ва туризм
- Шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ
- Шӯъбаи саноат ва энергетика
- Шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсия
- Шӯъбаи сохтмон ва меъморӣ
- Шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замин
- Шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулодда
- Шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷӣ
- Шӯъбаи умумӣ
- Шӯъбаи назорат
- Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ
- Шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон
- Шӯъбаи кадрҳо
- Маркази иттилоотию техникӣ
- Котиботи комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ.
21. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷиҳати муайян намудани вазифаҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд, тадбирҳо андешида, ӯҳдадориҳои мансабии шахсони мансабдори ба ҳайати онҳо дохилшавандаро муайян намояд;
- дар мӯҳлати ду моҳ бо тартиби муқарраргардида вобаста ба шумораи штатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо таҳия ва манзур намояд;
- бо тартиби муқарраргардида лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти муқаррароти Фармони мазкур дар мӯҳлати ду моҳ таҳия ва пешниҳод намояд.
22. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ворид намудани тағйироти дахлдор ба санадҳои амалкунандаи меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд, пешниҳодҳо манзур намояд.
23. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2001, №702 "Дар бораи навсозии сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
17 январи соли 2014 № 116
Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 январи соли 2014 № 116
тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ
Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти ташрифотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раёсати ҳуқуқ
Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот
Раёсати молия
Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал
Раёсати рушди иҷтимоӣ
Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоот
Раёсати рушди инфрасохтор
Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист
Раёсати робитаҳои хориҷӣ
Раёсати коргузорӣ ва назорат
Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ
Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон
Шӯъбаи тарҷума
Шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Шуъбаи илм ва инноватсияи
Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим
Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (бо ҳуқуқи Раёсат)
Шуъбаи кадрҳо
Бахши корҳои махсус
Бахши бойгонӣ ва китобдорӣ ()
Ҳисобдории марказӣ (бо ҳуқуқи Раёсат)
Раёсати хоҷагӣ
Шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (тибқи рӯйхати замимашаванда
Замима
ба Сохтори Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Руйхати шахсони ҳуқуқии тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 05.01.2024 № 670)
1. Муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Муассисаи давлатии "Боғи Парчами миллӣ"-и муассисаи давлатии маҷмааи "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Корхонаи воҳиди давлатии осоишгоҳи "Шифо"-и муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Ҷамъияти саҳомии кушодаи осоишгоҳи "Хоҷа Обигарм"и муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. Ҷамъияти саҳомии кушодаи пажӯҳишгоҳи илмии лоиҳакашии ҷустуҷӯии "САНИИОСП"-и муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
9. Муассисаи давлатии қароргоҳи "Искандаркӯл"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
10. Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
11. Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
12. Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
13. Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
14. Муассисаи давлатии "Боғи Ирам"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
15. Муассисаи давлатии "Кохи Истиқлол"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи мехмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
16. Муассисаи давлатии меҳмонхонаи "Истиқлол"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
17. Корхонаи воҳиди давлатии тарабхонаи "Чаманоро"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
18. Муассисаи давлатии "Боғи миллӣ"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
19. Муассисаи давлатии меҳмонхонаи "Авесто"-и муассисаи давлатии "Маҷмӯи мехмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
20. Хориҷ карда шуд
21. хориҷ карда шуд ()
22. Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
23. Муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
24. Корхонаи воҳиди давлатии "Дандонпизишк"-и муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
25. Корхонаи воҳиди давлатии "Дорухона"-и муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
26. Муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
27. Корхонаи воҳиди давлатии "Таъмиру сохтмонӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
28. Корхонаи воҳиди давлатии "Савдо ва хӯроки умумӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
29. Корхонаи воҳиди давлатии комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
30. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази савдои Тоҷикистон"
31. Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Фармони президенти ҶТ аз 24.01.2014 № 132)
Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд, ҷорӣ намудани усулҳои нави идоракунӣ ва банақшагирии стратегӣ дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ" мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Сохтори замимагардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду муовин, аз ҷумла муовини якум муқаррар карда шавад.
3. Бо мақсади вусъат бахшидани навсозиҳои институтсионалӣ ва мутобиқсозии низоми идоракунии давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, мансабҳои мушовирони калон, мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқан дар котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, барҳам дода шаванд.
4. Бо мақсади таҳкими низоми ҳамоҳангсозии масъалаҳои амнияти миллӣ, мудофиа ва тартиботи ҳукуқӣ, бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ таъсис дода шавад .
5. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тағйир ёфтани мақоми бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани тағйиру иловаҳои дахлдор пешниҳодҳо манзур намояд.
6. Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба зиммаи он вазифаҳои нав вобаста ба соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ вогузор карда шавад.
7. Ҷиҳати тавсеаи ҳамоҳангсозии банақшагирии стратегӣ, гузаронидани мониторинги татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва нақшаҳои стратегии қабулгардида, таҳияи пешниҳодот оид ба такмили онҳо, аз ҷумла таҳлили самарабахшии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба такмили минбаъдаи фаъолияти онҳо, ҳамчунин ҳамоҳангсозии шӯроҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарии ислоҳоти идоракунии давлатӣ Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот таъсис дода шавад.
8. Бо мақсади таҳияи методологияҳои замонавии идоракунии молияи давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти раванди ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ, инчунин тақвияти кори Комиссияи буҷетӣ Раёсати молия таъсис дода шавад.
9. Ҷиҳати пешбурди ислоҳот дар идоракунии маҳал ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кор бо раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҳамоҳангсозии ҷараёни таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ислоҳоти идоракунӣ ва таҳлили вазъи маҳал Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал таъсис дода шавад.
10. Раёсати рушди иҷтимоӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он ба таҳлил ва мониторинги татбиқи сиёсат ва стратегияҳои дахлдор дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғл ва тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъалаҳои оила ва сиёсати гендерӣ равона карда шавад.
11. Бо мақсади тақвияти фаъолияти вобаста ба таҳлил ва пешгӯӣ дар соҳаҳои маориф ва илм, ҳамоҳангсозӣ дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар тарбия ва таълими ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ, фарҳанг ва таъмини амнияти фазои иттилоотӣ Раёсати илму маърифат таъсис дода шавад.
12. Раёсати рушди инфрасохтор таъсис дода шуда, кори он ба ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва ҷорӣ кардани усулҳои нави ҳисоботдиҳӣ дар соҳаҳои нақлиёт, алоқа, энергетика, саноат, меъморӣ ва сохтмон равона карда шавад.
13. Бо мақсади тақвияти чорабиниҳо дар самти мониторинг ва арзёбии раванди ислоҳоти соҳаи аграрӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳифзи муҳити зист Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист таъсис дода шавад.
14. Раёсати робитаҳои хориҷӣ таъсис дода шуда, вазифаҳои Котиботи комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ ба он вогузор карда шаванд.
15. Раёсати коргузорӣ ва назорат таъсис дода шуда, инчунин вазифаҳои вобаста ба муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба он вогузор карда шаванд.
16. Бо мақсади тақвияти кор дар самти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла вазифаҳои марбут ба мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ таъсис дода шавад.
17. Ҷиҳати мукаммал сохтани вазифаҳо оид ба баррасии масъалаҳои шаҳрвандӣ, мукофотонӣ, бахшиши ҷазо ва мониторинги дурустии иҷрои муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон Шӯъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсон таъсис дода шавад.
18. Бо мақсади мукаммалсозии вазифаҳо дар самти идоракунии захираҳои инсонӣ, дуруст ба роҳ мондани механизмҳои арзёбии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, ки дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, Бахши кадрҳо таъсис дода шавад.
19. Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бо ҳуқуқи Раёсат таъсис дода шавад. Фаъолияти Марказ ба иҷро ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои идоракунии оперативии Шабакаи ягонаи давлатии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва шабакаи дохилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ кардани хизматрасонии шабакавӣ, асосҳои мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо, порталҳои ягонаи мақомоти давлатӣ, танзими фаъолияти онҳо ва ривоҷи истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар мақомоти идоракунии давлатӣ равона карда шавад.
20. Бинобар таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаю сохторҳои зерин барҳам дода шаванд:
- Шӯъбаи ҳуқуқ
- Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияҳо
- Шӯъбаи молия
- Шӯъбаи ташкилӣ
- Шӯъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
- Шӯъбаи тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оила
- Шӯъбаи илм ва маориф
- Шӯъбаи фарҳанг
- Шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, спорт ва туризм
- Шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ
- Шӯъбаи саноат ва энергетика
- Шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсия
- Шӯъбаи сохтмон ва меъморӣ
- Шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замин
- Шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулодда
- Шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷӣ
- Шӯъбаи умумӣ
- Шӯъбаи назорат
- Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ
- Шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон
- Шӯъбаи кадрҳо
- Маркази иттилоотию техникӣ
- Котиботи комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ.
21. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷиҳати муайян намудани вазифаҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд, тадбирҳо андешида, ӯҳдадориҳои мансабии шахсони мансабдори ба ҳайати онҳо дохилшавандаро муайян намояд;
- дар мӯҳлати ду моҳ бо тартиби муқарраргардида вобаста ба шумораи штатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо таҳия ва манзур намояд;
- бо тартиби муқарраргардида лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти муқаррароти Фармони мазкур дар мӯҳлати ду моҳ таҳия ва пешниҳод намояд.
22. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ворид намудани тағйироти дахлдор ба санадҳои амалкунандаи меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд, пешниҳодҳо манзур намояд.
23. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2001, №702 "Дар бораи навсозии сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
17 январи соли 2014 № 116
Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 январи соли 2014 № 116
тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ
Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раёсати ҳуқуқ
Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот
Раёсати молия
Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал
Раёсати рушди иҷтимоӣ
Раёсати илму маърифат
Раёсати рушди инфрасохтор
Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист
Раёсати робитаҳои хориҷӣ
Раёсати коргузорӣ ва назорат
Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ
Шӯъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсон
Шӯъбаи тарҷума
Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо
Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (бо ҳуқуқи Раёсат)
Бахши кадрҳо
Бахши корҳои махсус
Ҳисобдории марказӣ (бо ҳуқуқи Раёсат)
Идораи хоҷагӣ
Корхонаю муассисаҳои назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (тибқи рӯйхати замимашаванда)
Замима
ба Сохтори Дастгоҳи
иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯйхати корхонаю муассисаҳои тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Маҷмааи давлатии "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Маҷмааи давлатии "Қасри миллат"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Комлекси таъбу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. Муассисаи давлатии "Боғи парчами миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
9. Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
10. Муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгохи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
11. "Боғи ботаникӣ"-и муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
12. "Кохи Истиқлол"-и муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
13. Меҳмонхонаи "Истиқлол"-и муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
14. Тарабхонаи "Чаманоро"-и муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
15. "Боғи миллӣ"-и муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
16. Меҳмонхонаи "Авесто"-и муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
17. Филиали муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва
18. Муассисаи маркази тиббии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
19. Корхонаи воҳиди савдо ва хӯроки умумии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
20. Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
21. Қароргоҳи "Искандаркӯл"-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ
22. Қароргоҳи мавзеи "Сайёд"-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара
23. Корхонаи воҳиди "Лучоб"-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
24. Корхонаи воҳиди "Зиғиртӣ"-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сарбанд
25. Хоҷагии зотпарварии "Ҳисор"-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор