Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 июли соли 2012
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 148 "а"
Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 июли соли 2012
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 148 "а"
Замимаи 1
ба фармоиши Вазири тандурустии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 июни соли 2012 таҳти №291
ТАРТИБИ БА КОРМАНДОН ДОДАНИ ДАФТАРЧАҲОИ ШАХСИИ ТИББӢ
1. Мувофиқи моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию-эпидемиологии аҳолӣ" ва моддаи 146 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирӣ, пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятию венерикӣ, бемории сил ва бемориҳои касбӣ, кормандони истеҳсолот ва ташкилот новобаста аз шакли моликият ва фаъолияташон, ки ягон намуди фаъолияти хоҷагӣ ё истеҳсолиро ба амал мебароранд, ӯҳдадоранд пеш аз қабулшавӣ ба кор таҳти муоинаи ҳатмии тиббии пешгирикунанда қарор гиранд ва инчунин дар оянда аз муоинаи тиббии давравӣ гузаранд.
2. Мутобиқи моддаи 146 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз муоинаи тиббӣ саркашӣ кардани корманд ё тавсияҳои дар натиҷаи муоинаи тиббӣ додашударо риоя накардани ӯ, корфармо ҳақ дорад ӯро ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатиаш роҳ надиҳад.
3. Дафтарчаи шахсии тиббӣ ба муоинашавандагон танҳо аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақавӣ ё муассисаи тиббии махсусгардонидашудае, ки муоинаи тиббиро мегузаронанд, дода мешавад.
...