Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448)
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар муддати шаш моҳ лоиҳаи Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Консепсияи мазкурро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд .
3. Татбиқи Консепсияи мазкур дар доираи маблағҳои барои вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинишуда, инчунин аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва кӯмаки беруна амалӣ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 октябри соли 2013, № 446
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Концепции развития системы социального обслуживания в Республике Таджикистан
(в редакции постановления Правительства РТ от 02.07.2015г. № 448)
В соответствии со статьей 16 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 6 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Концепцию развития системы социального обслуживания в Республике Таджикистан (прилагается).
2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами, ведомствами и местными исполнительными органами государственной власти в течение шести месяцев разработать и представить в Правительство Республики Таджикистан проект План мероприятий по реализации данной Концепции .
3. Реализацию данной Концепции осуществить в рамках средств, предусматриваемых для министерств, ведомств и местных исполнительных органов государственной власти, а также за счёт внебюджетных средств и внешней помощи.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 4 октября 2013 года, № 446