Фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2012, № 291 "Дар бораи тасдиқи Тартиби ба кормандон додани Дафтарчаҳои шахсии тиббӣ ва намунаи он"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 июли соли 2012

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 148 "а"

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи тасдиқи Тартиби ба кормандон додани Дафтарчаҳои шахсии тиббӣ ва намунаи он

аз 19 июни соли 2012 № 291 ш. Душанбе

Дар асоси моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемологии аҳолӣ" ва моддаи 146 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ФАРМОИШ     МЕДИҲАМ:

1. Тартиби ба кормандон додани Дафтарчаҳои шахсии тиббӣ ва намунаи он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2 ).

2. Фармоиши мазкур ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

3. Фармоиши мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Фармоиши Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2005, №403 "Дар бораи тасдиқи дафтарчаи шахсии тиббӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

5. Назорати иҷроиши фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазири тандурустӣ - Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

Вазир                                            Н. Салимов

ЗДРАВООХРАНЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЯЖЕНИЕ

г. Душанбе, от 19 июня 2012 года, № 291

Об утверждении Порядка выдачи работникам Личных медицинских книжек и его образца

На основании статьи 31 Закона Республики Таджикистан "Об обеспечении санитарно-эпидемиологической безопасности населения" и статьи 146 Трудового кодекса Республики Таджикистан

Распоряжаюсь:

1. Утвердить Порядок выдачи работникам Личных медицинских книжек и его образца (приложение 1 и 2).

2. Настоящее распоряжение представить на государственную регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан.

3. Настоящее распоряжение ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

4. Признать утратившим силу распоряжение Главного государственного санитарного врача Республики Таджикистан от 21 июля 2005 года, №403 "Об утверждении личной медицинской книжки".

5. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на заместителя министра здравоохранения - Главного государственного санитарного врача Республики Таджикистан.

Министр                                    Н.Салимов

* Текст Порядка приводится на тадж. языке