Низомномаи Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз 4 октябри соли 2013, № 443

Санаи амалкуни: 28.03.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2013, № 443

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370, аз 28.03.2024 № 186)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 186)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (минбаъд - Комиссия) мақоми машваратӣ буда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370аз 28.03.2024 № 186).

2. Фаъолияти Комиссия дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Низомномаи мазкур амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370).

2. Вазифа ва ҳуқуқҳои асосии Комиссия

3. Вазифаҳои асосии Комиссия инҳо мебошанд:

- манзур намудани пешниҳодот дар самти таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370аз 28.03.2024 № 186);

- таҳия ва тасдиқи нақшаҳои солонаи маҷмӯии корӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370 аз 28.03.2024 № 186);

- ҳамоҳангсозии таҳия ва баррасии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва барои мувофиқа ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудани онҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370аз 28.03.2024 № 186);

- омӯзишу таҳлили масъалаҳои соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370аз 28.03.2024 № 186);

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370аз 28.03.2024 № 186);

- ташкили ҳамкорӣ бо мақомоти давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370аз 28.03.2024 № 186);

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ҷиҳати баҳодиҳии хавфҳо дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи катли ом (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370аз 28.03.2024 № 186);

- пешниҳоди маълумот оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо барои баҳодиҳии хавфҳо дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370аз 28.03.2024 № 186);

- ҳамоҳангсозии омӯзиш ва таҳлили тамоюлҳо ва типологияҳо дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

- ҳамоҳангсозии гузарондани баҳодиҳии хавфҳои маблағгузории терроризм дар сохторҳои ғайритиҷоратӣ, ки аз ҷониби мақомоти назораткунандаи сохторҳои ғайритиҷоратӣ якҷо бо мақоми ваколатдор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 186);

- иҷрои дигар вазифаҳо, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бармеоянд.

4. Комиссия бо мақсади ҳалли вазифаҳои худ ҳуқуқ дорад:

- бо мақсади мусоидат ба кори Комиссия дар ҳайати мутахассисон ва коршиносони мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо гурӯҳҳои кории муваққатӣ ва доимоамалкунандае, ки аъзои Комиссия ба онҳо роҳбарӣ мекунанд, ташкил намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 186);

- аз вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо маълумотҳои заруриро доир ба баҳодиҳии хавфҳо дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дархост ва дастрас намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370аз 28.03.2024 № 186);

- бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақоми ваколатдор, мақомоти назоратӣ ва субъектҳои ҳисоботдиҳанда шурои комплаенсро таъсис диҳад ва низомномаи онро тасдиқ намояд;

- ҳисобот ва методологияҳои баҳодиҳии хавфҳоро дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом омода ва тасдиқ намояд;

- аз рӯйи иҷрои қарорҳои Комиссия дар доираи ваколатҳои худ назорат намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 186);

- пешниҳодоти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом омӯхта, ҷамъбаст намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370аз 28.03.2024 № 186).

3. Ваколатҳои Роҳбар ва аъзои Комиссия

5. Роҳбари Комиссия ваколатҳои зеринро дорад:

- Комиссияро дар робита бо дигар мақомот ва ташкилотҳо намояндагӣ менамояд;

- ба фаъолияти Комиссия роҳбарӣ мекунад;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти (лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии) омоданамудаи Комиссия, ҳисобот ва маълумоти вобаста ба фаъолияти Комиссияро ирсол менамояд;

- макон, сана ва вақти баргузории ҷаласаи Комиссияро муайян намуда, рӯзномаи онро пешниҳод менамояд;

- ҷаласаҳои Комиссияро даъват намуда, ба онҳо раисӣ мекунад;

- дар мавриди зарурат, бо ташаббуси худ ё пешниҳоди аъзои Комиссия намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва дигар ташкилотҳоро барои иштирок ба маҷлиси Комиссия бо ҳуқуқи овози машваратӣ даъват менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ бо ҳайатҳои расмии хориҷӣ вобаста ба масъалаҳо дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом вохӯриҳо гузаронида, бо тартиби муқарраргардида ҳамкориҳоро амалӣ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370аз 28.03.2024 № 186);

- вазифаҳоро дар байни аъзои Комиссия тақсим менамояд;

- ба аъзои Комиссия дар доираи ваколатҳои худ супориш медиҳад ва иҷрои онро назорат менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 186);

- дигар ваколатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро иҷро менамояд.

6. Ваколатҳои аъзои Комиссия:

- дар банақшагирии кори Комиссия ва омода намудани рӯзномаи ҷаласаҳо, муҳокимаи масъалаҳо иштирок намуда, пешниҳод манзур менамоянд;

- дар фаъолияти гурӯҳҳои корие, ки аз тарафи Комиссия ташкил мешаванд, иштирок менамоянд;

- дар таҳия ва баррасии лоиҳаи ҳуҷҷатҳое, ки ба ҷаласаи Комиссия пешниҳод карда мешаванд, иштирок мекунанд;

- фаъолияти самаранок ва муштаракро доир ба масъалаҳои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар доираи ӯҳдадории вазифавии худ вобаста ба талабот ва тартиби дар Низомномаи мазкур муқарраргардида амалӣ менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370аз 28.03.2024 № 186);

- ба корҳое, ки дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар соҳаи ба онҳо дахлдор бурда мешаванд, бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мебаранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370аз 28.03.2024 № 186);

- дигар ваколатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро иҷро менамоянд.

4. Тартиби даъват намудани ҷаласаҳои Комиссия ва қабули қарорҳо

7. Ҷаласаҳои Комиссия аз тарафи Роҳбари Комиссия аз рӯи зарурат ё дар асоси ҷадвали тасдиқкардаи Комиссия, вале на камтар аз як маротиба дар як сол даъват карда мешаванд. Ҷаласаҳои ғайринавбатии Комиссия имкон дорад мувофиқи дастури Роҳбар ё ё бо дархости яке аз аъзои Комиссия даъват карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370).

8. Ҷаласаи Комиссия дар ҳолате салоҳиятнок шуморида мешавад, агар дар ҷаласа на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Комиссия иштирок намоянд.

9. Дар ҷаласаҳои Комиссия дар вақти баррасии масъалаҳои алоҳида шахсони даъватшуда иштирок менамоянд, ки рӯйхати онҳо аз рӯи ин масъалаҳо мувофиқи рӯзномаи ҷаласаи Комиссия муқаррар карда мешавад. Дар ҷаласаҳои пӯшидаи Комиссия фақат аъзои Комиссия иштирок карда метавонанд.

10. Рӯзномаи ҷаласа ва ҳуҷҷатҳои масъалаҳои муҳокимашаванда на дертар аз се рӯзи корӣ пеш аз ҷаласа ба аъзои Комиссия пешниҳод мегарданд.

11. Аз рӯи натиҷаи масъалаҳои муҳокимагардида Комиссия қарори протоколӣ қабул менамояд, ки он барои баррасӣ ба мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳои дахлдор ирсол карда мешавад.

12. Қарори Комиссия тариқи овоздиҳии кушода бо овози аксарияти аъзои Комиссия, ки дар ҷаласа иштирок доранд, қабул карда мешавад. Агар ягон аъзои Комиссия доир ба қарори қабулкардаи Комиссия фикру мулоҳизаи махсус дошта бошад, он гоҳ ин фикру мулоҳиза ба қарори Комиссия замима карда мешаванд.

5. Пешбурди ҷаласаҳои Комиссия

13. Ҷаласаи Комиссияро Роҳбари Комиссия пеш мебарад. Роҳбари Комиссия дар рафти ҷаласа муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома ва мубодилаи афкорро ташкил намуда, лоиҳаи қарорҳои Комиссияро баъд аз баррасии онҳо ба овоз мегузорад.

14. Протоколи ҷаласаҳои Комиссия аз ҷониби Котиби Комиссия бурда мешавад.

15. Аъзои Комиссия метавонанд, пешниҳоди шифоҳии худро вобаста ба рӯзнома то тасдиқи он пешниҳод намоянд. Баъд аз тасдиқи рӯзнома Комиссия бо навбат ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома мегузарад.

16. Оид ба масъалаи пешниҳодшуда аз тарафи шахси вобастакардашуда маърӯза карда шуда, ба муҳокимаи аъзои Комиссия ва иштирокчиёни ҷаласа пешниҳод карда мешавад.

17. Аз натиҷаи баррасӣ қарор қабул карда мешавад.

18. Протоколи ҷаласаҳо аз ҷониби Роҳбари Комиссия дар мӯҳлати 7 рӯз имзо гардида, ба аъзои Комиссия фиристода мешаванд.

19. Бо баробари гирифтани протокол аъзои Комиссия дар мӯҳлати 7 рӯз эроду мулоҳизаҳои ниҳоии худро ба таври хаттӣ ба Роҳбари Комиссия пешниҳод менамоянд.

6. Фаъолияти гурӯҳҳои кории назди Комиссия

20. Комиссия бо мақсади мусоидат ба кори Комиссия ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ҳуқуқ дорад дар ҳайати мутахассисон ва коршиносони мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо гурӯҳҳои кории муваққатӣ ва доимоамалкунанда ташкил намояд, ки ба он аъзои Комиссия роҳбарӣ мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370аз 28.03.2024 № 186).

21. Гуруҳҳои корӣ дар мувофиқа бо Роҳбари Комиссия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти Комиссия ҳуқуқ доранд аз вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо маълумоти заруриро доир ба баҳодиҳии хавфҳо дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дархост ва дастрас намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370аз 28.03.2024 № 186).

22. Рафти ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ протокол карда шуда, натиҷаи онҳо ба Роҳбари Комиссия пешниҳод мегарданд.

7. Муқаррароти хотимавӣ

23. Таъминоти ташкилӣ ва моддӣ-техникии фаъолияти Комиссия аз ҷониби мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом амалӣ карда шуда, барои ин фаъолият котиби Комиссия масъул мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2017 № 370аз 28.03.2024 № 186).

Приложение 2

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 4 октября 2013 года, № 443

Положение о Постоянно действующей межведомственной комиссии по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения

(в редакции постановления Правительства от 03.08.2017г.№370, от 28.03.2024 №186)

(в редакции пост. Правительства РТ от 28.03.2024 №186)

1. Общие положения

1. Постоянно действующая межведомственная комиссия по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма (далее-Комиссия) является консультативным органом, утвержденным постановлением Правительства Республики Таджикистан.

2. Деятельность Комиссии осуществляется в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Таджикистаном, а также настоящим Положением.

2. Цель и основные задачи деятельности Комиссии

3. Основные задачи Комиссии:

- представление предложений по разработке и реализации единой государственной политики в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма;

- разработка и утверждения годовых комплексных рабочих планов в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма;

- координация разработки и рассмотрение проектов соответствующих нормативных правовых актов в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма, и их согласование с соответствующими органами (в редакции пост. Правительства РТ от 28.03.2024 №186);

- изучение и анализ вопросов сферы противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма;

- координация деятельности государственных органов, предприятий, учреждений, других организаций в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма;

- организация сотрудничества с органами иностранных государств, другими иностранными организациями в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма;

- координация деятельности государственных органов, предприятий, учреждений, организаций по оценке рисков в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения (в редакции постановления Правительства от 03.08.2017г.№370, от 28.03.2024 №186);

- предоставление информации по результатам деятельности государственных органов и организаций по оценке рисков в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма и финансирования распространения оружия массового поражения (в редакции постановления Правительства от 03.08.2017г.№370, от 28.03.2024 №186);

- координация изучения и анализа тенденций и типологий в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения (в редакции пост. Правительства РТ от 28.03.2024 №186);

 - координация проведения оценки рисков финансирования терроризма в некоммерческих структурах, осуществляемых надзорными органами за некоммерческими структурами совместно с уполномоченным органом и правоохранительными органами (в редакции пост. Правительства РТ от 28.03.2024 №186);

- выполнение других задач, вытекающих из нормативных правовых актов.

4. Комиссия, в целях решения поставленных перед ней задач вправе:

- в целях содействия работе Комиссии, создать в составе специалистов и экспертов государственных органов, предприятий, учреждений и организаций временные или постоянно действующие рабочие группы, руководимые членами Комиссии (в редакции пост. Правительства РТ от 28.03.2024 №186);

- требовать и получать от министерств и ведомств, предприятий, учреждений и других организаций необходимую информацию по оценке рисков в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма (в редакции постановления Правительства от 03.08.2017г.№370);

- в целях координации деятельности уполномоченного органа, надзорных органов и подотчетных субъектов создать совет комплаенс и утвердить его положение (в редакции пост. Правительства РТ от 28.03.2024 №186);

- подготовить и утвердить отчеты и методологии оценки рисков в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения (в редакции пост. Правительства РТ от 28.03.2024 №186);

- осуществлять в пределах своих полномочий контроль за выполнением решений Комиссии (в редакции пост. Правительства РТ от 28.03.2024 №186);

- изучать и обобщать предложения государственных органов и органов самоуправления поселков и сел, физических и юридических лиц по вопросам противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма.

3. Полномочия Руководителя и членов Комиссии

5. Руководитель Комиссии имеет следующие полномочия:

- представляет Комиссию во взаимоотношениях с иными органами и организациями;

- руководит деятельностью Комиссии;

- представляет Правительству Республики Таджикистан предложения (проекты нормативных правовых актов), подготовленные Комиссией, отчет и информацию относительно деятельности Комиссии;

- определяет место, дату, время проведения заседания Комиссии и предлагает повестку;

- созывает заседания Комиссии и председательствует на них;

- в случае необходимости, по собственной инициативе или по предложению членов Комиссии приглашает для участия на заседаниях Комиссии представителей государственных органов, научноисследовательских организаций и иных организаций с правом совещательного голоса;

- проводить в рамках своих полномочий встречи с официальными зарубежными делегациями по вопросам в сфере противодействия легализации от отмывании доходов полученных от преступным путем и финансированию терроризма и осуществляет в установленном порядке сотрудничество;

- распределяет обязанности между членами Комиссии;

- в пределах своих полномочий дает поручения членам Комиссии и контролирует их выполнение (в редакции пост. Правительства РТ от 28.03.2024 №186);

- осуществляет иные полномочия, предусмотренные нормативными правовыми актами.

6. Полномочия членов Комиссии:

- участвуют в планировании работы Комиссии и формировании повесток заседаний, обсуждении вопросов и представляют предложения;

- участвуют в деятельности рабочих групп, формируемых Комиссией;

- участвуют в разработке и рассмотрение проектов документов, представляемых на заседания Комиссии;

- осуществляют плодотворную и совместную деятельность по вопросам противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма, в рамках своих должностных обязанностей, исходя из требований и в порядке, установленном данным Положением;

- в порядке установленном законодательством Республики Таджикистан осуществляют надзор над работами проводимыми в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма, касающихся их сферы;

- осуществляют иные полномочия, предусмотренные нормативными правовыми актами.

4. Порядок созыва заседаний Комиссии и принятия решений

7. Заседания Комиссии созываются Руководителем Комиссии по необходимости или согласно утвержденному Комиссией графику, но не реже одного раза в год. Внеочередные заседания Комиссии могут быть созваны по требованию Руководителя или по запросу одного из членов Комиссии (в редакции постановления Правительства от 03.08.2017г.№370).

8. Заседание Комиссии считаются полномочным, если на заседании присутствует не менее двух третьей членов Комиссии.

9. На заседаниях Комиссии при обсуждении отдельных вопросов участвуют приглашенные лица, список которых по вопросам устанавливается повесткой соответствующего дня заседания Комиссии. На закрытых заседаниях- Комиссии могут участвовать только члены Комиссии.

10. Повестки заседаний и относящиеся к обсуждаемым вопросам документы предоставляются членам Комиссии не позднее 3 рабочих дней до заседания.

11. По результатам обсуждений вопросов Комиссией принимается протокольное решение, которое направляется для обсуждения в государственные органы, предприятия, учреждения, другие соответствующие организации.

12. Решения Комиссии принимаются путем открытого голосования простым большинством голосов участвующих на заседании членов Комиссии. Если кто - либо из членов Комиссии имеет особое мнение по принятому Комиссией решению, оно.прилагается к решению Комиссии.

5. Ведение заседаний Комиссии

13. Заседания Комиссии ведет Руководитель Комиссии. Руководитель Комиссия в ходе заседаний организует обсуждение вопросов повестки и обмен мнениями и ставит на голосование проекты решений Комиссии после их обсуждения.

14. Протоколы заседаний Комиссии составляются Секретарем Комиссии.

15. Члены Комиссии могут представлять устные предложения относительно повестки до ее утверждения. После утверждения повестки Комиссия приступает к поочередному обсуждению вопросов повестки.

16. По представленным вопросам со стороны уполномоченного лица зачитывается доклад, и- представляется на обсуждение членов Комиссии и участников заседания.

17. По результатам обсуждения принимается решение.

18. Протоколы заседаний подписываются Руководителем Комиссии в течении 7 дней и направляются членам Комиссии.

19. При получении протокола члены Комиссии в течении 7 дней представляют свои окончательные замечания и предложения в письменной форме Руководителю Комиссии.

6. Деятельность рабочих групп при комиссии

20. В целях содействия в работе Комиссии и решение вопросов связанных с противодействием легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма, Комиссия вправе организовать временные или постоянно действующие рабочие группы в составе специалистов и экспертов государственных органов, предприятий, учреждений и организаций, руководимые членами Комиссии (в редакции пост. Правительства РТ от 28.03.2024 №186).

21. Рабочие группы по согласованию с Руководителем Комиссии с целью осуществления деятельности Комиссии по оценке рисков в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма вправе потребовать и получать необходимые сведения от министерств и ведомств, предприятий, учреждений и других организаций (в редакции постановления Правительства от 03.08.2017г.№370).

22. Заседания рабочих групп протоколируются и их результаты представляются Руководителю Комиссии.

7. Заключительные положения

23. Организационное и материально-техническое обеспечение деятельности Комиссии осуществляется уполномоченным органом по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем , и финансирование терроризма за данных деятельность ответственность возлагается на Секретаря Комиссии.