Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2013, № 1493 "Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" фармон медиҳам:

1. Аз 1 сентябри соли 2013:

- ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар 25 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 250 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 30 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаҳои маориф, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (ба ғайр аз муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон аз музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ зиёд мебошад), ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои илм, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва кормандони дигар муассисаву ташкилотҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ба андозаи 20 фоиз ва муассисаҳою ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шаванд;

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи 190 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- маоши вазифавии (меъёрҳои тарифии) кормандони прокурорӣ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳаҷми 405 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида дар ҳаҷми 450 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- маоши вазифавии (меъёрҳои тарифии) хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои ҳайати афсарон адои хизмат мекунанд, ҳайати шахсии роҳбарикунандаи миёна, калон ва олии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои командири взвод, прапоршикҳо, сержантҳо ва сарбозон адои хизмат мекунанд, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи хурди мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 35 фоиз зиёд карда шавад;

- маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва рутбаҳои махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз рутбаи қаторӣ то лейтенант - 450 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш - 405 сомонӣ муқаррар карда шавад;

- музди меҳнати хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ, мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ, мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии вазорату кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шавад;

- ба хизматчиёни давлатии хизмати дипломатӣ, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ кор мекунанд, иловапулӣ барои рутбаҳои дипломатӣ дар ҳаҷми 15 фоизи маоши вазифавӣ муқаррар карда шавад;

- ба хизматчиёни давлатии хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донистани забонҳои хориҷии дур иловапулӣ дар ҳаҷми 15 фоизи маоши вазифавӣ муқаррар карда шавад;

- андозаи амалкунандаи стипендияҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад;

- ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол 25 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 130 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;

- ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол 20 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 624 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;

- нафақаи заминавӣ ба андозаи 130 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;

- нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардидаанд ва андозаи онҳо аз 200 сомонӣ кам мебошад, ба 200 сомонӣ баробар карда шаванд;

- нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардидаанд ва андозаи онҳо аз 200 сомонӣ ва аз ин зиёдтарро ташкил менамоянд, 25 сомонӣ зиёд карда шаванд;

- нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории нопурра аз рӯи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол таъин гардидаанд ва нафақаҳои меҳнатии маъюбони гурӯҳи III ва барои маҳрум шудан аз саробон, ки бо назардошти собиқаи кории пурра таъин гардида, андозаи онҳо аз ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол кам мебошанд, ба андозаи 30 сомонӣ зиёд карда шаванд.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

- дар амал татбиқ намудани Фармони мазкурро дар соли 2013 аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод ва иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби сарфаи маблағҳо аз рӯи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд;

- дар мӯҳлати як моҳ қарорҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намоянд;

- ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманд (ба ғайр аз нафақа), мувофиқи Қоидаҳои бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, № 313 тасдиқшуда амалӣ намоянд.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавии андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд намуда, ва онҳоро то синни 8-солагӣ тарбия намудаанд), барои маҳрум шудан аз саробон ва аз рӯи маъюбӣ барои маъюбони гурӯҳҳои II ва III (ба ғайр аз маъюбони гурӯҳи II аз овони кӯдакӣ), ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъин гардидаанд, муайян намояд.

4. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

- сархати дуюми банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2002, №926 "Дар бораи таъсиси Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- сархати нӯҳуми банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007, №219 "Оид ба зиёд намудани маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва андозаи нафақаи иҷтимоӣ";

- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2007, №349 "Дар бораи муқаррар кардани изофапулӣ барои донистани забонҳои хориҷӣ ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2008, №509 "Дар бораи муқаррар кардани иловапулӣ барои рутбаҳои дипломатӣ ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- сархати панҷуми банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126 "Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

14 августи соли 2013, № 1493

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О мерах по усилению уровня социальной защищённости населения, увеличению действующих должностных окладов государственных служащих, работников бюджетных учреждений, организаций, размеров пенсий и стипендий

В целях повышения уровня благосостояния и обеспечения социальной защищённости населения, в соответствии со статьей 103 Трудового кодекса Республики Таджикистан, статьей 16 Закона Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении граждан Республики Таджикистан" и статьей 12 Закона Республики Таджикистан "О страховых и государственных пенсиях" постановляю:

1. С 1 сентября 2013 года:

- увеличить минимальную заработную плату во всех отраслях экономики республики на 25 процентов и установить её в размере 250 сомони в месяц;

- увеличить должностные оклады работников дошкольных учреждений, общеобразовательных учреждений в размере 30 процентов и других учреждений отраслей образования, финансируемых за счет Государственного бюджета (кроме учреждений и организаций, заработная плата в которых превышает уровень заработной платы государственных служащих), в размере 20 процентов;

- увеличить должностные оклады работников учреждений и организаций отраслей науки, социальной защиты, культуры и работников других учреждений и организаций, финансируемых за счет Государственного бюджета, в размере 20 процентов, учреждений и организаций, заработная плата в которых приравнена к заработной плате государственных служащих в размере 15 процентов;

- увеличить должностные оклады работников отрасли здравоохранения, финансируемых за счет Государственного бюджета, на 20 процентов и установить размер базисной заработной платы для расчёта должностного оклада работников отрасли здравоохранения в сумме 190 сомони;

- увеличить должностные оклады (тарифные ставки) прокурорских работников в размере 15 процентов;

- установить размер базисной заработной платы в качестве основы тарифных коэффициентов для государственных служащих административных должностей высшей, первой, второй, третьей, четвертой категорий государственной службы органов государственного управления, местных исполнительных органов государственной власти, органов самоуправления посёлков и сёл в сумме 405 сомони и для административных должностей пятой, шестой, седьмой категории государственной службы перечисленных органов в сумме 450 сомони;

- увеличить должностные оклады (тарифные ставки) военнослужащих, проходящих военную службу на офицерских должностях, лиц среднего, старшего и высшего начальствующего состава органов внутренних дел и других правоохранительных органов в размере 15 процентов;

- увеличить должностные оклады (тарифные ставки) военнослужащих, проходящих военную службу на должностях командира взвода, прапорщиков, сержантов и солдат, лиц рядового и младшего начальствующего состава органов внутренних дел и других правоохранительных органов в размере 35 процентов;

- установить размер базового оклада для исчисления коэффициентов по воинским званиям военнослужащих и специальным званиям сотрудников правоохранительных органов, от звания рядового до лейтенанта - 450 сомони и от старшего лейтенанта до генерала армии - 405 сомони;

- приравнять заработную плату государственных служащих центральных аппаратов, областных, городских и районных органов Управления государственной службы при Президенте Республики Таджикистан и Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан к заработной плате государственных служащих центральных аппаратов, областных, городских и районных органов министерств и государственных комитетов Республики Таджикистан;

- установить денежную надбавку за дипломатические ранги государственным служащим, работающих в дипломатических представительствах и консульских учреждениях Республики Таджикистан за рубежом, представительствах Республики Таджикистан при международных организациях, в размере 15 процентов от должностного оклада;

- установить государственным служащим дипломатической службы Республики Таджикистан за рубежом и центрального аппарата Министерства иностранных дел Республики Таджикистан надбавку за знание иностранных языков дальнего зарубежья, в размере 15 процентов от должностного оклада;

- увеличить действующие размеры стипендий студентов учреждений высшего и среднего профессионального образования (кроме курсантов высших военных учебных заведений и Академии Министерства внутренних дел Республики Таджикистан), в размере 20 процентов;

- увеличить минимальную пенсию по возрасту на 25 процентов и установить её в размере 130 сомони в месяц;

- увеличить максимальную пенсию по возрасту на 20 процентов и установить её в размере 624 сомони в месяц;

- установить базовую пенсию в размере 130 сомони в месяц;

- трудовые пенсии, назначенные при полном трудовом стаже, размер которых меньше 200 сомони, приравнять к 200 сомони;

- трудовые пенсии, назначенные при полном трудовом стаже составляющие 200 сомони и более, увеличить на 25 сомони;

- трудовые пенсии, назначенные при неполном трудовом стаже по минимальному размеру пенсии по возрасту и трудовые пенсии инвалидов III группы и по случаю потери кормильца, назначенные при полном трудовом стаже, размер которых составляет меньше минимальной пенсии по возрасту, увеличить в размере 30 сомони.

2. Правительству Республики Таджикистан и местным исполнительным органам государственной власти:

- реализацию настоящего Указа в 2013 году осуществить- за счёт средств, предусмотренных в Государственном бюджете Республики Таджикистан для фонда оплаты труда и пенсионного обеспечения, средств свободных остатков, перевыполнения доходов местных бюджетов, за счёт экономии средств по другим статьям расходов и специальных средств бюджетных учреждений и организаций;

- в месячный срок привести свои решения в соответствие с настоящим Указом;

- исчисление среднего заработка для оплаты трудовых отпусков, выходных пособий, пособий по временной нетрудоспособности и в других случаях, связанных с выплатой средней заработной платы (кроме начисления пенсии), производить согласно Правилам утверждённым постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 июня 2007 года, №313.

3. Правительству Республики Таджикистан определить увеличение размера социальных пенсий по возрасту (за исключением матерей, родивших десять и более детей и воспитавших их до 8- летнего возраста), по случаю потери кормильца и по инвалидности инвалидам II и III группы (за исключением инвалидов II группы с детства), которым назначены в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении граждан Республики Таджикистан".

4. Признать утратившими силу:

- второй абзац пункта 2 Указа Президента Республики Таджикистан от 9 октября 2002 года, №926 "О создании Института повышения квалификации государственных служащих Республики Таджикистан";

- девятый абзац пункта 1 Указа Президента Республики Таджикистан от 16 марта 2007 года, №219 "Об увеличении должностных окладов работников бюджетных учреждений и организаций и размеров социальной пенсии";

- Указ Президента Республики Таджикистан от 14 ноября 2007 года, №349 "Об установлении надбавок за знание языков сотрудникам дипломатической службы Республики Таджикистан";

- Указ Президента Республики Таджикистан от 12 августа 2008 года, №509 "Об установлении надбавок за дипломатические ранги сотрудникам дипломатической службы Республики Таджикистан";

- пятый абзац пункта 1 Указа Президента Республики Таджикистан от 2 августа 2011 года, №1126 "О мерах по усилению уровня социальной защищённости населения и увеличению действующих должностных окладов работников бюджетных учреждений, организаций, размеров пенсий и стипендий".

Президент

Республики Таджикистан                                             Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 14 августа 2013 года, № 1493