Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 августи соли 2012
ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд,
рақамҳои бақайдгирӣ 654
Бо қарори Маҷлиси
вакилони халқи шаҳри Хуҷанд
аз 16 апрели соли 2012, №125
тасдиқ карда шудааст
ҚОИДАҲОИ ОБОДОНӢ ВА БЕҲДОШТИ ҲОЛАТИ САНИТАРИЮ ЭКОЛОГӢ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Қоидаҳои ободонӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию экологӣ (минбаъд - Қоидаҳои мазкур) мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" таҳия шуда, муносибатҳои беҳдошти ободонӣ ва экологиро танзим намуда, тартиби ҳифзи муҳити зист, беҳбудии ҳолати санитарию экологии аҳолӣ ва масъулиятро барои вайрон кардани талаботи Қоидаҳои мазкур муқаррар менамояд.
2. Қоидаҳои мазкур нисбат ба мақомоти коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист, санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва шаҳрвандон оид ба беҳдошти ҳолати санитарии ҳудудҳо, ташкили тозакунӣ ва таъминоти тозагию ободонии зоҳирӣ паҳн гардида, тартиби тоза намудани кӯчаҳо, роҳҳои мошингард, роҳравҳо, ҳудудҳои дохили шаҳр инчунин ҳудудҳои истеҳсоли дохилиро барои тамоми шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки истифодабарандаи қитъаҳои замин, иншоот, молик ва ё иҷорагирони биноҳо ва иншоот сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидорӣ муайян мекунад.
3. Мафҳумҳои асосие, ки дар қоидаҳои мазкур истифода мешаванд:
- ободонӣ ва кабудизоркунӣ - иҷрои маҷмӯи чорабиниҳо ҷиҳати ба меъёрҳои муқарраргардидаи санитарӣ ҷавобгӯ намудани муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоид, солим ва маданиву фарощатӣ барои аҳолӣ;
- беҳдошти ҳолати санитарӣ - тоза намудан, ҷамъоварӣ, интиқол ва безараргардонии партовҳои сахти маишӣ ва партовҳои калонҳаҷм ба партовҳои сахту моеъи рӯзгор;
- ҳудуди корхона, ташкилот, муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ - қитъаҳои замин, ки дар кадастри давлатии замин, мувофиқи шаҳр инъикос ёфтааст ва бо таъиноти муайян ба шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо ва ё вобаста карда шудааст;
- ҳудуди пайваст - ҳудуди истифодаи умумӣ, ки бевосита ба сарҳади қитъаи замин, бино, иншоот, майдончаи сохтмон, объектҳои савдо, реклама ва дигар объектҳо ё девораҳои онҳо пайваст, ки дар моликият, истифода, иҷора ва мувозинаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд ва масофаи муайян доранд;
- объект - бино, сохтмон, иншооти муҳандисӣ, майдончаи сохтмон, мағоза, конструксияи рекламавӣ, пояҳои хати таъминоти барқ ё алоқа ва ғайра;
- нигоҳдории объект - маҷмӯи чорабиниҳо оид ба ободонӣ ва кабудизоркунӣ, таъмин намудани тозагӣ, ҳолати хуби техникӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои техникии объект муқаррар карда шудаанд;
- сабзазор - қисми ободонӣ, ки аз сабза ё дигар растаниҳои даравидашудаи баландиашон на зиёда аз 20 см иборат аст;
- минтақаи кабудизор - дарахтон, буттазор, ҳам сабзазори табиӣ ва ҳам сунъӣ парваришшаванда;
- осебёбии минтақаи кабудизор - таъсири техникӣ, химиявӣ ва ғайраи қисми рӯизаминӣ ва системаи решаҳои кабудизор, ки боиси нобудшавии сабзишии он намегардад;
- нобуд сохтани кабудизор - осебёбии кабудизор, ки боиси насабзидани кабудизор мегардад;
- иншооти боронқабулкунанда - иншоотест дар шабакаи корезӣ, ки барои қабул ва ҷорӣ намудани оби борон ва оби барфи обшуда таъин шудааст;
- иншооти роҳ - ҷузъҳои таркибии қитъаҳои замин, қисми роҳи нақлиётгузар, пул, роҳгузар, эстакадаҳо, тоннел ва инчунин дигар иншооте, ки барои дар ҳолати зарурӣ нигоҳ доштан, нигоҳубин ва дар ҳолати хуби техникӣ истифода шудани роҳи автомобилгард заруранд:
- таъмири асосии таркиби рӯпӯши роҳ - маҷмӯи тадбирҳое, ки барои пурра барқарор намудани мӯҳлати коршоями таркиби рӯпӯши роҳ, қитъаи замин ва иншооти роҳ иҷро карда мешаванд, иваз намудани таҷҳизот (конструксияҳо) ва қисмҳои фарсудашуда ё иваз кардани онҳо ба таҷҳизот (конструксияҳо) ва қисмҳои нисбатан мустаҳкам ва дар ҳолатҳои зарурӣ баланд бардоштани нишондиҳандаҳои геометрии роҳ бо назардошти афзоиши шиддатнокии ҳаракати нақлиёт ва сарбории меҳварии автомобилҳо дар ҳудуди меъёрҳои муқарраргардида;
- хатти (қитъаи) назди роҳ - минтақаи муайяни қитъаи замин ё сатҳи иншооти сунъӣ, ки он назди роҳи мошингард ҷойгир буда, дар худ ҷӯйборҳои обрав (кюветҳо), қитъаи замин бо назардошти дурнамои васеъшавии роҳ, ҷойгиронии роҳравҳои пиёдагардону велосипедронӣ, инчунин дигар иншооти маҷмӯи роҳ ва хизматрасонӣ дар ҳудуди роҳи автомобилӣ ҷойгир буда, дар масофаи 50 метр аз ҳар ду ҷониби роҳи нақлиётгард мебошад;
- таъмири ҷории бино ва иншоотҳо - корҳое, ки ҷиҳати пешгири намудани фарсудашавии бармаҳали конструксияҳо, ороиш (аз ҷумла рангубор), шабакаҳои муҳандисӣ, инчунин корҳо оид ба бартараф намудани ҳисорот ва вайроншавии хурд нигаронида шудаанд;
- иншооти ғайрикапиталӣ - иншооти таъминоташон мавсимӣ ё ёридиҳанда, аз ҷумла павилонҳои муваққатии тобистона, нуқтаҳои савдои муваққатӣ аз конструксияҳои сабук, конструксияҳои металлии бе таҳкурсии чуқур, гармхонаҳо, инчунин иншооти савдои чакана, объектҳои хизматрасонӣ ва хӯроки қадди роҳ, павилонҳои истгоҳ, ҳуҷраҳои ҳоҷатхонаи рӯизаминӣ, мошинсаройҳои боксӣ;
- таъмири капиталӣ - таъмири иншоот, бино ва дигар объектҳо бо мақсади барқарор намудани захира ҳангоми зарурат, унсурҳои конструктивии системаи таҷҳизоти муҳандисӣ, инчунин беҳтар намудани нишондиҳандаҳои истифодабарӣ;
- нигоҳдории кӯчаҳо, роҳи мошингард - маҷмӯи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ҳолати истифодабарии қитъаи нақлиётгарди роҳ, иншооти роҳ, хатти ҷудокунӣ, унсурҳои ободонии роҳ, ташкил ва бехатарии ҳаракат, ки ба талаботи меъёрҳои амалкунанда ҷавобгӯй аст;
- партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ - пасмондаи ашё, мавод, ашёи нимтайёр ва дигар маснуот, ки дар раванди истеҳсолот ва истеъмолкунӣ ба вуҷуд омадаанд, инчунин мол (маҳсулоте), ки хусусиятҳои истеъмолии худро гум кардаанд;
- партовҳо - тамоми партовҳо, аз ҷумла боқимондаҳои сахти ашё, маводҳо, масолеҳи нимтайёр, дигар масолеҳу маснуот, ки хусусиятҳои истеъмолии мол (маҳсулот)-ро гум кардаанд;
- партовҳои сахту моеъи рӯзгор - партовҳое мебошанд, ки дар натиҷаи фаъолияти ҳаёти ҳамарӯзаи аҳолӣ ба вуҷуд меоянд;
- партовҳои сохтмон - партовҳое, ки дар натиҷаи корҳои таъмири асосӣ, таъмири ҷорӣ, вайрон кардани бино ва иншоотҳо, манзили истиқоматии шаҳрвандон ва корҳои ободонӣ ба вуҷуд меоянд;
- ҷамъ кардани партовҳои сахту моеъи рӯзгор - маҷмӯи чорабиниҳоест, ки барои тоза кардани нуқтаҳои партовпартоӣ, пур кардани қуттиҳои партовҷамъкунӣ (контейнерҳо) бо мақсади интиқоли партов ба партовгоҳи марказӣ алоқаманд аст;
- ҷадвали баровардани партовҳои сахту моеъи рӯзгор - санади тасдиқгардидаи ташкилоти хизматрасон, ки тибқи он ва мувофиқи шартномаи тарафайн интиқоли партовҳо сурат мегирад;
- вайрон намудани ҷадвали интиқоли партовҳои сахту моеъи рӯзгор - риоя накардани хатти сайр, ҷадвали аз рӯи соат баровардан ва интиқоли партовҳо ба мӯҳлати зиёда аз 2 соат;
- нуқтаҳои партовпартоӣ - ҷойҳои махсус бо қуттиҳои партови ҳаҷмашон 0,75 м3 (контейнерҳо) муҷаҳҳаз дар микроноҳия ва маҳаллаҳо, ки барои баровардани партови аҳолӣ пешбинӣ шудааст;
- нуқтаҳои партовтӯдаи ғайримуқаррарӣ - ҷамъшавии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, ки дар натиҷаи худсарона партофтан ё ҷамъ кардани партов ба вуҷуд меоянд ва ҳаҷмаш аз 1 метри мукааб зиёд нест, инчунин ҷамъшавии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, дар партовтӯдаи алоҳида, ки дар натиҷаи худсарона партофтан (ҷойгир намудан) ё ҷамъ кардани то 30 метри мукааб партов дар масоҳати зиёда аз 50 метри мураббаъ ба амал меояд;
- безараргардонии партов - коркарди партов бо усулҳои технологии гуногун дар таҷҳизоти махсусгардонидашуда бо мақсади пешгирӣ намудани таъсири зарарнок ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ;
- усулҳои махсуси ороишӣ ва обод кардани мавзеи зисти аҳолӣ - композитсияи ҳайкалтарошию меъморӣ, монументалию ороишӣ, кабудизоркунӣ бо дизайни хос нишонаҳои хотиравӣ ва ғайра.
2. Беҳдошти санитарӣ ва тартиби интиқоли партовҳои сахту моеъи маишӣ
4. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар ҳудуди шаҳр (ноҳия) фаъолият менамоянд, барои интиқоли партовҳои сахт ва моеъ бо ташкилотҳои барои баровардани партовҳо масъул, бояд шартномаи хизматрасонии интиқоли партов ба расмият дароранд.
5. Партовҳои субъектҳои хоҷагидорӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ ба вуҷуд меоянд, дар ҳудуд ва бо истифода аз имкониятҳои корхонаву ташкилотҳо дар ҷойҳои махсус барои ин мақсад ташкилгардида ва бо мувофиқаи мақомоти ҳифзи муҳити зист ҷамъ ва муваққатан нигоҳ дошта мешавад.
6. Муассисаҳои хизматрасонии интиқоли партов ҷамъоварии партовҳои сахту моеъро ба зарфҳои партовҷамъкунӣ (контейнерҳо) ғунҷоишашон 0,75 ва 1,1 метри мукааб ба амал меоранд.
7. Миқдор ва ғунҷоиши зарфҳои партовҷамъкунӣ бо назардошти ҳаҷми ҷамъшавии партовҳои сахту моеъ бояд омода карда шаванд.
8. Ба зарфҳои партовҷамъкунӣ партофтани маводҳои сӯхт ва молиданӣ, маводҳои (латтакӯҳнаҳо) равғанолуд, авторезина, лампаҳои газии разряди ва люминессентӣ манъ аст. Партовҳои мазкур дар биноҳои ба ин мақсад махсус ҷудо карда шуда нигоҳ дошта шуда, ба корхонаҳои махсусгардонидашудаи безараргардонӣ интиқол дода шаванд.
9. Ба қуттиҳои партовпартоӣ (контейнерҳо) партофтани маводҳои сохтмон, партовҳои моеъ, ангишт ва партовҳои хомӯшнашуда манъ аст.
10. Сӯзондани тамоми намуди партовҳо дар ҳудуди хонаҳо ва нуқтаҳои партов манъ аст.
11. Тамоми намуди зарфҳои партовпартоӣ ва нуқтаҳои партов бояд дар ҳолати техникии коршоям нигоҳ ва соле ду маротиба дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ бо тамғаи муайяни мутааллиқият ба ташкилоти хизматрасон ранг карда шаванд.
12. Қуттиҳои партов ва дигар намуди партовҷамъкунакҳо, инчунин майдончаҳо барои онҳо бояд мувофиқи талаботи меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ дар мӯҳлатҳои муқарраргардида (ғайр аз фасли зимистон) бо маводи дезинфексиякунӣ (безараркунанда) коркард карда шаванд.
13. Қуттиҳои партов ва партовҷамъкунакҳо чун қоида бояд дар майдончаҳои махсус ҷиҳозонидашуда гузошта мешаванд. Майдонча бояд мумфарш ё бетонрезӣ карда, ба сӯи роҳи мошингард моил ва барои ҳаракати нақлиёти махсуси партовкашон мувофиқ ҷойгир карда шаванд.
14. Ҷойгиронии нуқтаҳои партовпартоӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии меъморию шаҳрсозӣ муқаррар ва тасдиқ карда мешавад. Омодасозии нуқтаҳои мазкур бо лоиҳаҳои инфиродӣ, ки бо тартиби муайяншуда таҳия ва тасдиқ шудаанд, иҷозат дода мешавад.
15. Нуқтаҳои партовпартоии барои қуттиҳои партови чархакдор аз роҳи мошингард бо пандусҳо ва иҳотаҳои (бордюрҳо) баландиашон 7-10 см бояд муҷаҳҳаз гардонида шаванд.
16. Мавзеи ҷойгиронии нуқтаҳои партовпартоиро муассисае, ки дар мувозинааш нуқта воқеъ аст, дар мувофиқа бо сохторҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, мақомоти ҳифзи муҳити зист, хадамоти маҳаллии назорати зидди сӯхтор, маркази назорати эпидемиологию санитарӣ, ташкилоти партовкашон муайян карда мешавад. Майдончаҳои мазкур аз дару тирезаи хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, майдончаҳои варзишӣ ва мавзеи фароғатии одамон дуртар, вале на камтар аз 20 метр ва на зиёда аз 100 метр бояд ҷойгир карда шаванд.
17. Ҳангоми дар назди манзили истиқоматӣ, мағозаҳо, муассисаҳои таълимӣ, мавзеи фароғатии аҳолӣ ва ғайра, ки ҷойгиронии нуқтаҳои партов дар масофаи дар банди 16. Қоидаҳои мазкур зикргардида ғайриимкон аст, ин масофаҳо аз ҷониби комиссияи созмондодаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда мешавад.
18. Муваққатан (ба мӯҳлати то 1 шабонарӯз) дар ҳудуди ҳавлиҳо барои ҷамъ кардани партовҳои сохтмон дар назди ҷойҳои таъмиру сохтмон, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ иҷро карда мешаванд, дар ҳолати дар ин ҳудудҳо мавҷуд набудани майдончаҳои махсус барои бункер- партовҷамъкунакҳо, гузоштани бункер - партовҷамъкунакҳо иҷозат дода мешавад. Ҷойҳои муваққатан гузоштани бункер - партовҷамъкунакҳо бояд ба мақомоти ҳифзи муҳити зист мувофиқат карда шаванд.
19. Гузоштани партовҷамъкунакҳо дар кӯчаҳои марказӣ, аз ҷумла дар қисми гузаргоҳи роҳ, роҳравҳо, сабзазор ва гузаргоҳи равоқи хонаҳо манъ аст.
20. Нуқтаҳои партовпартоӣ, ҷои гузоштани бункер-партовҷамъкунакҳо ва ҳудудҳои ба онҳо пайваст дар масофаи 20 метр аз ҷониби корхонаҳое, ки ин нуқтаҳо дар мувозинаи онҳост, мунтазам аз партовҳои сахту моеъи рӯзгор ва калонҳаҷм тоза карда шаванд.
21. Ташкили ҷамъоварӣ ва интиқоли партовҳои сахту моеъи рӯзгор, назорати риоя намудани ҷадвали баровардани партовҳои сахту моеъ ва истифодабарии нуқтаҳои партовпартоӣ ба зиммаи сохторҳои зерин вогузор карда мешавад:
- корхонаи воҳиди давлатии коммуналии "Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ";
- корхонаи воҳиди давлатии "Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ";
- корхонаи давлатии "Истифодабарии манзил"-и соҳилҳои чап ва рост;
- кумитаи маҳаллаҳо;
- ширкати соҳибмулкони манзил;
- ташкилоти хизматрасони (шахси воқеӣ) хонаҳои бисёрошёна.
22. Партовҳои сахту маиширо ташкилотҳои партовбарор, ки соҳиби иҷозатнома мебошанд, мувофиқи мӯҳлати дар ҷадвал муайянгардида ё аз рӯи дархост, агар ин шарт дар шартнома ҷой дода шуда бошад, интиқол медиҳанд.
23. Дар ҳолати беасос даст кашидан аз бастани шартнома барои хизматрасонии интиқоли партов ва дар натиҷаи он ба муҳити зист расонидани зарар аз ҷониби истеъмолкунанда ё иҷрокунанда, истеъмолкунандаи хизматрасонӣ ва ё иҷрокунанда ӯҳдадоранд, ки ҳаҷми зарари расонидашударо тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намоянд.
24. Интиқоли тамоми намуди партовҳо берӯйпӯш намудани он, ки кӯчаҳоро аз ифлосшавӣ эмин медорад, манъ аст.
25. Партове, ки ҳангоми аз қуттиҳои партов (контейнерҳо) ба нақлиёти махсуси партовкашон бор намудан мерезад, ё дар натиҷаи бо саҳлангории муассисаи партовкашон саривақт интиқол надодан ҷамъ мешавад, аз ҳисоби муассисаи зикргардида тоза ва интиқол дода мешавад.
26. Партофтани партовҳои сохтмонӣ ва ҳайвонот, инчунин ҳайвоноти забҳгардида ба нуқтаҳои партовпартоӣ манъ аст. Муассисаҳои хизматрасонии интиқоли партов метавонанд, мувофиқи нархномаҳои тасдиқгардидаи алоҳида ба шартномаи тарафайн партовҳои сохтмонӣ, ҳайвонот ва ҳайвоноти забҳгардидаро интиқол диҳанд.
27. Безараргардонии партовҳои истеҳсолот аз ҷониби ташкилотҳое амалӣ гардонида мешавад, ки барои муомилот бо партовҳо (коркард ва ҷамъ намудани ин намуди партовҳо) иҷозатнома (литсензия) доранд.
28. Дар назди манзилҳои истиқоматии хусусӣ метавонад барои муҷаҳҳаз гардонидани нуқтаҳо, қуттиҳои партовпартоӣ ё партовҷамъкунакҳои ҳаракатдиҳанда гузошта шаванд. Ҷойгиронии чунин нуқтаҳо ва қуттиҳо, беҳдошти санитарии онҳо аз ҷониби корхонае, ки онҳо дар мувозинаашон мебошанд, таъмин карда мешаванд.
29. Партовҳои сахт ва маишӣ аз ҷониби ташкилоти партовкашон (иҷрокунанда) дар мӯҳлдатҳое, ки дар шартномаи тарафайн пешбинӣ шудааст, вале на дертар аз мӯҳлатҳое, ки бо меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ пешбинӣ гардидаанд, танҳо бо нуқтаҳои партовпартоии марказии маҳалли ҷойгиршуда интиқол дода мешаванд.
30. Дар нақлиёти мусофиркашон, бозорҳо, боғ ва боғҳои фарҳангӣ, минтақаҳои фароғатии одамон, қароргоҳҳои нақлиёт, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар маҳалли серодам, дар кӯчаҳо, истгоҳҳои нақлиёти мусофиркашон, дар даромади иншоотҳо ва нуқтаҳои савдо аз ҷумла хизматрасон бояд қуттиҳо, ки ба намунаҳои мувофиқи меъёрҳои тасдиқгардида мувофиқат менамоянд, таҷҳизонида шаванд.
31. Масофаи байни қуттиҳо дар кӯчаҳои шаҳр, бозорҳо ва дигар маҳалли серодам набояд аз 50 метр зиёд бошад, дар кӯчаҳои дуюмдараҷа, ҳавлию боғ ва боғҳои фарҳангиву дигар ҳудудҳо ин масофа набояд аз 100 метр зиёд бошад.
32. Тоза намудани қуттиҳои партов аз ҷониби муассисаҳое, ки хонаҳои истиқоматӣ ва ҳудудҳо дар мувозинаи онҳо мебошанд, бо мурури пур шуданашон, вале на дертар аз як шабонарӯз тоза шуда, дар мӯҳлати як ҳафта шуста мешаванд. Қуттиҳо, ки дар истгоҳҳои нақлиёти мусофиркашон гузошта шудаанд, аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорие, ки истгоҳҳоро тоза мекунанд, тоза ва шуста мешаванд, қуттиҳои дар назди иншоотҳои савдо гузошташударо субъектҳои дахлдори хоҷагидории савдо тоза менамоянд.
33. Қуттиҳои дар мувозинаи субъектҳои хоҷагидори қарордошта, ҳангоми зарурат, вале дар мӯҳлати на зиёда аз як сол (моҳи апрел) як маротиба ва инчунин аз рӯи дастури мақомоти назоратӣ ранг карда мешаванд.
3. Ташкили тоза намудани ҳудуди шаҳрҳо
34. Ҳудуди шаҳр дар як рӯз ду маротиба тоза карда мешавад: то соати 800 саҳарӣ ва то соати 1800 бегоҳӣ. Дар кӯчаҳои асосӣ ва кӯчаҳое, ки шиддатнокии ҳаракати нақлиёт зиёд аст, тозакунӣ дар вақти шабона аз соати 2300 то 700 амалӣ мегардад.
35. Хусусияти вақти кори шабонаро санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
36. Маҳалли серодам (минтақаҳои назди истгоҳҳо, бозорҳо, минтақаҳои савдо ва ғайра) давоми рӯзи корӣ тоза карда мешаванд.
37. Сарҳади ҳудуди тозакунӣ байни ташкилотҳо, муассисаҳо, иҷорагирон аз ҷониби маъмурияти ҳудуд бо назардошти ҳуҷҷатҳои заминистифодабарӣ ва мутобиқи Қоидаҳои мазкур муайян карда мешавад.
38. Иншоотҳое, ки ҳудудашонро ба таври механикӣ тоза намудан ғайриимкон аст (бинобар камбар буданашон ё мураккаб будани сатҳи онҳо), бояд ба таври дастӣ то оғози кори нақлиёти махсус тоза карда шаванд.
39. Масъулияти ташкил ва гузаронидани корҳои тозакунӣ ба зиммаи ташкилот, корхонаву муассисаҳо вогузошта мешавад.
40. Тоза намудан ва беҳдошти қисми мошингарди роҳҳо, майдонҳо, кӯчаҳо, гузаргоҳҳои шабакаи роҳи шаҳр, аз ҷумла минтақаи думетра, инчунин соҳилҳо, кӯпрукҳо, аз ҷумла тоза намудани дастӣ пас аз тозакунии механикӣ аз барф ва тоза намудани минтақаҳои лотокдор аз ҷониби корхонае, ки ин рӯйпӯшҳои роҳи иншооти зикргардида дар мувозинаи онҳо қарор доранд амалӣ карда мешаванд.
41. Тоза намудани қисми сабзазори хатти ҷудокунӣ беҳдошти деворчаҳои қисми мошингарди роҳ, роҳравҳо ва сабзазор, дигар унсурҳои ободонии роҳ аз тарафи корхонае, ки ин объектҳо дар мувозинаи он қарор доранд, амалӣ мегардад. Ҳангоми иҷро кардани корҳои мазкур ба қисми мошингарди кӯчаҳо ва гузаргоҳҳо партофтани партов манъ аст.
42. Тоза намудани майдончаҳои таваққуфи истгоҳҳои охирини нақлиёти мусофиркашон ба зиммаи корхонае, ки роҳи мошингардро тоза менамоянд, вогузор карда мешавад.
43. Тоза намудани ҳудудҳои кабудизор (боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, хиёбонҳо гулгаштҳо ва ғайра) аз ҷумла дар роҳравҳо, минтақаҳои пиёдагард, роҳравҳои наздизинапоя аз ҷониби ташкилотҳое, ки ин объектҳо дар мувозинаи онҳо қарор доранд ва ё аз ҷониби онҳо истифода бурда мешавад, амалӣ мегардад.
44. Тоза намудани ҳудудҳое, ки ба даромади гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ гузаргоҳҳои пиёдагардон мепайвандад, то масофаи 5 метр гирдогирди қисми рӯизаминии гузаргоҳ ё толор, зинаҳои гузаргоҳҳо ва худи гузаргоҳҳоро корхонаҳое, ки ин объектҳо дар мувозина ва ё истифодабарии онҳо мебошанд, амалӣ менамоянд.
45. Паҳнкунандагони реклама ё ташкилотҳои махсусгардонидашуда мувофиқи шартнома тоза намудани ҳудудҳое, ки ба объектҳои алоҳидаи реклама дар масофаи 5 метр аз иншооти рекламавӣ наздиканд, аз ҳисоби паҳнкунандагони реклама амалӣ карда мешавад.
46. Тоза намудани нуқтаҳои муваққатии савдои кӯчагӣ, ҳудудҳое, ки ба нуқтаҳои савдо наздиканд (бозор, мағозаҳо, павилионҳои савдо, хаймаҳои савдо, дӯконҳо ва ғайра) дар атрофи (радиус) 50 метр соҳибони объектҳои савдо амалӣ менамоянд. Гузоштани борҷомаю зарфҳо ва партови ҷамъкардашуда дар ҳудуди зикргардида манъ аст.
47. Тоза намудан, ободонӣ, беҳдошти ҳудудҳои даромад ва баромад аз истгоҳҳои фурӯши сӯзишворӣ, нуқтаҳои мошиншӯӣ, маҷмӯи фурӯши сӯзишворӣ, инчунин ҳудудҳои ба онҳо наздик дар атрофи 50 метр ва гузаргоҳҳои нақлиёт ба ин иншоот - ба зиммаи корхонаҳое, ки ин объектҳо дар мувозинаи онҳо мебошанд, вогузор карда мешаванд.
48. Тозакунии дастии ҳудуди атрофи пояҳо ва сутунҳои таҷҳизоти равшанидиҳии кӯчаҳо, шабакаҳои ёридиҳандаи муҳандисӣ аз ҷониби корхонаҳое, ки роҳҳои пиёдагардро тоза мекунанд, амалӣ мегардад.
49. Тоза намудан, шустан ва ранг намудани пояҳои хатҳои равшандиҳии барқӣ, алоқаи электрикӣ, симҳои троллейбус, чароғакҳои роҳнамои роҳ аз ҷониби корхонаҳое, ки ин объектҳоро дар мувозинаи худ доранд, амалӣ карда мешавад.
50. Тоза намудани муҷассамҳо, пайкара ва нимпайкараҳо ва ғайра аз ҷониби муассисаи ободонӣ сурат мегирад.
51. Тоза намудани ҳудуди ба зеристгоҳҳои трансформаторӣ ва тақсимотӣ, хатти қубурҳои рӯизаминӣ ва дигар иншооти муҳандисии бо реҷаи автоматӣ (бе кормандони хизматрасон) кор мекунанд ва инчунин ба пояҳои хатҳои интиқоли барқ, байпасҳо дар масофаи 5 метр мепайвандад, аз тарафи ташкилоте, ки иншооти зикргардида дар мувозинаи онҳо қарор дорад, амалӣ карда мешавад.
52. Тоза намудани истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳудудҳои ба онҳо пайваст то масофаи 5 метр - соҳибони идора ва ё ташкилоте масъуланд, ки ин иншоотҳо дар мувозинаашон мебошад, ба анҷом расонида мешавад.
53. Тоза намудани истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ бо модули савдои истгоҳ ва ҳудуди ба он ҳамсарҳад то масофаи 50 метр соҳибмулки модули савдои истгоҳ иҷро менамояд.
54. Тоза намудани ҳудудҳои сохтмони мошинсаройҳо, кооперативҳо, қароргоҳҳои нақлиёт ва ҳудудҳои ба онҳо наздик дар масофаи 15 метр ва инчунин роҳҳои ба онҳо пайваст аз тарафи маъмурияти ин сохторҳо анҷом дода мешавад.
55. Тоза намудан ва беҳдошти ҳудудҳои иншооти хоҷагидорӣ ва минтақаҳои ба он наздик то масофаи 15 метр ва роҳҳои ба онҳо пайваст ба зиммаи иншоотҳои хоҷагидорӣ, ки ин ҳудудҳо дар моликият ва ихтиёри онҳо мебошанд, вогузор карда мешавад.
56. Тоза намудан, ободонӣ ва тоза нигоҳ доштани хонаҳову мошинсаройҳои хусусӣ, рӯйпӯшҳои нақлиёти шахсӣ ва минтақаҳои наздики онҳо дар масофаи 5 метр шаҳрвандоне, ки истифодабарандаи қитъаҳои замини иншоотҳои зикргардида мебошанд, амалӣ менамоянд.
57. Барои тоза намудан ва ободонии ҳудудҳо дар масофаи минтақаи 15 метра аз сарҳади объекти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмир фармоишгар ва ташкилоти пудратчии генералӣ масъулият доранд.
58. Тоза намудан ва интиқоли партов аз ҳудуди истгоҳ, мошинсаройҳо ва таваққуфгоҳҳои муваққатии пулакии нақлиёт аз ҳисоб ва бо қувваи соҳибон ва ё ташкилотҳое, ки иншоотҳои зикргардидаро ихтиёрдорӣ менамоянд, иҷро карда мешавад.
59. Ташкили корҳо оид ба нобуд ва тоза намудани эълонҳо, варақаҳо, дигар маводҳои маълумотӣ, воситаҳои ҷойгиронии маълумотҳо дар ҳама иншоотҳои инфрасохторӣ (намуди берунаи бино ва иншоотҳо, мағозаҳо, дарахтон, сутунҳои шабакаҳои муҳандисӣ, телефонӣ ва рӯшноии беруна ва ғайра) ба зиммаи соҳибмулкон, соҳибон, истифодабарандагони иншоотҳои зикргардида вогузор карда мешавад.
60. Бе мувофиқаи дорандаи баланс ва мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ насб намудани реклама, варақаҳо, маводҳои тарғиботӣ дар бино ва иншоотҳо, мағозаҳо, дарахтон, сутунҳои шабакаҳои муҳандисӣ, телефонӣ ва рӯшноии беруна манъ аст.
61. Ҳангоми ба вуҷуд омадани обзеркунӣ дар натиҷаи вайрон шудани кори мӯътадили шабакаи корезии боришотқабулкунӣ, ӯҳдадорӣ оиди бартараф намудани онҳо ба зиммаи муассисаҳои ободонӣ, муассисаҳои роҳдорӣ ва дар дигар ҳолат ба зиммаи соҳибмулк вогузор карда мешавад.
62. Дар ҳолати аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дахолат кардан ба фаъолияти мӯътадили шабакаҳои обқабулкунӣ, ки боиси обзеркунии кӯчаҳо, роҳравҳо ва гулгашту майдончаҳои кабудизор мегарданд, онҳо барои ба ҳолати аввала баргардонидани кӯчаҳо, роҳравҳо ва гулгашту майдончаҳои кабудизор масъуланд.
4. Тоза намудани ҳудуди шаҳр дар мавсими тобистон
63. Мавсими тозакунии тобистона аз 1 апрел то 31 октябр муқаррар карда мешавад. Дар ҳолати тағйир ёфтани вазъи обу ҳаво, аз рӯи нишондоди хадамоти фармоишгар мӯҳлати гузаронидани тозакунии тобистона матавонад тағйир дода шавад. Чорабиниҳо оид ба омодасозии таҷҳизоти тозакунӣ ба давраи тобистона дар мӯҳлатҳое гузаронида мешавад, ки онро хадамоти фармоишдиҳанда муайян мекунад.
64. Рӯфтани кӯчаҳо, роҳҳо, роҳравҳо ва роҳҳои баромад ба мошинрав (проезд) бояд бо обпошии (намкунии) пешакӣ ба амал оварда шавад.
65. Хокрӯба ва партовҳое, ки ҳангоми тоза кардани қисми мошингарди кӯча ба вуҷуд меоянд, роҳравҳо ва сабзазор, майдончаҳои нишасти мусофирон, павилонҳои истгоҳҳои нақлиёти мусофиркашон, намуди берунаи биноҳои наздикҷойгиршуда, иншооти савдо ва ғайраро субъектҳои хоҷагидоре, ки ба назорати қисми мошингарди кӯча масъуланд, тоза менамоянд.
66. Дар рӯзҳои гарм (ҳангоми аз + 250С баланд будани ҳарорати ҳаво) обпошии рӯпӯшҳои роҳ аз соати 1200 то 1600 (баъди ҳар ду соат) амалӣ карда мешавад.
67. Ташкилотҳо барои тоза кардани ҳудудҳои ба онҳо вобасташуда барои ҷамъоварии хазон аз сабзазори қад-қади кӯчаҳо ва шоҳроҳҳо дар масофаи 10 метр дар давраи тирамоҳ, аз ҳудудҳои ҳавлиҳо ва дигар ҳудудҳо дар давраи баҳор масъуланд. Хазони пӯсида барои таъмини муҳити ғизобахши кабудизор нигоҳ дошта мешавад.
5. Хусусиятҳои дар мавсими тобистон тоза кардани қисмҳои алоҳидаи кӯчаҳо ва роҳҳо
68. Қисми мошингузари кӯча бояд пурра аз ифлосиҳо тоза гардад ва шуста шавад.
69. Хатҳои меҳварӣ. ки бо хати тақсимот ишорат гардидаанд, бояд аз хок ва дигар ифлосиҳо мунтазам тоза карда шаванд.
70. Минтақаҳои думетраи лотокҳо набояд овардаҳои хокию регӣ, партовҳои гуногун дошта бошанд, ифлосшавии начандон зиёд бо зарраҳои рег ва партови майда роҳ дода мешавад.
71. Роҳравҳои пиёдагардон ва майдончаҳои истгоҳҳо нақлиёти мусофиркашон пурра аз овардаҳои чангу хок ва партовҳо бояд тоза карда, шуста шаванд.
72. Канораи роҳ бояд аз партовҳои калонҳаҷм ва дигар партовҳо тоза карда шавад.
73. Баландии алафзор ва сабзазор дар ҳудуди минтақаҳои аҳолинишин, хати ҷудокунии роҳи автомобилгард дар роҳҳои ҷудокунии роҳи автомобилгард, набояд аз 20 см баланд бошад.
74. Манъ карда шавад:
-ба қисми мошингарди кӯча, гузаргоҳҳои дохили маҳаллаҳо партофтани партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, хокрӯбаи ҳудудҳои ҳавлиҳо, роҳравҳо ва қисми мошингузари дохили маҳалла;
-истифодабарии намаки техникӣ ва калсии хлории моеъ ба сифати маводи зиддилағҷиш ба роҳравҳои пиёдагардон, майдончаҳои истгоҳҳои нақлиёти мусофиркашон, дар боғҳо, ҳиёбонҳо ва минтақаҳои пиёдагард ва кабудизор;
-ба роҳи мошингард кашида партофтани об ҳангоми бартараф кардани садамаҳо дар шабакаҳои обу корезӣ ва гармигузаронӣ;
-ҷойгир намудани маводҳои инертӣ, хока ва дигар масолеҳи сохтмон дар роҳравҳо, қисми мошингарди кӯча ва роҳ.
6. Хусусиятҳои тоза намудани ҳудуди ҳавлиҳо дар мавсими тобистон
75. Рӯбучини ҳудуди ҳавлиҳо, гузаргоҳҳои мошингарди дохили ҳавлӣ ва роҳравҳо аз чанг ва партовҳои хурди маишӣ аз ҷониби соҳибмулкон ё корхонаҳое, ки ин ҳавлиҳо дар ихтиёрдории онҳост, гузаронида мешавад. Тозагӣ ва ободонӣ дар ин ҳудудҳо дар тамоми рӯзи корӣ бояд таъмин карда шавад.
76. Ҷумакҳои обдиҳӣ барои шустан ва бо шланг обёрӣ намудани сатҳи ҳудуди ҳавлиҳо бояд дар як ҳавлӣ гузаронида шуда, дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ дошта шаванд. Масъулияти нигоҳ доштани таҷҳизот ва истифодаи он ба зиммаи соҳибмулк ё ташкилоте, ки ин ҳавлиҳо дар ихтиёрдории онҳост, вогузошта мешавад.
7. Нигоҳдории минтақае, ки дар он корҳои заминӣ, таъмир ва дигар намуди корҳо иҷро мешаванд
77. Иншоотҳо ва майдончаҳои сохтмон, карерҳо (аз ҷумла карерҳои барқароршаванда), корхонаҳо оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон бо тартиби ҳатмӣ бо нуқтаҳои тозакунии чархҳои нақлиёти автомобилӣ ва роҳҳои мошингарде, ки рӯйпӯшашон мумфарш ё оҳанубетонӣ аст, таҷҳизонида шаванд.
78. Дар майдончаи сохтмон барои ҷамъоварӣ ва нигоҳ доштани партов, қуттии партов (контейнер) ва барои ҷойгиронии партовҳои сохтмон бояд таҷҳизоти ҷамъкунӣ (бункер) гузошта шаванд.
79. Дар ҳудуди майдончаи сохтмон нобуд кардани дарахтону буттазор, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ пешбинӣ накардаанд, хокпӯш намудани танаи дарахтон ва буттазор манъ аст. Дарахтоне, ки набояд бурида шаванд, бояд бо тахтадеворҳо иҳота карда шаванд.
80. Партовобҳои истеҳсолӣ ва маишӣ, ки дар майдончаи сохтмон ба амал меоянд, бо тартиби дар лоиҳаи сохтмон пешбинишуда ва дар раванди иҷроиши корҳо бояд тоза ва безарар карда шаванд.
81. Намуди зоҳирии иҳотаҳои майдончаҳои сохтмон ва ҷойҳои кофташуда бояд ба меъёрҳои муқарраршуда мувофиқат намоянд, яъне аз ифлосиҳо тоза ва шуста шаванд, набояд равзанаҳои бо лоиҳа пешбинишуда ва ҷойҳои шикаста дошта бошанд, аз ҳолати амудӣ моил шаванд, эълону ҳар гуна навиштаҷот насб шуда бошад, дар иҳотаҳои майдончаи сохтмон бояд асбобҳои равшанидиҳӣ таҷҳизонида шаванд.
82. Партовҳои сохтмон ва хок аз майдончаҳои сохтмон бояд мунтазам ба ҷойҳои махсус ҷудокардашуда, дар мувофиқа бо мақомоти ҳифзи табиат интиқол дода шаванд.
83. Масолеҳи сохтмон ва маснуот бояд танҳо дар дохили иҳотаҳои майдон мувофиқи лоиҳаи тасдиқшудаи ташкилоти сохтмон ва нақшаи иҷроиши корҳо ҷамъ карда шаванд.
84. Ба истифода супоридани иншооти сохтмонаш ба итмомрасида пас аз пурра ба анҷом расонидани корҳои лоиҳавии сохтмон, ободонӣ ва кабудизоркунӣ суръат мегирад.
85. Қисмҳои иморати вайронкардашаванда бояд дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ҷудо ва бароварда шаванд.
86. Майдончаи сохтмон баъди вайрон кардани иншоот дар мӯҳлати 2 ҳафта бояд тарҳрезӣ ва обод карда шавад.
87. Гузаронидани корҳои заминӣ бе иҷозатномаҳои дахлдор манъ аст.
88. Хокпӯш кардани траншея ва ҳавзҳои кофташуда бояд дар мӯҳлати барои корҳои заминӣ муқарраркардашуда гузаронида шаванд.
89. Рӯпӯшҳои роҳ, роҳравҳо, сабзазор ва дигар қитъаҳои кофташуда бояд дар мӯҳлатҳои бо иҷозатнома муқарраргардида барқарор карда шаванд.
90. Ба истифодадиҳии шабакаҳои зеризаминӣ танҳо пас аз барқарор кардани рӯпӯшҳои роҳ ва унсурҳои ободонӣ иҷозат дода мешавад.
91. Ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонӣ манъ аст:
-вайрон намудани иншооти мавҷуда, кабудизор ва унсурҳои ободонӣ, тайёр намудани маҳлул ва бетон бевосита дар қисми мошингарди кӯча;
-аз чоҳҳо, траншеяҳо, чуқуриҳо обро кашида ба роҳравҳо ва қисми мошингард пошидан;
-пас аз ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дар қисми мошингарди роҳ, роҳрав, минтақаи кабудизор боқи мондани партовҳои сохтмон;
-ишғол намудани масоҳати иловагӣ барои анбор, аз ҳудуди муқарраргардида зиёд гузаштани иҳотаҳо:
-банд намудани гузаргоҳҳо ва роҳҳои воридот ба ҳавлиҳо, халал расонидан ба ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон:
-ҳаракати нақлиёт аз майдончаҳои сохтмон, ҷои гузаронидани таъмир ва иҷроиши дигар корҳо бе тоза намудани чархҳои мошин аз лой ва хоки часпида.
92. Дар ҳолати осеб ёфтани шабакаҳои зеризаминӣ иҷрокунандагони кор бояд соҳибон ин иншоотҳоро дар ин хусус хабардор намоянд ва оиди ба бартараф намудани садама тадбирҳои фаврӣ андешанд.
93. Ҳангоми корҳои заминӣ, таъмир, садамавию барқароркунӣ ва ғайра мавзеи гузаронидани корҳо бояд бо иҳотаҳои намунаи тасдиқгардида таҷҳизонида шуда, равшаннамои садамавӣ таъмин карда шавад, ишораҳои дахлдор ва бункерҷамъкунакҳо барои ҷамъоварии партовҳои сохтмон ва пасмондаҳои сохтмон таҷҳизонида шавад.
94. Интиқоли пасмондаҳои асфалтбетон ҳангоми гузаронидани корҳои таъмири роҳ дар шоҳроҳҳо аз ҷониби ташкилотҳои иҷрокунандаи ин корҳо фавран (дар рафти иҷроиши кор) аз дигар кӯчаҳо ва ҳавлиҳо дар муддати як шабонарӯз бароварда мешаванд. Муваққатан дар сабзазор ва қитъаҳои кабудизор ҷамъ намудани пораҳои мумфарш (асфалт) манъ аст.
95. Дар ҳудуди маҳалли аҳолинишин ва ба он наздик гузаронидани корҳои заминӣ, таъмирӣ, сохтмон ва баровардану фаровардан, иҷрои корҳои дигар дар вақти шабона манъ аст, агар чунин корҳо оромӣ ва осудагии шаҳрвандонро халалдор созанд ва ё халал расонида тавонанд.
Муқаррароти банди мазкур ба фаъолияти зерин дахл надорад:
-амале, ки барои пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ, бартараф намудани оқибатҳои садама, фалокатҳои табиӣ ва дигар вазъиятҳои фавқуллода равона карда шуда бошанд, барои гузаронидани дигар корҳои фаврӣ, ки бо таъминоти бехатарии шахсӣ ва ҷамъиятии шаҳрвандон мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-ба амалҳое, ки барои содир намудани онҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда шудаанд.
8. Нигоҳдории ҳолати ниҳолҳои сабз
96. Нигоҳдории ҳолати ниҳолҳои сабз бо Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
97. Бурриши дарахтон, буттагулҳо ва ғайраи минтақаи кабудизор бо мувофиқаи мақомоти ҳифзи муҳити зист ва муассисаҳое, ки кабудизор дар мувозинаи онҳост, амалӣ мегардад.
98. Ҳангоми мумфарш намудани ҳудуди атрофи дарахтон бо қутри (диаметр) на камтар аз 1 метр масоҳати кушод гузошта мешавад.
99. Дар минтақаи муҳофизатии симҳои барқгузор, инчунин назди аломатҳои кӯча ва рақами хонаҳои истиқоматӣ, воситаҳои техникии танзими ҳаракати роҳ (дар масофаи 1 метр) сари вақт буридани шоҳҳои дарахтонро муассисаи кабудизоркуни ё ташкилоти дахлдор таъмин менамояд.
100. Шохи дарахтон аз рӯи ҷадвале, ки бо идораҳои барқ, мувофиқа карда шудааст ва таҳти назорати онҳо бо риояи талаботи меъёрҳои бехатарӣ бурида мешаванд.
101. Буридан ва баровардани дарахтони касал, шохҳо ва ё танашон пурра хушкшуда намуди ороишии худро гум намуда, инчунин буридани шохҳои дарахтон, ки аёнияти воситаҳои техникии танзимкунандаи ҳаракати роҳро маҳдуд менамояд, аз ҷониби ташкилоти дахлдор дар давоми рӯзи корӣ аз минтақаи кабудизорӣ роҳҳои асосӣ дар давоми 3 рӯз аз кӯчаҳои дуюмдараҷа ва ҳудуди ҳавлиҳо, бо шарти иҳотакунии ҷойҳои хавфнок амалӣ мегардад. Корҳои зикргардида танҳо пас аз мувофиқа бо мақомоти ҳифзи муҳити зист иҷро карда мешаванд. Шохҳои боқимонда, ки пас аз буридани дарахтон боқӣ мемонанд, дар кӯчаҳои асосӣ ва шоҳроҳҳо дар муддати як шабонарӯз, дар кӯчаҳои аҳамияти дуюмдараҷа дошта дар муддати се шабонарӯз бояд кофта бароварда шавад.
Дарахтони ғалтонидашуда ва ё ғалтида бояд аз минтақаи мошингард, роҳравҳо, симҳои барқгузар, намуди берунаи хонаҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои истеҳсолӣ аз ҷониби муассисаи кабудизоркунӣ ё ташкилоте, ки дар ҳудуди он, ин гуна дарахтон ҷойгиранд, фавран дар муддати 6 соат аз лаҳзаи хабардор шудан бароварда шаванд.
102. Обпошии ниҳолҳои сабз дар иншоотҳои кабудизоркунӣ саҳарӣ на дертар аз соатҳои 800-900 ё вақти бегоҳӣ баъди соатҳои 1800-1900 аз ҷониби ташкилот ё корхонае, ки он дар мувозинааш мебошад, ё ташкилоту корхонаҳои пудратӣ гузаронида мешавад.
103. Дар боғҳо, боғҳои фарҳангӣ, гулгаштҳо ва дигар ҳудудҳое, ки ниҳолҳои сабз доранд, манъ аст:
-гузоштан ва ташкили истгоҳи воситаҳои нақлиёт, техникаи сохтмон ва роҳсозӣ, ба ғайр аз ҳолатҳои истисноии ба истифодаи ин ҳудудҳо вобаста будани техника ва ё барои нигоҳубини кабудизор истифодашаванда;
-таъмири нақлиёт, рехтан ва ё партофтани партовҳо, шустани воситаҳои нақлиёт, сохтан ё гузоштани мошинсаройҳо ва тентҳо - паноҳгоҳҳо барои нақлиёт;
-шикастан ва нобуд намудани дарахтон, буттаҳо, сабзазор, кандани гулҳо, ба дарахтон мустаҳкам намудани тамоми намуди предметҳо;
-худсарона кофтани қитъаҳои замини сабзазор;
-насби эълонҳо дар танаи дарахтон;
-буридани худсаронаи дарахту буттаҳо.
9. Нигоҳдории биноҳо, иншоотҳо ва объектҳои инфрасохторӣ
104. Роҳбарияти корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки дар мувозинаашон биноҳо ва иншоотҳо доранд, соҳибон ва истифодабарандагони хонаҳои истиқоматӣ ва бӯстонсароҳо ӯҳдадоранд, саривақт таъмир ва ранг намудани намуди берунаи объектҳои зикргардида ва шабакаи муҳандисии онҳо, иморатҳои дохилиҳавлиро таъмин намояд, инчунин лавҳаҳои хотиравӣ, лавҳачаҳои маълумотӣ ва ғайраи намуди берунаи биноро дар ҳолати хуб ва тоза нигоҳ доранд. Худсарона дигар кардани намуди берунаи биноҳо ва унсурҳои муҳандисии онҳо манъ аст.
105. Вайроншавӣ ва осебёбии қисмҳои алоҳидаи ороишот, қабатҳои ороишӣ ва рангкардашуда, тарқишҳои андова, вайроншавии маводҳои герметизатсиякардашудаи пайвастҳои биноҳои аз блокҳо сохташуда, вайроншавӣ ва ё фарсудашавии рӯйпӯшҳои металлӣ дар қисми барҷастаи биноҳо, вайроншавии тарнобҳо, доғҳои намӣ ва занг, ифлосшавии умумии сатҳ, вайроншавии парапетҳо ва дигар вайроншавиҳои ба ин монанд бояд сари вақт бартараф карда шаванд.
106. Дар ҳолатҳое, ки агар дар моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пешбурди хоҷагидорӣ ё оперативии шахсони ҳуқуқӣ биноҳои алоҳидаи ғайриистиқоматӣ ё истиқоматӣ мавҷуд бошад, чунин шахсон дар таъмири намуди берунаи биноҳои зикргардида мутаносибан ба масоҳати ишғолнамудаашон ӯҳдадоранд.
107. Худсарона азнавсозии балкон ва айвонҳо, гузоштани қуттиҳои гулдон аз тарафи берунаи тиреза ва балконҳо, азнавсозии намуди берунаи бино ва унсурҳои конструктивӣ бе иҷозатномаи дахлдори мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ манъ аст. Тамоми сӯрохиҳо, ҷӯякҳо ва сӯрохиҳо дар зерфарши техникӣ барои ба бино ворид нашудани хояндаҳо бояд бо тӯр (андозаи сӯрохиаш - 0,5см) маҳкам карда шаванд.
108. Мувофиқи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ ташкилоти хизматрасонии фонди манзил ва мақомоти санитарию эпидемиологӣ мунтазам дератизатсия ва дезинфексияи нобуд кардани хояндаҳо ва ҳашаротро дар ҷойҳои истифодои умумӣ, таҳхонаҳо ва зерфаршҳои техникӣ мегузаронанд.
109. Ҷойгир намудани иншооти ғайрикапиталӣ дар равоқҳои биноҳо, сабзазор, майдончаҳои кӯдакона, фароғатӣ, таваққуфҳои нақлиёт, майдончаҳои нишасти нақлиёти мусофиркашон (ба истиснои павилонҳои бо истгоҳҳо якҷоякардашуда), дар минтақаи муҳофизатии шабакаи обу корезӣ, шабакаҳои барқӣ ва хатҳои алоқа мутаносибан 10 метр аз павилонҳои истгоҳ, 25 метр аз шахтаҳои вентилятсионӣ, 20 метр аз тирезаҳои хонаҳои истиқоматӣ, витринаҳои нуқтаҳои савдо, 3 метр аз танаи дарахтон, 1,5 метр аз сарҳади шохаҳои буттаҳо манъ аст.
110. Иншооти субъектҳои хоҷагидорӣ, ки бо савдои чакана хизматрасонии маишӣ ва хизматрасонии умумӣ (палаткаҳо, қаҳвахонаҳои тобистона, хаймаҳои савдо ва ғайра), машғуланд, дар ҳудуди минтақаҳои пиёдагардӣ, боғҳои фарҳангӣ, гулгаштҳо бояд дар рӯйпӯштҳои сахт гузошташуда бо таҷҳизоти равшанидиҳӣ, урнаҳо ва қуттиҳои партовҷамъкунӣ, нуқтаҳои хӯроки омма, ҳуҷраҳои ҳоҷатхона (дар ҳолати набудани ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди мазкур то масофаи 200 м) муҷаҳҳаз карда мешаванд.
111. Муҷаҳҳаз гардонидани иншооти ғайрикапиталӣ танҳо бо иҷозатнома ва бо тартибе, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, иҷозат дода мешавад.
112. Рангу бори иншооти ғайрикапиталӣ бояд на камтар аз 1 маротиба дар як сол (то 1 май) карда шавад ва таъмир бошад, ҳангоми зарурат.
10. Нигоҳдорӣ ва ободонии роҳҳои мошингард
113. ӯҳдадориҳо оид ба нигоҳдорӣ ва ободонии роҳи оҳан ба таври зерин вогузор мешаванд:
-ҳудудҳои истгоҳҳои роҳи оҳан ва ҳудудҳое, ки ба онҳо пайванданд ба масофаи ҳудуди хатти ҷудокунӣ, вале на камтар аз 10 метр аз релси охирӣ гузаргоҳҳо, чорроҳаҳо, байни истгоҳҳо - ба ташкилоте, ки хизматрасонии ин қитъаи роҳро ба зимма дорад:
-ҳудуди атрофи бино, иншоот, хонаҳои шахсӣ, ки ба роҳи оҳан мепайванданд - ба соҳибони ин объектҳо ва заминистифодабарандагони он.
114. Дар хати ҷудокунии роҳҳои мошингард иҷро кардани корҳои зерин бе мувофиқа манъ аст:
-кишт намудан ва кофтани қитъаҳо, буридани дарахтони буттазор, канда гирифтани чим ва кофта гирифтани хок:
-ҷорӣ намудани оби ташноб, обҳои мелиоративӣ ва партовобҳо ба иншооти обҷудокунӣ ва резервуарҳо.
115. Ба хати ҷудокунии роҳҳои мошингард партофтани партовҳои саноатӣ, маишӣ, барф ва ғайра инчунин рехтани равған ва сӯзишворӣ манъ аст.
116. Шахсони мансабдори ташкилотҳо ва шаҳрвандоне, ки дар бурриши роҳҳои мошингард, роҳи ба онҳо пайваст сохтмон намудаанд, роҳҳои автомобилгард, иншоотҳо ва унсурҳои ободониро вайрон намудаанд, зарари ба хоҷагии роҳ расонидашударо тибқи тартиби муқарраргардида ҷуброн менамоянд.
11. Нигоҳдории хонаҳои хусусӣ, аз ҷумла хонаҳое, ки барои истиқомати мавсимӣ ё муваққатӣ истифода мешаванд
117. Соҳибмулкони манзилҳои истиқомати инфиродӣ, аз ҷумла хонаҳое, ки барои истиқомати мавсимӣ ва муваққатӣ истифода мешаванд ӯҳдадоранд:
-саривақт гузаронидани таъмири асосӣ ва ҷории хонаҳо ва инчунин таъмир ва ранг намудани иморатҳои дар ҳавлӣ сохташуда ва деворҳо:
-ҷамъ намудани партовҳои маишӣ ва пасмондаҳои ҳайвонот дар ҷойҳои махсус ташкилгардида, мунтазам ва дар мӯҳлатҳои муқарраргардида баровардани партовҳои маишӣ:
-роҳ надодан (зиёда аз 7 рӯз) ба нигоҳ доштани сӯзишворӣ, нуриҳо, масолеҳи сохтмон ва дигар маводҳо дар ҳудуди намоёни хонаҳои истиқоматӣ;
-бо мурури ифлосшавӣ тоза намудани ҳудуди назди ҳавлиҳои истиқоматӣ;
-роҳ надодан барои нигоҳ доштани техника, механизмҳо, нақлиёт, аз ҷумла механизмҳои ба қисмҳо ҷудошуда дар ҳудуди назди ҳавлиҳои истиқоматӣ;
-пешгирии таъмир ё шустани мошин, иваз намудани равған ё моеъҳои техникӣ дар ҳудуди назди ҳавлии истиқоматӣ;
-гӯр кардани партовҳо дар ҳудуди қитъаҳое, ки хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудаанд.
12. Нигоҳдории ҳудуди иттиҳодияи боғдорӣ, полезӣ, бӯстонсароҳои ғайритиҷоратии шаҳрвандон ва иморатҳои дар онҳо сохташуда
118. Иттиҳодияи боғдорӣ, полезӣ ва бӯстонсароҳои шаҳрвандон барои риоя намудани тозагӣ ва тартибот дар қитъаҳои ҷудокардашуда ва ҳудуди назди иттиҳодияи ғайритиҷоратии боғдорӣ, полезкорӣ ва бӯстонсароҳои шаҳрвандон то масофаи 15 метр аз девор масъуланд.
119. Иттиҳодияи боғдорӣ, полезӣ ва бӯстонсароҳои шаҳрвандон бояд дар майдончаҳои махсус қуттиҳои партов бункер-партовҷамъкунакҳо гузоранд ва мунтазам партовҳоро мувофиқи шартномаҳои басташуда бароранд.
13. Нигоҳдории майдончаҳои нигоҳ доштани нақлиёт ва мошинсарой - нуқтаҳои таваққуфи муваққатии нақлиёт
120. Нигоҳдорӣ ва ташкил намудани таваққуфгоҳи муваққатии нақлиёти шахсӣ дар ҳудуди ҳавлӣ ва дохили маҳалла, дар маҳалла ба ин мақсад ҷудокардашуда иҷозат дода шуда, ҳаракати онҳо набояд ба нақлиёти махсуси партовкашон монеъгӣ кунад.
121. Нигоҳдорӣ ва бозистии нақлиёти автомобилии боркаши давлатию шахсӣ танҳо дар мошинсаройҳо, қароргоҳҳо ва таваққуфгоҳҳои муваққатии нақлиёт мумкин аст.
122. Шустан, тоза намудан ва таъмири воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди шаҳр, ба истиснои ҷойҳои махсус ҷудокардашуда, манъ аст.
123. Майдончаҳои таваққуфгоҳҳои муваққатии нақлиёт бояд рӯпӯши оҳану бетонӣ, мумфаршу бетонӣ дошта ё шағалпӯш карда шуда бо таҷҳизоти равшанидиҳанда ва воситаҳои аёнӣ муҷаҳҳаз бошанд. Таваққуфгоҳҳои нақлиётии барои нигоҳдории дурру дарози нақлиёт метавонанд бо айвончаҳо, деворҳои сабук-боксҳо ва эстакадаҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд.
124. Субъектҳои хоҷагидоре, ки нақлиёт, техникаи нақлиётии роҳсозӣ ва нақлиёти кишоварзиро истифода менамоянд ё воситаҳои техникии зикргардидаро таъмир менамоянд, ӯҳдадоранд, қисмҳои ивазшударо ҷамъ намуда, ба субъектҳои хоҷагидории бо коркард ё безараргардонии онҳо машғулбуда интиқол намоянд.
125. Оташ задани чархҳои истифодабурдашуда ва қисмҳои ивазшудаи нақлиёт дар маҳалли ғайримуқаррарӣ ва ба нуқтаҳои партов партофтани онҳо манъ аст.
126. Партофтан ва нигоҳ доштани нақлиёти ба қисмҳо ҷудошуда, садамавӣ ва аз кор баромада дар кӯчаҳо, ҳудуди ҳавлиҳои истиқоматӣ, майдончаҳои кӯдакон ва варзишӣ, роҳравҳо, роҳҳои пиёдагард, сабзазор, қитъаҳои кабудизор манъ аст.
127. Сохтмон ва ҷойгиронии мошинсарой, истгоҳҳои хизматрасонии техникӣ дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи муҳити зист иҷозат дода мешавад.
128. Соҳибони мошинсаройҳои металлӣ тозакунии санитарӣ ва рӯбучини минтақаҳои ҷудошударо аз ҳисоби воситаҳои худӣ анҷом медиҳанд.
129. Дар ҳудуди таваққуфгоҳҳои нақлиётӣ, майдончаи нигоҳ доштани нақлиёт, ҷамъоварии алоҳидаи равғанҳои коркардшуда, қисмҳои эҳтиётии нақлиёт ва оҳанпора дар гӯшаҳои махсус ва дар зери айвон ташкил карда мешавад.
14. Нигоҳдории минтақаҳои истеҳсолӣ
130. Ташкили корҳои тозакунӣ ва беҳдошти ҳудудҳои истеҳсолии субъектҳои хоҷагидорӣ минтақаҳои ба онҳо наздик ва гузаргоҳҳои онҳо ба зиммаи соҳибмулкон ва истифодабарандагони иншоотҳои ҳудуди зикргардида вогузор карда мешавад.
131. Минтақаҳои таъиноти истеҳсолӣ бояд рӯпӯшҳои оҳану бетонӣ, мумфаршу бетонӣ, кабудизор, харакҳо, қуттиҳои партови калон ва майда барои партов, таҷҳизоти равшанидиҳанда ва аёниятҳои ороишӣ - маълумотӣ дар бораи ташкилот дошта бошанд.
132. Ғундоштан ва муваққатан нигоҳ доштани партовҳои истеҳсолии субъектҳои хоҷагидорӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ба амал меояд, бо қувваи худи ин субъектҳои хоҷагидор дар ҳудуди корхона ва дар нуқтаҳои ба ин мақсад махсус ташкилгардида ба амал оварда мешавад.
15. Нигоҳдории қисмҳои рӯизаминии иншоотҳои симгузар ва коммуникатсияҳо
133. Шабакаҳои муҳандисии беруна (гармидиҳӣ, қубурҳои газ, хатҳои барқ, обу корезӣ ва ғайра) бояд дар ҳолати коршоями ва ҳудудҳои ба онҳо пайваст тоза нигоҳ дошта шаванд.
134. Вайрон намудани қисмҳои рӯизаминии чоҳҳои мушоҳидавӣ ва боронқабулкунӣ, хатҳои гармигузаронӣ, лӯлаҳои газ, қубурҳои гармигузаронӣ, хатҳои обрасон, интиқоли барқ ва дигар қисмҳои иншоотҳои инфрасохторӣ ва коммуникатсияҳо роҳ дода намешавад.
135. Ба ифлосшавӣ ё дар ҳолати рангнокарда нигоҳ доштани девораҳо, сарпӯшҳои чоҳҳои мушоҳидавӣ ва боронқабулкунӣ, набудани изолятсияи хатҳои рӯизаминии қубурҳои гармигузаронӣ, газ, об, дигар қисмҳои иншооти инфрасохторӣ ва коммуникатсияҳо роҳ дода намешавад. Корҳои таъмирии иншооти мазкур ва тоза намудани онҳо бояд мунтазам гузаронида шаванд.
136. Санҷиши профилактикии обравҳои боришотӣ, чоҳҳои мушоҳидавӣ ва боронқабулкунӣ, корезии боришот ва тоза намудани онҳо аз ҷониби ташкилоти соҳибмулк ва ё истифодабаранда мувофиқи шартнома бо соҳибмулк тибқи ҷадвали тасдиқгардида, вале на дертар аз як маротиба дар як сол амалӣ карда мешавад.
137. Барои пешгирӣ намудани ифлосшавии шабакаҳои корезии обрав партофтани хокрӯба ва партовҳо ба чоҳҳои боронқабулкунӣ манъ аст. Панҷараҳои чоҳҳои боронқабулкунӣ дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ба ифлосшавӣ ва реголудшавии панҷараҳо ва чоҳҳо, ки имконияти обгузаронии онҳоро маҳдуд менамоянд, роҳ дода намешавад.
138. Ташкилотҳои хизматрасонии фонди манзил ҳаракати озодонаи нақлиёти махсусро ба сарпӯшҳои чоҳҳои назоратӣ, қисмҳои идораи шабакаҳои муҳандисӣ, инчунин манбаъҳои обтаъминкунии воситаҳои оташнишон (гидрантҳои сӯхторнишон, обанборҳо), ки дар ҳудуди хизматрасонӣ ҷойгиранд, бояд шароит фароҳам намоянд.
139. Бо мақсади нигоҳ доштани вазъи мӯътадили истифодабарии шабакаҳои дохилимаҳалла ва ҳавлиҳои истиқоматӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ иҷрои корҳои зерин манъ аст:
-мустақилона кушодани сарпӯши чоҳҳо ва гузаронидани корҳо оид ба танзими фаъолияти шабакаҳои обу корезӣ ва гармигузаронӣ;
-дар шабакаҳои инфрасохтории кӯча, ҳавлӣ бунёди иншооти капиталӣ ё муваққатӣ, ба шабакаҳои муҳандисӣ ҷойгир намудани масолеҳи сохтмон, партов;
-нодуруст маҳкам намудани сарпӯши чоҳҳо ва бо сарпӯшҳои шикаста пӯшидани онҳо;
-ба хатҳои корезӣ равона сохтани обҳои рӯизаминӣ;
-бо мақсади хоҷагидорӣ истифода намудани гидрантҳои зиддисӯхтор;
-истифода ва интиқоли об аз нуқтаҳои обтаъминкунии кӯчаҳо тариқи қубурҳои резинӣ (шлангҳо);
-ҳангоми иҷрои корҳои заминӣ ва роҳсозӣ дар кӯчаҳо ва ҳудудҳои дохилимаҳалла хокпӯш намудани чоҳҳо, аз ҷумла чоҳҳои коммуникатсияҳои зеризаминиро хокпӯш намудан;
-мустақилона пайваст намудани хатҳои обтаъминкунии ҳавлиҳои истиқоматӣ ба шабакаҳои обу корезии умумӣ.
16. Таъминоти тозагӣ дар шаҳрҳо
140. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бояд ба тозагӣ риоя намоянд ва тартиботро дар тамоми ҳудуди шаҳр, аз ҷумла ҳудуди хонаҳои шахсӣ нигоҳ доранд.
141. Дар миқёси шаҳр ба истиснои нуқтаҳои муқарраргардида партофтани партовҳои маишӣ, сохтмон ва истеҳсолӣ манъ аст.
142. Оташ задании партовҳо, баргҳо, зарфҳо, партовҳои истеҳсолӣ, дохили ҳудуди корхона ва хонаҳои шахсӣ манъ аст.
143. Ба биноҳо, иншооти муҳандисӣ, деворҳо, павилонҳои нақлиёти мусофиркашони шаҳр, сутунҳои хатти равшандиҳӣ, хатҳои обрасон (трубопровод), дарахтон насби эълонҳо ё дигар маълумотҳо манъ аст.
144. Маъмурияти муассисаҳои нақлиёти автомобилии давлатию шахсӣ ва соҳибони нақлиёт ӯҳдадоранд воситаҳои нақлиётиро дар намуди тоза ба хатсайр равон намоянд.
145. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият ва навъи хоҷагидорӣ ӯҳдадоранд барои таъмини тозагии санитарӣ ва интиқоли партов бо муассисаи партовкашони маҳалли ҷойгиршуда шартнома банданд.
17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қоидаҳои мазкур
146. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд, Қоидаҳои мазкур ва дигар меъёрҳои муқарраршудаю стандартҳоро дар соҳаи ободонӣ, тозагии санитарӣ ва ҳолати экологӣ риоя намоянд.
147. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қоидаҳои мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.