Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 августи соли 2012
ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд,
рақамҳои бақайдгирӣ 654
МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ХӯҶАНД
(ДАЪВАТИ IV)
Қ а р о р
Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои ободонӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию экологӣ
Мутобиқи моддаҳои 8-9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии хуқуқӣ" Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд (даъвати IV) қарор мекунад:
1. Қоидаҳои ободонӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию экологӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр ва корхонаи воҳиди давлатии "Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и шаҳри Хуҷанд вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати татбиқи Қоидаҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Ба шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа супорида шавад, ки интишори расмии Қоидаҳои ободонӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию экологиро таъмин намояд.
4. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
5. Назорати иҷроиши Қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр "Оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон" гузошта шавад.
аз 16 апрели соли 2012 № 125 ш. Хуҷанд
МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ ГОРОДА ХУДЖАНДА (IV СОЗЫВА)
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Правил по благоустройству и улучшению санитарно - экологического состояния
В соответствии со статями 8-9 конституционного Закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", статьи 24 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Маджлис народных депутатов города Худжанда (IV созыва) постановляет:
1. Утвердить Правила по благоустройству и улучшению санитарно-экологического состояния (прилагается).
2. Обязать отдел защиты окружающей среды города, центр государственного санитарно эпидемиологического надзора города и коммунального государственного унитарного предприятия "Главное управление благоустройство и жилищно-коммунальное хозяйства" года Худжанда, принять необходимые меры по выполнению данных Правил.
3. Отделу социального развития и связи с обществом обеспечить официальное опубликование Правил по благоустройству и улучшению санитарно экологического состояния.
4. Данное постановление ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
5. Контроль над исполнением данного постановления возложить на постоянную комиссию Маджлиса народных депутатов города "По вопросам социальной защиты, здравоохранения, охраны природы, вопросов семьи и женщин".
Председатель Маджлиса Р. Каримов
г. Худжанд,
от 16 апреля 2012 года, № 125
*Зарегистрирован в Мин.юст. РТ от 28.08.2012г. №654